Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НЕЪМАТ ҚАРАБОЕВ - АВВАЛИ ТОҶИК ҚАҲРАМОНИ ИТТИФОҚИ ШУРАВӢ


НЕЪМАТ ҚАРАБОЕВ - АВВАЛИ ТОҶИК ҚАҲРАМОНИ ИТТИФОҚИ ШУРАВӢ




Дар  саҳифаҳои  пурифтихори  таърихи  халқи  тоҷик номҳое  ҳастанд,  ки  бо  ҳарфҳои заррин  сабт  гардидаанд.  Яке аз  чунин  чеҳраҳои  барҷаста Неъмат  Қарабоев  мебошад, ки  бо  шуҷоату  далерии  худ  на танҳо  номи  худро  ҷовидон  гардонд,  балки  шарафи  миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурд.

Неъмат  Қарабоев  соли  1916  дар деҳаи  Қуйиқозиёп  (ҳозира  ҳудуди шаҳри Конибодом) ба дунё омадааст. 

Ӯ дар оилаи одӣ ба камол расида, пас аз хатми мактаби миёнаи нопурра ва гузаштани курсҳои ҳисобдорӣ дар колхоз фаъолият мекард. Бо вуҷуди зиндагии одӣ, дар қалби ӯ ҳисси балан-ди  ватандӯстӣ  ва  масъулиятшиносӣ нуҳуфта буд.

Соли 1939 ба сафи Артиши Сурх даъват  шуда,  дар  муҳорибаҳои Ҷанги шӯравӣ-финландӣ иштирок намуд.  Маҳз  дар  ҳамин  ҷанг  Қарабоев ҷасорату  мардонагии  бесобиқа  нишон  дод.  Ҳангоми  иҷрои  вазифаи алоқачӣ, ӯ бо вуҷуди хатарҳои ҷиддӣ, алоқаи  байни  қисмҳои  ҳарбиро барқарор намуда, панҷ сарбози душманро,  ки  мехос-танд  ӯро  асир  ги-ранд,  нобуд  кард.  Ин  амал  далели равшани ҷасорати ӯ буд.

Барои  чунин  корнамоиҳои барҷаста,  бо  фармони  Президиуми Шурои Олии СССР аз 21 марти соли 1940  ба  ӯ  унвони  Олӣ  -  Қаҳрамони Иттиҳоди  Шуравӣ  дода  шуд.  Бо  ин, ӯ аввалин намояндаи миллати тоҷик гардид,  ки  ба  чунин  унвони  баланд мушарраф шуд.

Пас  аз  анҷоми  ҷанг,  Қарабоев таҳсилро  дар  омӯзишгоҳи  ҳарбии шаҳри  Сухуми  идома  дод.  Аммо оғози  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  ӯро  дубора  ба  майдони  набард  бурд.  Ӯ  аз рӯзҳои  аввали  ҷанг  дар  фронт  иштирок  намуда,  мардонавор  ҷангида, ҳатто  пас  аз  захмӣ  шудан  ҳам  сафи ҳамяроқонашро тарк накард.

Моҳи  январи  соли  1943  ҳангоми убури  дарёи  Дон,  Қарабоев қаҳрамонона  ҳалок  гардид.  Марги  ӯ талафоти  бузург  барои  ҳамсафонаш ва  миллати  тоҷик  буд,  аммо  номи  ӯ ҳамчун  рамзи  шуҷоат  ва  садоқат  ба Ватан абадан зинда монд.

Имрӯз  ёди  ин  қаҳрамони  тоҷик дар  қалби  мардум  боқӣ  мондааст. Дар  зодгоҳаш  шаҳри  Конибодом муҷассамаи  ӯ  қомат  афрохтааст. Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе кӯчае ба номи ӯ гузошта шудааст. Ин ҳама нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги ӯст.

Муҷассамаи Неъмат Қарабоев, ки ба ифтихори 70-солагии Ғалаба дар саҳни мактаби №16-и зодгоҳаш бунёд гардид, на танҳо як ёдгории таърихист, балки мактаби тарбияи ватандӯстӣ барои наслҳои ҷавон мебошад. Зеро ҳар як ҷавон, ки ба ин муҷассама менигарад, аз худ мепурсад: “Оё ман ҳам метавонам чунин хизмате ба Ватан анҷом диҳам?”

Қиссаи зиндагии Неъмат Қарабоев намунаи  равшани  он  аст,  ки  инсон новобаста  аз  ҷойгоҳ  ва  имкониятҳои худ  метавонад  бо  иродаи  қавӣ  ва муҳаббат  ба  Ватан  ба  қуллаҳои  баланд  расад.  Ӯ  бо  амали  худ  исбот кард, ки шуҷоат садоқат ва мардонагӣ арзишҳоеанд,  ки  миллатҳоро  зинда медоранд.

Аз ин рӯ, гиромидошти хотираи чунин фарзандони фарзонаи миллат на танҳо вазифа, балки қарзи виҷдонии ҳар яки мост. 

Абдулло РИОЕВ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода