ТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Санаи 24 ноябри соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии бошукӯҳ бо иштироки беш аз 20 ҳазор сокинону меҳмонон баргузор гардид. Иштирокчиён бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро парафшонӣ намуда, дар фазои идона қадамзанӣ карданд.
Барномаи тантанавии ҷашнӣ дар Қасри фарҳанги шаҳр идома ёфт. Дар қисмати расмии чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр баромад намуда, аҳамияти таърихӣ ва маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ягонагии миллати тоҷик, ҳувияти миллӣ ва соҳибистиқлолии кишварро таъкид кард. Зикр гардид, ки Парчам дар беш аз се даҳсолаи истиқлолият ба рамзи худшиносӣ, ваҳдат ва дастовардҳои давлатдорӣ табдил ёфтааст.
Дар идомаи чорабинӣ чанд тан варзишгарони маъруфи шаҳри Кӯлоб, ки дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун нуфузи кишварро боло ва парчами давлатиро баланд бардоштаанд аз ҷониби мақомот бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Қисмати фарҳангии барнома бо намоиши консертии идона ва иҷрои таронаҳои ватандӯстонаи ҳунармандони маъруфи кишвар идома ёфт. Рақсу оҳангҳои дилнишин ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати бештар бахшиданд ва фазои идонаи ҷашни миллиро пурранг намуданд.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00