Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ



Пас аз роҳпаймоии идона дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати тантанавии ҳамоиш барпо гардид.

Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иштирокдорон ва сокинони вилоятро аз номи раиси вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бо ёдоварӣ аз таърихи қабули Парчами давлатӣ қайд намуд, ки соли 2009, бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, майдони ҷойгиршавии он ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонон табдил гардидааст.

Боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар паҳлуи парчамҳои давлатҳои ҷаҳон дар майдонҳои байналмилалӣ парафшон мешавад, ки ин мавқеи сазовор аз эътироф ва ҷойгоҳу эътибори устувори кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу дунявӣ башорат медиҳад, - идома дод муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат

Ҳамоиши тантанавӣ бо дастагули суруду таронаҳо ва композитсияи адабии аҳли ҳунари вилоят, ки тараннумгари Истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, фарҳангу тамаддуни ғановатманд ва сарзамини маҳбуб буд, идома ёфт.
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода