Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЖДАИ ЗАФАР: ШАҲРИ КӮЛОБ НИЗ ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД


МУЖДАИ ЗАФАР: ШАҲРИ КӮЛОБ НИЗ ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД




Имрӯз, 25 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуд.

Раиси вилоят зимни суханронӣ дар ҶДММ "Тиллои сафед", воқеъ дар деҳаи Обшорон бо хоҷагидорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои истеҳсолии пахта изҳори сипосу миннадорӣ намуданд.

Кишоварзони ризқофарини шаҳри Кӯлоб бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ва софдилона заҳмат намуда, ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида истодаанд.

Ҳидоятҳои самимӣ ва доимии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ки идомаи пайгиронаи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат мебошад, ба ҷараёни корҳои саҳроӣ таккони ҷиддӣ расонида истодааст.

Кишоварзон ва аҳли заҳмати шаҳри Кӯлоб баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ, истифодаи қоидаҳои муосири агротехникӣ ва кишти тухмии хушсифату серҳосил кӯшиш намуданд.

Дар пахтазори шаҳр ҳосили фаровони пахта рӯёнида шуда, дурнамои истеҳсоли пахта дар ноҳия 6000 тонна муайян гардида, меҳнаткашони шаҳр ба санаи 25 ноябри соли 2025 - 6000 тонна тиллои сафедро ҷамъоварӣ намуданд, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то имрӯз 16 шаҳру ноҳия - Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Панҷ ва Кӯлоб пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.

То имрӯз ноҳияҳои Фархор – 66, Восеъ – 55 ва Ҳамадонӣ – 40 фоизи дурнамои пахтаро иҷро кардаанд.

Бояд зикр намуд, ки пахтакорони вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта рӯзи 5 ноябр мужда дода буданд.

Соли ҷорӣ кишоварзони Хатлон дар майдони 108 ҳазору 265 гектар пахта кишт намуда, то имрӯз беш аз 258 ҳазору 934 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 106 ҳазору 388 тонна зиёдтар мебошад.

Алишери Абдулмаҷид,
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода