Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Б. Назарзода: “49 фоизи молиячиёни вилоятро ҷавонони кордону забондон ташкил медиҳанд”


Б. Назарзода: “49 фоизи молиячиёни вилоятро ҷавонони кордону забондон ташкил медиҳанд”




Мусоҳибаи ихтисосии рӯзномаи “Хатлон” бо сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
- Нақши молия ва молиячиёнро дар рушди вилояти Хатлон дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? 
- Истиқлоли давлатӣ ба пешрафти соҳаи молияи мамлакат ва вилояти Хатлон мусоидати комил намуд, рушди иқтисодиву иҷтимоии Ватанамонро таъмин сохт. Бо ба даст овардани Истиқлолияти сиёсӣ мо соҳиби Истиқлолияти молиявӣ  низ гардидем.

Раванди рушди иқтисодиёт ва эҳёи соҳаи молияи мамлакатро баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вусъат бахшид. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ Сардори давлат интихоб гардидани фарзанди фарзона ва баруманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи муносибатҳои бозорӣ заминаи зарурии ҳуқуқиро гузошт.

Роҳбари тозаинтихоби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри амалӣ  намудани қарорҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва орзуҳои ҳазорсолаи мардуми ранҷкашидаи Тоҷикистон камари ҳиммат баст, ба қувваҳои зеҳнӣ ва ақли солим такя кард. Батадриҷ инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ таъмин гардида, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргаштани муҳоҷирон ва гурезаҳо ин равандро суръати дилхоҳ бахшид.

Ислоҳоти сохтори иқтисодиёт бо ташаббус ва талошҳои роҳбарияти олии кишвар, махсусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, амалӣ   шуда истодааст, ки ин ба пурқувват гардидани Истиқлолияти иқтисодӣ  ва сиёсии давлат мусоидат менамояд. Дар ин давра барои таҳкими сиёсати молиявӣ ва иқтисодиёти мамлакат як қатор қонунҳои ҳаётан муҳим қабул карда шуданд.

Соҳаи молияи Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ пешрав гардида, ҳаҷми буҷети давлатӣ дар ин солҳо бамаротиб зиёд гардид. Агар дар соли 1996  (аз соли ташкилёбии хазинадорӣ) буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 миллион сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2014 ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ ба 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ баробар гардид, ё ин ки 232 маротиба афзоиш ёфт. 
 
- Дар баробари сол то сол афзудани буҷети давлатӣ шароиту имконият даст дод, ки ба беҳтар намудани шароити кории молиячиён таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад...
- Бале. Аввал ин, ки соҳаи молияи Тоҷикистон бо шарофати ба даст овардани Истиқлол мустақил гардид. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молия” ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин замина ба шароити кории молиячиён ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонидани он як силсила корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Аз ҷумла дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят ва минтақаи Кӯлоб биноҳои хуштарҳу зебои Раёсатҳои молия қомат афрохта, имрӯз молиячиёни вилоят содиқона ва бо эҳсоси масъулияти баланд дар хидмати ҷомеа қарор доранд. Дар ҳамаи 25 шаҳру ноҳияи вилоят хизматрасонӣ дар сатҳи талаботи замон ба роҳ монда шуда, мақомотҳои молия бо воситаҳои пешрафтатарини техникӣ ва алоқаи муосир таъмин гардиданд.

Дар ин солҳо ҳайати сифатии кормандони молия ба таври мусбат тағйир ёфта, имрӯз 49 фоизи молиячиёни вилоятро ҷавонони кордону забондон ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, дар назди Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо маркази такмили ихтисоси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон намояндагии минтақавии   маркази такмили ихтисос дар минтақаи Бохтар ба фаъолият шурӯъ намуд. Ин марказ фаъолияти доимӣ дошта, оид ба навигариҳои соҳаи молия, барномаҳои нави соҳаи молия бо молиячиёни вилоят ва муҳосибони ташкилоту муассисаҳо омӯзиш гузаронида, шунавандагони гурӯҳҳоро бо сертификат таъмин месозад.

   Дар доираи дастгирии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар назди Сарраёсати молияи вилоят китобхонаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки хазинаи он зиёда аз 4 ҳазор нусха адабиёти соҳавӣ ва илмию бадеиро дар бар мегирад.

Корҳои ободонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, се соли охир дар даври вилоятии озмуни “Сайри гули лола” Сарраёсати молияи вилояти Хатлон миёни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ дар мақоми аввали ифтихорӣ қарор мегирад.
 
- Мегуфтед, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои буҷетӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз кадом рақам ба кадом сатҳ расидааст?
- Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта маблағгузорӣ ба соҳаҳо ночиз буд, аммо зина ба зина маблағгузорӣ афзуда, ба пешрафти соҳаҳо мусоидати комил намуд. Ҳоло мехоҳам барои таҳлил маблағгузории соҳаҳои маориф ва тандурустиро танҳо дар 10 соли охир ба таври мушаххас пеши назар биёрам. Соли 2011 ба соҳаи маорифи вилоят 285,8 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда бошад, ин рақам соли 2021 ба 1 миллиарду 242 миллион сомонӣ баробар шуд, ки 4,3 баробар зиёд мебошад.

Маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустии вилояти Хатлон низ 4,6 баробар зиёд шуда, аз 118,7 миллион сомонии соли 2011 ба 549,5 миллион сомонӣ дар соли 2021 расидааст.    
 
- Таманниёти Шумо ба халқи шарифи Тоҷикистон... 
- Таманнои онро дорам, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, дар Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ доимо пойдор бошад, ҳадафҳои милливу стратегии кишварамон татбиқ гардида, иқтисоду молияи мамлакатамон пеш равад. Заминаҳои устувор барои ҳифзи ичтимоии сокинони кишвар ба вуҷуд оянд ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо ифтихору самимият дар Ватани соҳибистиқлоламон ҳарфи шукрона ба лаб оранд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода