Деҳқонро ба бозор роҳ диҳанд, нархҳо арзон мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 199
Ҳанӯз ҳазор сол қабл аз ин мардуми бофарҳанг эътироф мекард, ки табақаи кишоварз барои ҷомеа хизмати аз ҳама воло мекунад. Эшон офарандагони нӯшу неъмати зиндагианд. Сарсабзии дунё ва шоду хуррам зистани аҳли башар аз меҳнати беминнату пуршарафи марди деҳқон барҷост.
Агар барои онҳо шароити зарурии кор ва меҳнат чун мамолики пешрафта муҳайё бошад, бо арзон гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ рӯзгори ҳамватанонро ободу зиндагиашонро сурурбор менамоянд.
Дар Амрико барин давлати бузург ва аҳолиаш низ хеле зиёд ҳамагӣ 4%-и мардум машғули пешаи кишоварзианд. Ва онҳо ба қадре маҳсулот истеҳсол менамоянд, ки ба ҷуз таъмини талаботи давлати абарқудрат ба мамолики қафомонда аз тариқи ёрии башардӯстона миллионҳо тонна маҳсулоти ғизоӣ кӯмак мерасонанд.
Яъне, имконоти соҳаи кишоварзиро имрӯз мувофиқ ба рушди илми соҳа ва дастовардҳои таҷрибаи ҷаҳони муосир ташкил кардан даст бидиҳад, дар Тоҷикистон масъалаи таъмини аҳолӣ ба маводи озуқа, меваю сабзавот ва истеҳсолот ба рустаниҳои техникӣ ба ҳеҷ ваҷҳ проблема намешавад. Заминҳои ҳосилхези кишвар натанҳо қобилияти шаҳрвандони мамлакатро пурра хӯронидану пӯшонидан доранд, ҳамзамон самарабахш ташкил кардани соҳаи кишоварзӣ даст медиҳад, ки 60-70 фисади тавлидоти ҷабҳаро тариқи содирот пешкаши талабгорони хориҷӣ ва хазинаи давлатро бо асъор ғанӣ намуд.
Мавҷудияти мушкилоти аз андоза зиёд чи дар боби иҷрои амалҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани самаранокии кори соҳа дар ҳар сари қадам кори деҳқононро душвор ва эшонро ҳамвора нисбати ин пешаи пуршараф дилхунук месозад. Иллат ҳамин аст, ки дар кишвари табиаташ муъҷизаосо зиёда аз 90 фисади ҷавонон имрӯз ҳаёташонро ба амали кишоварзӣ рабт намедиҳанд.
Онҳо азобҳои алими аз мардикорӣ ба сарашон сарозер доштаи Русияро аз кор дар муҳити озоди заминҳои бобоияшон авлотар медонанд. Фазои сермушкилоти нобасомони кори соҳаи кишоварзӣ ҳамин тавр мусоидат ба он намудааст, ки дар деҳот амали деҳқонӣ ба дӯши мӯйсафедон ва занони деҳот афтодан дорад. Ин, бешак, барои рушди ҷабҳаи ҳаётан муҳим танҳо таъсири манфӣ мерасонад. Пир гардидани неруи асосии истеҳсолӣ проблемаи марказии нигаронкунанда ба шумор рафта, боло бардоштани меъёрҳои андозбандӣ дар шароиту муҳити кунунии кишвар фишанги иловагие гаштааст, ки қомати кишоварзонро хамтар менамояд.
Соҳибкори муваффақи муъминободӣ бобои Икром Исломов дар ин хусус чунин андеша доранд:
-Ҳоло аксарияти деҳқонон хоҷагиҳои инфиродӣ кардаанд. Ман низ дар қатори онҳо қариб як даҳсола боз машғули соҳибкориам. Боғе бунёд намудаам, ки маҳсулоташро беталаф ҷамъ биорему сари вақт пешкаши харидорон гардонида тавонем, зиндагиамон бе каму кост пеш меравад. Вале дар ин ҷода камбудиҳо хеле зиёданд. Аввалан барои хоҷагидорони хурд техникаи арзишаш арзону якбора чанд намуди корро сару бар карда метавонистагӣ намерасад.
Масалан, дар давлатҳои пешрафта мисли мо барин соҳибкорони камзамину тангдаст техникаҳое доранд, ки ҳам шудгор, кишту кор ва ҳам хӯроки чорво ҷамъ меоваранд. Барои мо, деҳқонон имрӯз ҳамин зайл техникаи «универсал» ва дар навбати худ арзон даркор мебошад. Зеро хоҷагии хурдакак барои харидани тракторҳои 20 ҳазордоллара ва комбайнҳои азимҷуссаи арзишашон дар осмон ҳеҷ гоҳ имконият пайдо карда наметавонанд. Аз ин рӯ, ман боғи 1,5 гектараи биҳиштосоямро бо қувваи даст обод намудам. Дар кишти зироатҳои ғаллагӣ, картошкаю пиёз ва захира намудани хӯроки чорво низ ҳамин гуна азобро таҳаммул дорем. Ҳоли хоҷагиҳои 5-6 гектардошта аз мо дида дучанд вазнинтар аст. Бе ҳалли ин масъала кори кишоварзоне, ки тариқи соҳибкорӣ фаъолият доранд ,табъи дил пешрафт карда наметавонанд. Як сабаби аз кори деҳқонӣ гурехтани ҷавонон дар ҳамин мебошад. Болои ин заҳмати сангин монеаҳое ҳастанд, ки деҳқонро дар ҳар қадам пешпо медиҳанд.
Охир истеҳсоли маҳсулот як тарафи кор бошад, ба истеъмолкунандагон беталаф расонидану аз он баҳра бардоштан аз ҳама муҳим аст. Муъминободи мо ва ба мисли мо дигар навоҳии кӯҳистон, ки ҳама меваю картошка истеҳсол мекунанд, дар бозорҳои маъвои зист имконоти ҳамаи маҳсулотамонро ҳаллу дал кунондан нест. Маҷбур мешавем, ба бозорҳои минтақа, маркази вилоят ва ё ҷумҳурӣ муроҷиат намоем. Мутаассифона, тамоми бозори шаҳрҳои калонро ҷаллобон аз худ намудаанд. Ва дар онҳо барои деҳқон ҷой нест.
Солҳо боз дар ҷумҳурӣ аз гаронии нарху наво дар бозорҳо мардум талаби он менамоянд, ки дар тамоми марказҳои савдо барои деҳқонони истеҳсолкунанда растаҳои молфурӯшӣ ё худ гӯшаи деҳқон созмон дода шавад.
Роҳандозии ин амал аз ҷониби роҳбарияти давлат борҳо ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳру навоҳӣ супоришҳо дода шуд. «Сер чӣ парвои гурусна дорад», гуфтагӣ барин дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ масъуле пайдо нашуд, ки ба ҳалли ин масъала мусоидат кунад. Ба мушкилот ҳамарӯза рӯбарӯям.
Ҳар сол баъди анҷоми корҳои саҳроӣ маҳсулоти ғундоштаамонро аксар вақт тариқи бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб пешкаши шаҳриён мегардонем. Аммо то имрӯз сарварони бозор барои моро дар ягон гӯшае ҷой кардан фикр ҳам надоранд.
Ҳол он ки нархи маҳсулоти ба харидорон пешниҳод мекардагии мо нисбати бозорнишинони доимӣ якуним- ду баробар арзонтар аст. Аз тирамоҳи соли гузашта то имрӯз дар шаҳри Кӯлоб нархи чормағз 5 сомон мебошад. Мо ҳамагӣ ҳар кило чормағзро 3 сомонӣ мефурӯшем. Пиёзро ба ҷойи ду як ва якуним сомонӣ фурӯхтем. Себро низ дар сурате, ки ҷаллобҳо 4-6 сомонӣ мефурӯхтанд, мо ба арзиши 1,5-2 сомонӣ пешкаши харидорон менамудем. Ҳоло низ робитаамонро ба бозор бо пешниҳод кардани меваи хушк, ки ҳамчунин нисбати нархҳои маъмулии бозор қимматашонро 50-60 фисад паст намудаем, идома медиҳем. Вале ҳамоно мушкилот ҳамон аст.
Аз ночорӣ дар роҳраву атрофи мағозаҳои нав ҷой гирифта, борамонро ба савдо мебарорем, ки чанд танзимгари тартибот ба истинтоқамон сар мекунанд. Ночор роҳу пайроҳаҳои холии дигарро банд месозем.
Садҳо нафар деҳқонон чанд сол боз дар шаҳри Кӯлоб ҳамин гуна ҳолу аҳвол доранд. Онҳо маҳсулоти бо сад заҳмат рӯёнидаашонро ба шаҳри Кӯлоб меоранду бо ҷурми набудани «деҳқонбозор» аз ночорӣ дар нуқоти ғайри санитарӣ – тавақуфгоҳҳои мошинҳо, пиёдароҳҳо, атрофу акнофи бозорҳо хирман гирифта, молашонро арзону гирон пешкаши ҷаллобҳое месозанд, ки маҳз бо айби онҳо нарху наво дар бозор дандоншикан боқӣ мемонад.
Мушкилоти ба сари бобои Икром Исломов омада имрӯз кулли кишоварзони ҷумҳуриро таъзиқу фишор медиҳад. Агар роҳбарон ва мутасаддиёни соҳа барои деҳқон шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам биоранд, боварист, ки деҳотиёни меҳнатқарини кишвар қодиранд садҳо проблемаҳои доғи имрӯзаро василаи заҳмати бунёдкоронаашон ҳал намоянд.
Бахусус фаровон сохтани нӯшу неъмат ва мувофиқ ба кисаи аҳолӣ арзон гардонидани нарху навои бозорро. Барои ин дар сухан нею дар амал рӯ ба деҳқон ва ҳалли воқеии проблемаҳои он гардонидан лозим аст.
Ғайбулло ҲАЛИМОВ, 9 майи соли 2013. №19 (2912)