ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ВА ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 152
![]()
Имрӯз, 5 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз як қатор иншооти иҷтимоиву таълимӣ боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва оғози корҳои сохтмонии бинои нави таълимӣ иштирок намуданд.
Нахуст, раиси вилоят дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50, воқеъ дар деҳаи Барзгарон, деҳоти Ифтихор, майдончаи нави варзиширо мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо саҳми аҳолии маҳал ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Каримзода Баҳриддин ба маблағи 340 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 855 метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Майдончаи варзишӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии варзишӣ, аз ҷумла сабзаи сунъӣ муҷаҳҳаз буда, имконият фароҳам меорад, ки дар як вақт 12 нафар наврасону ҷавонон ба машқу тамрин фаро гирифта шаванд.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо омӯзгорон, хонандагон ва сокинони маҳал таъкид намуданд, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонии насли наврас аҳамияти муҳим дорад.
Дар идомаи сафари корӣ Давлаталӣ Саид ба оғози корҳои сохтмонии бинои иловагии дуошёна дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ҳусни оғоз бахшиданд.
Тибқи лоиҳа, бинои иловагии таълимӣ аз ду ошёна ва 8 синфхона иборат буда, барои 384 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Сохтмони иншоот аз ҳисоби саҳми сокинони маҳаллӣ амалӣ гардида, хароҷоти умумии он 1,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 15 нафар мутахассисони соҳаи сохтмон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Масъулин иттилоъ доданд, ки тибқи нақша иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 2026, мавриди истифода қарор дода мешавад.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо сокинон ва масъулон иқдоми аҳолии маҳаллиро дар самти бунёди иншооти иҷтимоӣ намунаи хуби ҳамкории давлату ҷомеа арзёбӣ намуда, барои бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...