ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ БО РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТАИ 4 ҲАЗОР НАФАР ДАР ШАҲРИ НОРАК
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Рӯзи 24 ноябри соли 2025, дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бошукӯҳ ва тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо роҳпаймоии осоиштаи зиёда аз 4 ҳазор нафар кормандони корхонаю муассисаҳои шаҳр, ҷавонон, варзишгарон, толибилмон, донишҷӯён, намояндагони мақомотҳо ва аҳли зиё оғоз ёфт. Иштирокчиён бо парафшонии Парчами давлатӣ, шиору овезаҳои идона ва рӯҳияи баланд кӯчаҳои марказии шаҳрро тай намуда, эҳтирому садоқати худро ба ин рамзи муқаддаси давлатдории миллӣ баён карданд.
Дар қисмати расмии ҳамоиш роҳбарияти шаҳри Норак ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳрро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ барои халқи тоҷик танҳо рамзи давлатӣ нест, балки нишони бақои давлат, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва мояи ифтихору номуси ҳар фарди Ватан мебошад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки 30 августи соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар баландтарин Парчами давлатӣ бо пояи 165-метра ифтитоҳ ёфт, ки ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст. Ин дастоварди муҳим нишон медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ рамзҳои давлатӣ ба рукни асосии худшиносию ифтихори миллӣ табдил ёфтаанд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш барномаи рангини консертӣ, сурудҳои ватандӯстона, рақсу навозиши ҳунармандон манзури ҳозирин гардид ва ба фазои ҷашн шукӯҳи тоза бахшид.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00