Дар бораи конститутсияҳои ҷаҳон чиро медонед?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 ноябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 42
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии худро таҷлил мекунад. Ба ин муносибат рӯзномаи «Хатлон» маълумоти ҷолибро дар бораи конститутсияҳои ҷаҳон гирд овардааст, ки онро пешниҳоди Шумо менамоем.
Мафҳуми “Конститутсия” дар раванди инқилобҳои буржуазӣ пайдо шудааст. Нахустин Конститутсияи буржуазӣ - Конститутсияи Амрико соли 1787 ва Фаронса соли 1791 ба шумор меравад.
Дар ҷаҳон раванди қабули сартосарии Конститутсия аввали асри ХХ ба шумор меравад. Ба ин раванд барҳамхӯрии системаи колониалӣ дар Осиё ва Африқо мебошад. Дар солҳои баъдиҷангӣ дар қисмати зиёди давлатҳои ҷаҳон Конститутсияҳои нав қабул гардида, ё ба онҳо тағйироти куллӣ ворид карда шуд.
Дар асри XXI дар 57 давлати ҷаҳон Конститутсияҳои нав қабул гардидааст. Дар ҳамин баробар, дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла дар Конго, Сербия ва Черногория ду маротибагӣ ва дар Қирғизистон бошад, се маротиба қонуни асосиро қабул намудаанд.
Дар асри XXI давлатҳо 785 маротиба ба конститутсияҳояшон тағйироту иловаҳо ворид намудаанд.
Аз 95 лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни асосӣ 86 лоиҳа бо муваффақият амалӣ гардиданд.
Дар 9 давлати дигар лоиҳаҳои мазкур бо зиддиятҳои дохилии сиёсатмадорон ва гурӯҳҳо рӯ ба рӯ гардид. Дарозумртарин Конститутсияи қабулшуда дар ҷаҳон Конститутсияи ИМА мебошад, ки 17 сентябри соли 1787 қабул шудааст. Он хурдтарин қонуни асосӣ буда, аз 4500 калима иборат аст ва ба он ворид намудани тағйироту иловаҳо ғайриимкон аст.
Канада, Шветсия, Британияи Кабир, Ливия, Исроил ва Сан-Марино Конститутсия надоранд. Аммо дар ин давлатҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқие мавҷуданд, ки ҳамвазни он ба шумор рафта, фаъолияти сохторҳои гуногуни давлатро вобаста ба махсусиятҳои фарҳангӣ идора менамояд.
Дар 20-30 соли охир қонунҳои асосии Мекиска, Зеландияи Нав, Бразилия, Шветсария, Австрия, Исроил, Чили, Колумбия, Гурҷистон ва Ҳиндустон назар ба дигарони давлатҳо бештар тағйирот ворид карда шудааст.
Конститутсияҳои Норвегия ва Голландия қадимтарин ба шумор мераванд, ки соли 1814 қабул шудаанд. Ба қонуни асосии Норвегия беш аз 200 маротиба ва ба Конститутсияи Голландия бошад, 24 маротиба тағйирот ворид карда шудааст.
Қисмати зиёди конститутсияҳои ҷаҳон солҳои 90-уми асри гузашта қабул ва вобаста ба талаботи замон ба он тағйирот ворид карда шудаанд. Аз ҷумла, дар Шветсария (1999) -10 маротиба, Белгия (1994) -12 маротиба, Ҷумҳурии федеролии Олмон (1990) аз 146 модда ба 100 модда тағйирот ворид карда шудааст. Конститутсияи Венгрия, ки аз соли 2011 инҷониб амал мекунад, аллакай 6 маротиба дар умум ба 61 модда тағйирот ворид карда шудааст.
То ҳол Британияи Кабир Конститутсия надорад. Вале ҳуқуқи фуқарои ин давлати шоҳигарӣ бо баъзе санадҳои меъёрию ҳуқуқии қадима ва дигар санадҳо танзим карда мешавад. Дар раванди муҳокимаҳои судӣ ҳуқуқшиносон ба таърихи ҳуқуқшиносии англисҳо дар гузашта рӯ меоранд, ки ин ё он масъала чӣ гуна ҳаллу баррасӣ мешуд.
Конститутсияи кунунии Олмон пас аз ғалаба бар фашизм таҳия ва қабул гардидааст. Сиёсати онвақтаи зиддинатсистӣ ба сиёсат фаъолона ворид гардиданд, ки дар қабули ин ҳуҷҷат фаъолона иштирок менамуданд. Метавон гуфт, ки Конститутсияи Олмон яке конститутсияҳои гуманистии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар аввал ин санад ҳамчун қонуни асосии Германияи ғарбӣ ба ҳисоб мерафт, аммо пас аз якҷоя шудани давлат он ба ҳарду ҷониб қувваи қонунӣ пайдо кард.
Конститутсияи дигаре, ки пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон қабул гардидааст, аз Ҷопон мебошад. Он ҷангро маҳкум намуда, ҳамчун василаи нигоҳдорӣ ва ҷорӣ намудани си-ёсат рад мекунад. Конститутсияи ин давлат пас аз шикаст хӯрдани Ҷопон дар ҷанг соли 1947 қабул шудааст ва ин меъёр низ ба ҳамин хотир аст. Ба қонуни асосии Ҷопон аз рӯзи қабул то ҳол боре ҳам тағйиру иловаҳо ворид карда нашудааст.
Калонтарин ва душворфаҳмтарин Конститутсия аз Ҳиндустон ба ҳисоб меравад, ки он соли 1950 қабул шудааст. Дар он раванди ворид намудани тағйиру иловаҳо батаври сода оварда шудааст. Аз ин рӯ, дар он бештар иловаҳо ворид карда шудааст. Конститутсияи мазкур дар баробари бо забони душвор навишта шуданаш, боз барои аз қонунҳои асосии дигар кишвар “нусхабардорӣ шудан”, машҳур аст.
Ҳамчунин, дар Конститутсияи Ҳиндустон мураттабӣ дида намешавад, меъёрҳо вобаста ба як ҳодиса дар бобу бандҳои мухталиф ҷой дода шудаанд, аз ин рӯ, ёфтани як моддаи муайяни он душворӣ пеш меорад.
Ливия расман Қуръонро қонуни асосии худ эълон намудааст. Ин амал дар кишварҳои исломӣ меъёри муқаррарӣ ва стандартӣ ба шумор меравад. Ироқ, Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон низ мисли Ливия Қуръони Каримро Конститутсияи худ эълон кардаанд.
Дар Фаронса инқилобҳо ба иваз намудани Конститутсияҳо оварда мерасонд. Дар давраи мавҷудият дар ин шумораи зиёди Конститутсия қабул гардида, чандтои дигар дар ҳамчун
лоиҳа боқӣ монданд. Қонуни асосии амалкунандаи ин кишвар соли 1958 қабул шудааст.
Демократитарин Конститутсия Конститутсияи Исландия мебошад. Онро 950 шаҳрванди давлат бо тариқи қуръакашӣ интихоб ва тартиб додаанд.
Конститутсияи Русия яке аз ҷавонтарин ба шумор меравад. Бинобар сабаби муқаррароти сахт дар бобҳои он иваз ва қабули Конститутсияи нав ғайриимкон аст. Раванди муҳокима ва қабули он 3,5 сол идома ёфтааст. Дар калимаҳои ғайрирусии “парламент” ё “сенат” мушоҳида намешавад.
Тағйирот асосан бинобар сабаби ивазшудани номҳои баъзе аз воҳидҳои маъмурии Русия ворид карда шудаанд. Нусхаи Конститутсияи Русия соли 1999 ва 2005 ҳатто дар кайҳон фиристода шуда буд. Мувофиқи тадқиқотҳо 40% аҳолии Русия ягон маротиба Конститутсияи ин давлатро мутолиа накардаанд.
Болои лоиҳаи Конститутсияи Иттиҳоди Аврупо беҳтарин олимони Аврупо се сол кор кардаанд ва соли 2004 қабул карда шуд. Он бо 20 забон қабул гардида ва маъмултарину паҳншудатарин аз ҷиҳати ҷуғрофӣ қонуни асосӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Дар Конститутсияи ИМА ягон маротиба калима “демократия” истифода нашудааст. Ҳатто дар он аниқу дақиқ гуфта нашудааст, ки кӣ ҳуқуқи овоз доданро дорад.
Нахустин Конститутсияе дар давлатҳои пасошуравӣ қабул карда шуд, ин Конститутсияи Ӯзбекистон мебошад. Он соли 1992 қабул шуда, солҳои 2003, 2007, 2008, 2011, 2014, 2016 ва 2017 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Конститутсияи шаҳр - давлати Ватикан яке аз конститутсияҳои ғайримаъмулӣ ба ҳисоб меравад. Қонуни асосии Ватикан бо чунин ҷулма оғоз мешавад: “Бо ташаббуси худи мо, бо дар назардошти дониш ва истиқлоли пурраи ҳукмронӣ, мо фармон додаем ва фармон медиҳем, ки қонунҳои дар зер овардашудаи давлатро риоя намоед”.
Баъдан дар поён рӯйхати он қонун ва меъёрҳое оварда шу-дааст, ки риоя кардани он ҳатмист. Конститутсияи Ватикан аз 21 модда ибора аст, ки қисмати зиёди бо роҳбари Ватикан “Сарвари болоии колисои шаҳр-давлати Ватикан, ки ҳокимияти мустақил ва пурра ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва суд дар дасти ӯст” бахшид шудааст.
Ҳаҷми маоиши генерал-губернатори Австралия дар Конститутсияи Авст-ралия зикр шудааст, ки вай бояд дар як сол 10 ҳазор фунт гирад. Он бояд аз фоидаи фонди Иттиҳоди Британия пар-дохт карда шавад. Генерал-губернатори Австралия вазифадор нест, ки маошашро аз хазинаи Иттиҳоди Австралия гирад. Сабабаш дар он аст, Конститут-сияи ин давлат ҳанӯз соли 1900 қабул шудаву то имрӯз амалкунанда аст. Дар ин давра Австралия истиқлол ба даст наоварда буду мустамликаи Иттиҳоди Шоҳигарӣ буд. Австралиягиҳо танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ метавонанд ба қонуни асосиашон тағйирот ворид кунанд, аммо дар Конститутсияи асосии Австрадияи соҳибистиқлол возеҳу равшан ваколатҳои шоҳи англис навишта шудааст, ҳокимияти иҷроия дар Иттиҳоди Австралия ба шоҳ тааллуқ дорад. Яъне, имрӯз Шоҳи Британияи Кабир метавонад, генерал-губерна-тори Австралияи соҳибистиқлолро таъин ва озод кунад ва дар ҳолатҳои буҳронҳои конститутсионӣ ба корҳои дохили давлатӣ дахолат кунад.
Ҷавонтарин конститутсияҳои ҷаҳон аз давлатҳои Африқо мебошанд, ки аз 39 қонуни асосии давлатҳои Африқо 19-тои он баъди соли 2000 таҳия ва қабул гардидаанд.
Баъзе давлатҳо дар конститутсияҳояшон меъёрҳоеро дарҷ наму-даанд, ки онҳо ҳатто ба меъёри асосии давлат рабте надорад. Масалан, дар Конститутсияи Шветсария меъёрҳое ба монанди “дар бораи ботлоқзорҳо ва ба ботлоқзор табдил додани ҷойҳои махсусан зебои маҳаллӣ” ва “бозиҳои бурд-нок ва бозиҳои бурднок дар хонаҳо” мавҷуд мебошад.
Таҳияи ТОЛИБ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...