СӮҲБАТИ САМИМИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО АҲЛИ ЗИЁИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Мулоқотҳои мунтазами раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо соҳибдилон, аҳли зиё, собиқадорони меҳнат ва пирони кор аз муҳимтарин шаклҳои пешбурди робитаи давлат ва ҷомеа ба шумор меравад.
Ин гуна вохӯриҳо имконият медиҳанд, ки фикру назар, мушкилоту талабот ва ташаббусҳои созандаи зиёиён мустақим ба гӯши роҳбар расида, дар корҳои ободониву созандагӣ инъикос ёбанд.
Аҳамияти чунин мулоқотҳо, пеш аз ҳама, дар он аст, ки онҳо заминаи мустаҳками ҳамкории созанда, баландбардории худогоҳӣ ва таҳкими фарҳанги идоракунии маҳаллиро ба вуҷуд меоранд. Маҳз тавассути гуфтугӯи рӯ ба рӯ ва самимӣ давлат метавонад ба ниёзҳои воқеии ҷомеа наздиктар гардад ва қарорҳои муассиру натиҷабахш қабул намояд.
Ҳавасмандии раиси вилояти Хатлон ба чунин дидорҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарият нақши зиёиён ва афроди соҳибдилро дар пешбурди ҷомеа нек дарк мекунанд.
Муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳамеша таъкид менамоянд, ки фикри созандаи зиёӣ метавонад роҳҳои нав дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ боз намуда, сифати идоракуниро баланд бардорад.
Ин ҳавасмандӣ аз сиёсати боз, шунидани мардум, такмил додани қарорҳо ва таҳкими ҳамкории давлат бо табақаи рӯшанфикр сарчашма мегирад.
Иқдоми раиси вилоят барои наслҳои нисбатан ҷавони роҳбар ва хизматчиёни давлатӣ намунаи ибрату пайравӣ мебошад.
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...