Дар як сатр
» » Аввал бур биёр, баъд дарс мехони!

Аввал бур биёр, баъд дарс мехони!

24-02-2015, 13:14

Аввал бур биёр, баъд дарс мехони!


- чунин аст таъкиди бархе аз омӯзгорони макотиби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба толибилмон, ки бо умеди тадрис по ба остонаи мактаб мегузоранд.

Имрӯзҳо дар мактабҳои миёна шикояти нарасидани бур аз забонӣ омӯзгорон зиёд ба гушҳо мерасад, ки гуё боиси дуруст иҷро нашудани барномаи таълимиашон гаштааст. Биноан, муаллимон ба шогирдони худ супориш медиҳанд, ки барои дарс гузаштан бояд аввал буро таъмин намоянд, то онҳо дар тахтаи синфи дарсро навишта, таҳлил кунанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ҳатто бур чизи дар назари аввал камарзиш, аммо муҳим онро бояд хонандагон таъмин намоянд?

Магар ин масъала марбут ба мудирияти дабистон нест, ки омӯзгоронро бо ашёи хониш таъмин намоянд ва шароити мусоидро барои таҳсили бо сифати толибилмон муҳайё созанд? Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои ба дасти мо расида, аз буҷаи давлат барои хариди маводи канселяри, аз ҷумла қоғазу бур ба мактабҳои миёна дар як моҳ 500 сомони маблағ ҷудо мегардад. Агар чунинаст, чаро боз аз мактаббачагон бур талаб мекунанд? Ки бояд донад, ки ин пулҳои ҷудошуда дар куҷо ва барои кадом коре сарф мешавад? Магар 500 сомони барои таъмини мактаб бо бури тахтаи синфи дар як моҳ кифоят намекунад?

Масъалаи дигаре, ки қобили таваҷҷуҳ аст, беодобиҳои баъзе наврасону ҷавонон ва набудани интизоми қави дар мактабҳо мебошад. Баъзе волидон ин ҳолро дида, намехоҳанд, ки духтарони худро ба мактаб гусел кунанд. Омӯзгорон низ бояд нисбати шогирдони худ мисли хоҳару додар, ё фарзанди худ муносибат кунанд. Бузургсолон мегӯянд, ки дар давраҳои пеш нисбати касби омӯзгори ва шахсияти омӯзгор, яъне нафаре, ки масъулияти омӯзиш ва тарбияи насли наврасу ҷавонро ба уҳда дошт, эҳтироми хосае доштанд. Аммо имрӯз ин қадру манзалат, эҳтироми омӯзгор дар ҷомеа то ҷое коста шудааст.

Падари яке аз мухассилони мактаб дар суҳбате чунин ибрози ақида намуд: «Имруза ҷавонон бо омӯзгорон ҳам чун рафиқ муносибат мекунанд, ҳатто аз устододоне, ки дарсаш медиҳанд, беибо носу сигор мегиранду дар назди омӯзгорон мекашанд. Мо агар дар роҳ, дар куча устодамонро медидем, худро пинҳон мекардем, ки устод набинадамон. Аммо ҳоло, мутаассифона, чунин нест».

Соҳибназарон дар шарҳи сабабҳои коиҳши қадру манзалати устод мисолҳои зиёде меоранд. Яке аз чунин сабабҳо муоширату муносибати дурушти баъзе омӯзгорон унвон мешавад. Задану куфтани ҳонанда усули беҳтарини тарбия нест, аммо ҳанузҳам чунин мисолҳо дар мактабҳои деҳотҷой ба мушоҳида мерасад, ки ин боиси коҳиши меҳру муҳаббати хонанда ба дарсу мактаб мешавад. Мисоли равшани ин ҳолро дар мактаби рақами №32-и ноҳияи А. Ҷомӣ вохурдем. Устоди варзиши ин мактаб С…, ки омӯзгори ҷавон аст, бо шогирдонаш дар вақти дарс муомилаи дурушт карда, гапҳои қабеҳ мегуфт. Ин замон аз наздаш ҷавондухтарони деҳоти гузашта, ба кор рафта истода буданд, ки ин муомилаи муаллимро дида, ба суяш «хайфи ту, ки номи бошарафи омӯзгор родори!» гуфтанд. Аммо ҳеҷ интиқоде ба омӯзгори мазкур асар накарду вай хонандагонро дар ҳоли аз уҳдаи машқ набаромадан, бо химчаи тар дар шонаҳо ва зонуҳояшон мезанад.

Аҷабо, оё волидон аз чунин муносибати муаллим бо фарзандонашон хабар надошта бошанд?

Комрони БАХТИЁР
Рӯзномаи «Хатлон», №46 Шанбе, 5-уми декабри соли 2013



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қубодиён: Ҳоли ягона гимназияи хусусӣ табоҳ мешавад?

Қубодиён: Ҳоли ягона гимназияи хусусӣ табоҳ мешавад?

Хабарҳо, Маориф ва илм, Таҳқиқи журналистӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА