Муҳаббат ба Ватан, садоқат ба Президент!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 458
Солҳои 1991-1992 Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги хонумонсӯзи таҳмилӣ печида буд ва касе ёфт намешуд, ки киштиро нохудоӣ намуда, аз об берун барорад. Ҳама ба таври худ сухан мегуфт, худро оқилу доно, далеру тавоно метарошид. Мардум чашм ба роҳи нафаре буд, ки аз ғарқшавӣ наҷоташон диҳад. Шабу рӯз дуо мекарданд, ки Тоҷикистон - Ватани азизамонро аз нестшавӣ ва аҳолиро аз парокандагӣ нигоҳ дорад...
Барои сарварӣ ва пешбурди ҳар қавму миллат ва давлату кишвар фарди бузурге аз миёни мардум баргузида мешавад. Бинобар ин, ба бахти мардуми мо вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии кишвар Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ӯ аз рӯзҳои аввали роҳбариаш ба мардум савганд ёд кард, “Ман ба шумо сулҳ меорам”. Ӯ ба аҳди худ вафо кард.
Барномаи асосии Роҳбари давлат барномаи ваҳдату ягонагӣ, навсозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва озодии баён буд, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу амонӣ ва оромишу осоиш ҳукмфармост. Ҳар фарди бедордилу солимфикр, агар шароити дирӯзи кишварро бо вазъи имрӯзӣ қиёс намояд, возеҳу равшан мебинад, ки ваҳдати комил, амнияти саросарӣ, пешрафтҳои иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон дар ҳар гӯшаву канори он ба назар мерасад. Маҳз ба хотири пойдорӣ, устуворӣ, бақо ва пешрафту тавсеаи Ватанамон бояд аз низом ва Пешвои миллат ҷонибдорӣ кунем.
Мувофиқи таълимоти дини мубини ислом итоат ба Худо ва паёмбару фармонравоён воҷиб мебошад. Худои бузург дар ояти 59 сураи “Нисо” мегӯяд: “Эй муъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва пайғамбару фармонравоён (ҳокимонро) аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед!”
Аз Абӯмусо ривоят аст, ки паёмбар фармудаанд: “мӯйсафедонро эҳтиром намудан, ҳофизони қуръони ботақво ва подшоҳи одилро эҳтиром намудан, аз ҷумлаи бузург доштани Худованд аст”.
Имоми Аъзам, ки пири мазҳаби ҳанифӣ ва яке аз бузургтарини фақеҳони олами ислом мебошад, итоат аз низомеро омили шукуфоии давлату миллат медонад: “Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигзор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар ҳузури ӯ дурӯғ нагӯ!”
Ояти саҳеҳи раббонӣ, аҳодиси саҳеҳи набавӣ ва гуфтори Эмоми Аъзам маҳз ба хотири он аст, ки мардум дар меҳани худ бо мусолиҳаву муоҳида ҳамзистии мусолиматомезро бо роҳ монанд ва рушду тавсеаи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саъю талош варзанд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем, ки мардуми худро аз нифоқу низоъ, табъиду зӯроварӣ, ифротгароиву даҳшатафканӣ, ки имрӯз дар зери ниқоби “исломи сиёсӣ” зуҳур кардааст, ҳифз намоем.
Зеро дини ислом як ҷузъи таркибии фарҳанги мардуми мусулмон, аз ҷумла тоҷикон буда, дар бисёр паҳлуҳои зиндагии суннатии мо нақши ҳалкунанда дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки мақсаду мароми асосии Пешвои миллат ба дараҷаи инсони комил расонидани ҳар як фарди ҷомеа аст, ки тавонад дунёи маънавӣ ва олами ҷисмониашро аз айбу нуқс, унсурҳои зишт пок намуда, ба туфайли қаноат, сабру таҳаммул, идроки маърифат, ғайрату риёзат, садоқату рафоқат, ҷисмониёту маънавиёташро ба ҳадди камол расонад.
Рӯи ҳамин асос Президенти кишвар мефармоянд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он: сулҳу оромӣ, суботи сиёсию ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари ҷомеа бошад.
Ҳамин гуна хизмати содиқона ба нафъи халқу ватанро Президенти мамлакат ба таври равшан ишора кардаанд: “Таъкид менамоям, ки танҳо саъю талоши содиқонаю софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик менамоянд”.
Тавре ки мебинем, ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ дар меҳвари Паёми Президенти кишвар қарор дорад. Зеро бидуни дӯст доштани Ватан, садоқат ба он ва фидокорӣ ба комёбӣ ва рушду тараққӣ ноил шудан имконнопазир аст.
Муҳаббат ба миллат ва кишвар аз аркони муҳими тавфиқи мо дар устувор кардани пояҳои истиқлол ба ҳисоб меравад. Ба ҳарфи дигар, танҳо хизмати софдилона ба миллат, эҳсоси волои миллӣ ва шаҳрвандӣ, масъулият дар назди халқу Ватан, якрӯӣ, ваҳдат ва дӯстӣ метавонад киштии муроди моро бидуни осеб ба манзил бирасонад.
Ҳамаи инро мо бояд аз амалкарди Пешвои маҳбубамон биомӯзем ва дар худ таҷассум намоем, мавқеамонро мушаххас нишон бидиҳем.
Воқеан, онҳое, ки аз ҳаводиси гузашта ибрат нагирифта, имрӯз ҳам аробаи холиро мекашанд, бо бадхоҳони кишвар ҳамкорию ҳамзабонӣ менамоянд дар сафи мо барои онҳо ҷой нест. Ҳамин гуна мо бояд хидмати содиқонаи Президенти мамлакатамонро ба нафъи халқу ватанамон дарк намоем. Албатта, ин гуна амалкарди мо-моро ба ҳадафҳои олиамон наздик менамоянд.
Мо бояд аз Сарвари худ биомӯзем, ватандӯсту ватанпараст бошем. Эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Пешвои миллат ватандӯстӣ ва рушдро дар маркази андешаи худ қарор дода, ин ду мафҳумро шиори кору фаъолияти ҳаррӯза қарор доданро аз мо тақозо намудааст, зеро бидуни ватандӯстӣ, садоқат ба меҳан мо наметавонем, ба рушду тараққӣ ноил шавем.
Пеш аз ҳама, бояд мо амалкарди хешро бо амалкарди Сарвари давлат мутобиқу ҳамоҳанг созем, вагарна, ҳамаи ин пучу бемаънӣ менамояд. Агар мо ҷонибдори асилу сарсупурда набошем, пас ин хонаи тинҷу осуда, лабханду шодии фарзандон, оромишу осоиш побарҷо намемонад. Душмани бадхоҳу бадкин ҳамаи инро ҳис мекунаду бо кадом роҳе, ки набошад, моро аз ин маҳрум сохтанӣ аст.
Бепарвоию тарсончакӣ, дурӯягию саҳлонгарӣ, кӯтоҳбинию сустиродагӣ, хислати бади инсон аст, ки одамизодро дар зиндагӣ бемавқею беобрӯ месозад. Ба зиндагӣ бо чашми некбину ақлу хирад бояд назар намуд. Дида истодаем, ки дар атрофамон чӣ гуна вазъият ба амал омада истодааст.
Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлоли миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.
Мо давлати соҳибистиқлол ва Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем. Дар тӯли 32 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азиме ноил гардидем, хонаю зиндагиамон обод шуд. Мо, кулли мардуми Тоҷикистон, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем, Ватани азизамон.- Тоҷикистонро дӯст дорем.
Дар тӯли 32 сол халқамон ба шарофати меҳнати бунёдкорона дар ҷодаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои пурҳашамат ноил гардид. Давлатамон рӯз то рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Ба шарофати сиёсати дурусту оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи соҳибистиқлоламон сохтмонҳои азими аср, аз он ҷумла неругоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, варзишгоҳҳо сохта ба истифода дода шудаанд, ки аз пешравии давлату миллат ва истиқлолият гувоҳӣ медиҳанд.
Мо бояд барои болоравии обрӯю нуфузи Тоҷикистони азиз аз фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хоҳем кард.
Ҳамдиёрони азиз! Худ қазоват кунед: Оё мешавад чунин Пешворо, ки барои расидан ба хизмати мардум аз ҳеҷ гуна мушкилот намеҳаросад, баъзан ҳатто ҷони худро ба хатар меандозад ва тамоми ҳаёти худро сарфи хизмат ба халқ кардааст, яъне намунаи олии мардиву садоқат ба савганди хеш мебошад, дӯст надорӣ, эҳтиромашро ба ҷо наоварӣ, ба хотири татбиқи сиёсаташ кӯшиш накунӣ, аз иҷрои дастурҳояш сарпечӣ намоӣ ва дар роҳи хидмат ба ӯ кӯтоҳӣ кунӣ?!
Иқболи баланди тоҷик буд, ки дар ҳамон лаҳзаҳои мураккаб халқ раҳнамои худро пайдо кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоест, ки ҳазорсолаҳо боз интизораш будем. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, сабру тамкин ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҷодаи ватансозию ватандорӣ ба якдигарбахшӣ ва устувории ваҳдати халқи тоҷик мусоидат намуд.
Аз ин таъкидҳои судманди Сарвари давлат дар ҳама ҷабҳаҳо ҳушёру зираку омода буданамон лозим аст ва ҳар амаламон бояд саршор аз муҳаббату арҷгузорӣ ба Ватану миллат бошад.
Хайруллои Ғиёсзода,
ноҳияи Дӯстӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...