МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
Имрӯз, 4 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сонг Шик дидору мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд ёфта истодааст, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад.
Дар мулоқот роҳбарият доир ба зарфиятҳои вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, ба меҳмонон маълумот доданд.
Дар ҷараёни дидор масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, илму маориф, омӯзиши технологияи нав дар бахшҳои гуногун ва таъсиси марказҳои забономӯзию ҷалби сармоя, табодули таҷриба дар самти кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардид.
Зикр шуд, ки Хатлон яке аз калонтарин вилоят дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, беш аз 60 фисади маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди он истеҳсол мешавад. Сол аз сол бо ворид намудани таҷрибаи пешқадам ва технологияи муосир ин бахш рушд дорад. Хусусан, иқлими муносиб, обу хоки ҳосилхез ва заминҳои фарохи вилоят имконият медиҳад, ки дар як мавсим то ду ва зиёда ҳосил рӯёнид. Аз ҷумла пахтакорӣ ва истеҳсоли ин ашёи хом ва бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳоли афзоиш мебошад.
Зимни баррасии масоили робитаҳои дуҷониба дар ин бахш гуфта шуд, ки то имрӯз пахтакорони вилоят беш аз 253 ҳазор тонна паҳта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин омор дар ҳоли афзоиш мебошад.
Ҷонибҳо баҳри рушди ин бахш, ба роҳ мондани бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ворид намудани технологияи муосир гуфтугӯ карданд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сонг Шик робитаҳои ду ҷонибро саривақтӣ донист ва қайд кард, ки бо ин роҳ метавон ширкатҳои кореягиро баҳри ҳамкориҳои судманд дар ҳама бахшу соҳаҳо даъват сохт.
- Хатлон вилояти аграрӣ аст ва таҷрибаи пешқадами соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Корреяро метавон дар ин ҷо амалӣ сохт, чун ширкатҳои чинӣ, ки яке аз шарикони стратегии кишвари шумо мебошанд. Мо ин пешниҳодҳои шумор ба инобат мегирем ва баҳри амалишавии он чораҳои зарурӣ меандешем, - гуфт сафир.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...