Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ҳақи роҳат, саодат дорад ин қавм


Ҳақи роҳат, саодат дорад ин қавм




Чанд гуфтание дар поварақи шеъри «Ба таънагарони миллат»-и Шоири халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ, ки мушти обдорест ба душманону хоинони миллат.

Шеър мояи ифтихори Ватану миллат аст. Шеър бозгӯйи орзую ормонҳои одамонанд, ки аз килки сеҳрноку гуҳаррези шоир таровида, қалбҳоро ба туғён меорад ва онҳоро барои ба мақсадҳои худ расидан, Ватанро дӯст доштан, дар сахтиҳову лаҳзаҳои тақдирсоз ӯро сарбаландона, ғаюрона ҳифз кардан рӯҳбаланд мекунад. Миллатро дар ақсои ҷаҳон бо фарҳанги волояш, фарзандони соҳиби заковати бузургаш, ки соҳибэҷод ҳастанд, мешиносанд ва баҳо медиҳанд. Бо ибораи дигар гӯем, шеъри муқтадир обрӯ ва эътибори миллат мансуб мешавад.

Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки имрӯз шеъри равону муъҷаз ва нишонрас амсоли лаъли ҷилодори аз қаъри дарё кашида анқо шудааст. Шеър бешумор аст, аммо шеъре, ки ба дарди хонанда хӯрда, ӯро ба корнамоиву садоқат ба Ватану Модар, ҳимояи музаффариятҳои ба даст овардаи он, ба маслакҳои замонаш созгор раҳнамун кунаду муште ба даҳони бефаровези душманони ҳовагӯю бадкешаш занад, ангуштшумор аст. Имрӯз дар вазъияти ҷаҳонишавӣ давлатҳои абарқудрат дар талоши онанд, ки давлатҳои хурдро ба худ тобеъ намоянд. Аз ин лиҳоз бояд мардум ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳад ва барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории худ талош варзида, аз тамоми воситаҳои ахбори ҳозиразамони дар ихтиёраш буда, барои ҳимояи марзу буми Ватан истифода барад.

Дар ин росто ба хуҷуму зарбаҳои иттилоотии ҳовагӯи душманони дохилию беруна онҳо низ бо расонаҳои иттилоотии дар ихтиёрашон буда сазовар ҷавоб гардонанд. Аз ин ҳуҷумҳои расонаҳои иғвоангези нооромкунандаи амнияти Ватану миллат бо сухани оташину шеъри ноб ва созанда бояд посух гуфт. Он тавре посух гуфт, ки сухани нишонрас гуфтаҳои иғвоангези саросар туҳмату буҳтони онҳоро шикаста, дурӯғбофиашонро фош созад ва ба даҳони бефаровези ҳасадхӯрону чоплусони сиёҳкунандаи Ватану миллат, фарзандони фарзонаи он ва суханони муғризонаашон муҳри хомӯшӣ занад. 

Чи тавре ки дар ибтидо хотирнишон кардем, дар ин росто шеъри тавоно, сухани нишонрас ва садоқат ба Ватану миллати хеш нақши бориз мебозад. Дар ин росто алалхусус, шоирон муборизони ҳақиқатгӯю ҳақиқатнигор ва ифодакунандагони орзую омоли мардуми хеш, тараннумкунандагони муваффақияту корномаҳои онҳо, хосса дастовардҳои миллат мансуб меёбанд. Онҳо бо шеърҳои ҷаззобу оташини худ баробар бо сарбозоне, ки дар марзҳои мулки аҷдодӣ шабу рӯз бедоранду марзи муқаддаси Ватанро бо нақди ҷон ҳам бошад, ҳифз мекунанд, рӯҳи ҷасоратнокӣ эҳё карда, худ низ дар муборизаҳои шадиди идеологӣ дар сафи пеш гом мениҳанд. Ин нигоштаҳо он вақте дар афкорам пайдо шуданд, ки бори дигар китоби Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва Шамсиддин Шоҳин -устод Алимуҳаммад Муродӣ «Шафақи шом»-ро варақгардон намудам. Ва ман, ки ба чакидаҳои хомаи ин сухангӯи навовар ва ба қалби ҳассоси хонандагонаш маъвогирифта наздикӣ дорам, китобро бо як ихлоси ба муаллиф ҳамнишин ба даст гирифтам. Онро ҳам хуб медонистам, ки устод дар ҷодаи шеър басе марди сахтгиранд ва шеърҳои каммазмуни сарсариву хасакиро чашми дидан надоранд. Ойинаш он аст, ки шеъре аз илҳоми худододаш ба дасти хонанда расад, орзую омоли ӯро тавон бахшад. Бо суханҳои оташину ҷазоб хонандаро ба ҳимояи музаффариятҳои бадаст овардаи Ватану миллат талқин намояд, то фарзандони баору номус ва ғаюри мамлакат сипари боэътимоде гарданд барои ҳифзи Ватан ва дастовардҳои он. Чун шеърҳои дар васфи Ватан, оромӣ дар он ва дӯст доштани Меҳани азизро мутолиа мекунӣ, бори дигар меҳри беолоиши ин кишвари ҳамешабаҳор дар қалбат ба туғён меояд. Аз он меболӣ, ки зодаи ин мулки биҳиштосо ҳастиву дар домони поку беолоишаш кору зиндагӣ мекунӣ. Эҳтиромат ба муаллиф, шеърҳои даъватии ӯ боло мегирад. 

Дар ашъори устод махсусан, васфи Ватан, озодиву оромии он, серию пурии дастурхони аҳли меҳнаткаш ҷойгаҳи худро дошта, дар радифи он зарбаи тавоно задан ба душманони миллат мавқеи хосса дорад. Барои тақвият бахшидани фикрам танҳо як шеъри устодро мавриди таҳлил қарор медиҳем. Он шеър «Ба таънагарони миллат» ном дорад. Устод ба ҳарзагӯёну таъназанони миллат ва он фарзандони нохалафаш, ки нонро хӯрда, дар намакдон туф мекунанду тавассути расонаҳои бегона Ватани дар он хуни нофашон рехтаро таъна зада, ба ҳар роҳ сиёҳ карданӣ мешаванд, хитобан гуфтааст:

Нагӯ, ки хоби ғафлат дорад ин қавм,
Чӣ фикри мулку давлат дорад ин қавм.

Устод мепардозад, ки ин миллати куҳанбунёд аз нияти ғаразноки душманонаш хоби ғафлатро кайҳо фаромӯш кардааст. Ҳамаи фикру зикраш дар орому осуда нигоҳ доштани марзҳои муқаддаси ватанаш аст, на дар фикри сарватҷамъкунӣ асту на давлати бисёр. 

Устод ба ақидаи авомфиребонаи ғаразноки душманони Ватану миллат ҷавоб дода, бо сари баланд изҳор медорад, ки «эй таънагарони миллат» шумо ин миллатро ба он таҳкир накунед, ки ба худ бегона ҳасту бо душманаш дӯст. Дар ҳеҷ давру замон ин миллати сарбадор ба бегонагону душманонаш тан надодааст ва нахоҳад дод. Шумоед, эй фарзандони нохалафи дину оинфурӯш, ки бо душманону бегонагон дар ҳамбастагиеду санги маломат сӯйи Ватани озоду ободи мо ҳаво медиҳед:

Ба худ бегонаву бо душманаш дӯст,
Ба таърихаш хиёнат дорад ин қавм.

Ин миллати фарҳангсолори дар гардиши асрҳо аз боду борон ва ба ҳилаҳои рӯбоҳонаи душманони маккораш борҳо дучор шудаву газанде наёфта, сар ба поин наовардааст ва ҳаргиз ба душманаш риштаи дӯстӣ напайвастааст. Таърих ёд надорад, ки ин миллат ба таърихи худ, ба Ватану миллаташ хиёнат карда бошад. Аз ин миллати сарбадори неруи бузурги кӯҳистонидошта, ҳаргиз мардони тарсую хиёнаткор набаромадааст.

Нагӯ, озодагӣ аз ёди ӯ рафт,
Фақат фикри итоат дорад ин қавм.

Эй авомфиребони давр! Ин миллатро аз қадим асолати олиаш озодагӣ (озодӣ, мустақилият, оромӣ) буд ва ҳамин тавр ҳувияти миллии хешро бо сарнайзаи буррои фарзандони ғаюру ватанхоҳаш, нангу номуси баланди тоҷикона ҳифз мекард. Ва имрӯз ин сарбаландӣ дар замони истиқлолият нумӯи тоза ёфта, дуболо гаштааст. Итоат кардан ба душман, сар пеши пойи ӯ фуруд овардан ойинаш набуд. Шиори ғаюронаи «сар медиҳаму намедиҳам сар» ҳамеша, дар ҳар вазъият пеши чашмонаш ҳувайдо буд. Ин миллат фикри итоат карданро ба аҷнабиён ва бадхоҳони Ватану сарзамини худ ҳаргиз қабул надошт ва имрӯз низ надорад.

Нагӯ, бадном номи ориён кард,
Сари хориву зиллат дорад ин қавм.

Бале, нагӯ эй бадбини бадкеш, миллате, ки асрҳо дар оғӯши ошёни уқобон маскани абадият дорад ва сарбаландиро аз кӯҳҳо, соҳибғуруриро аз уқобони баландпарвоз ва сафоро аз чашмаҳои серуни аз дили ин кӯҳҳо фавворазада омӯхтааст, бадном кардани номи асли худ-ориёиро ҳаргиз чашми дидан надорад. Ҳеҷ вақт хор набуд ин миллат. Зиллату забуниро кайҳо бо меҳнати ҳалоли дасти худ, шеъри нобу сухани гуворо ва садоқат ба Ватану миллаташ ба бод дода буд. 

Нагӯ ҷамшедкуш, заҳҳокпарвар,
Чунин оину одат дорад ин қавм.
Нагӯ, дорокушӣ, румипарастӣ,
Зи аввал то қиёмат дорад ин қавм.
Не, не, эй нохалафони бадкеши ҳарзагӯ! Ҳамон 

Ҷамшеди соҳибғурури соҳибватанро низ бо васвасаи шумо барин фарзандони бадбини миллати хеш, бо суханони саросар дурӯғину туҳматангезатон таги дор бурдаанд. Эй шумо, заҳҳокони хунхори миллат, ки имрӯз аз дур истода, морҳои заҳрогини Заҳҳокро пеш-пеш андохта, афкори миллатро заҳролуд карданӣ мешавед, бидонед, ки билкул хато мекунед. Ин миллат аз қадим дар ҳар лаҳза қодир буд ба похеста, зарбаи ҳалокатоваре занад ба бадкорону хасми башӯромада. 

Ойини ин миллат сарбаландӣ буду сарафрозӣ. Бегонапарастиву сари таъзим овардан пеши бегонагон ойини ин миллат набуд ва имрӯз ҳам ин ғурури аҷдодона дар қалбу тани ҳар як ҷавонмардаш дар туғён аст.

Нагӯ, ки Рустамаш Суҳроб кушта-ст,
Вале хоби бароҳат дорад ин қавм.
Нагӯ, ки аз нажоди Салму Тӯр аст,
Ба Эраҷ куштан одат дорад ин қавм.

Эй аҷнабии барои пайсае аз қафои хӯҷаинони хеш ба рағми сиёҳ кардани Ватану миллати хеш фирор кардаву дар хизмати бадбинони ин миллат қарордошта! Бо васвасаю ситезакории шумо барин хоинони миллат писар аз нофаҳмиҳо қурбони ғазаби падар шуду доғи таърих гашт. Шумо хонаҳоро оташ задед, миллатро ба парокандагӣ расондед. Акнун бошад, аз чунин таъназаниҳову суханони рӯ8ҳонаатон ва васвасаи шайтониатон миллат хоби бароҳатро ба ҳушёриву зиракӣ иваз намудааст, то як зарраи хоки ин Ватани аҷдодӣ зери кафшҳои ифлосатон поймол нашавад. Аз таънаи шумо бармеояд, ки гӯё ин миллати фарҳангсолор гоҳ-гоҳе хомӣ карда, даст ба гиребони худиҳо задааст. Аммо, эй наҳзанони миллат, ки аз дур истода қарс зада истодаед, бидонед, ки ин ҳама нофаҳмиҳо аз ана ҳамон чапакзаниҳои бо тамасхуру душманонаи шумоянд. 

Бигӯ, ин қавм қавми сарбадор аст,
Далериву шуҷоат дорад ин қавм.
Курушам дораду Нӯширавон ҳам,
Раҳи расми адолат дорад ин қавм.

Агар дар вуҷудат заррае ойини мардонагӣ бошад, аз рӯйи адолат (дар умрат боре рост бигӯ) қоил шаву ҳақ бигӯ, ки ин қавм соҳибҷасорат асту ғаюру барои Ватану миллаташ ҷонфидо. Ту ҳарзагӯйи бехирад ҳамеша аз таги нохуни миллат чирк мековӣ, аммо намедонӣ, ки ин миллат ончунон далеру шуҷоатнок аст, ки модарони он ҳам Куруш зодаасту ҳам Нӯширавон. Имрӯз авлодони сарбаланди онҳо, фарзандони дар рӯҳияи корнамоии Курушу Нӯширавон, Шераку Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ зода, тарбия намуда истодаанд, ки қодиранд дар ҳар лаҳза ба ҳимояи марзу буми аҷдодӣ баромада, хасми ғаддорро саркӯб кунанд. Ойини ин фарзандони сарсупурдаи миллат бошад, саршор аз адолат асту меҳрубонӣ.

 Шояд, ки аз бадбинии зиёд ва буғзу кина надонӣ, ки ин миллат ҳакими одилсухане дошт чу Зардушту кӯлвори миллат саросар аз панду ҳикмати раҳкушо лабрез. Панду ҳикмате, ки одамонро ба роҳи ростиву адолат ва накӯию хирадмандӣ далолат мекард: 

Ҳакиме дошту дорад чу Зардушт,
Ҷаҳони фазлу ҳикмат дорад ин қавм.

Ба иқболи баланди миллат ӯ соҳиби сарзамини биҳиштосо аст, ки нури мунавваркунандаи шамси тобону шуълаҳои зарҳалини ӯ ҳамеша равшанкунандаи роҳу равиши ин миллати соҳибтамаддун аст. Ин миллат бо зулмат (бо он ашхосе, ки чашмонашонро пардаи сиёҳи бадбинию касифӣ ва нотавонбинӣ печондааст) ҳамвора даст ба гиребон асту дар набард. Миллатест равшангаро, на зулматгаро. Таърих гувоҳи ҳақ аст, ки ин миллат ҳамвора сӯйи рӯшаниву адолат ва накӯию озодӣ ва худогоҳӣ гом мениҳод ва нияташ, ки нек буд, ба мақсадҳояш мерасид.

Бигӯ, ки ҳамдиёри офтоб аст,
Ҳамеша ҷанги зулмат дорад ин қавм.

Эй шумо, ноҳақҳо, фарзандони нохалафе, ки имрӯз дар сангарҳои иттилоотӣ бо тамоми овозатон ин Ватану миллатро барои пайсаи садақае аз хӯҷаинонатон ёфтан сиёҳ мекунед, фаромӯш накунед, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад. Бале, аз дасти шумо ва шумо барин «фарзандон»-и нохалаф ин миллат ҷабри зиёде дид дар таърихи мавҷудияти худ. Аммо рӯҳи бешикасте, ки дошт, ҳамаи ин азобҳову ситезаҳои душманон пеши иродаи қавии ин мардумони сарбаланду фарзандони шуҷои онро гирифта натавонист. 

Ин миллат дар тамоми асрҳо амсоли дарёи пуртуғёну пурмаҷрое буд, ки хасу хошоки дар роҳаш баромадаро шуста, барои худ роҳ мекушод. Ончуноне, ки имрӯз бо талошҳои ҷигархуни фарзандони ҳақиқатҷӯю ҳақиқатгӯю ҳақталошаш соҳибистиқлол гаштаасту бо роҳи адолатпешаи интихобкардаи худ сарбаландона қадам мениҳад. 

Азоби саг кашид аз ҷабри таърих,
 Ҳақи роҳат, саодат дорад ин қавм.

 Чун нигоштаҳоямро ҳусни анҷом мебахшидам, ба хотирам гуфтаҳои сайёҳ, муҳаққиқ, нависанда ва олими рус Н.Павлов омад, ки ҳанӯз соли 1910 дар «Таърихи тоҷикон» навишта буд:«Бояд аҳсан ба тоҷикон гуфт, ки онҳо мардуми безаволанд. Кам миллатҳо ба зарбаҳои марговари душманон тоб оварда метавонанд ва боз аз нав эҳё мешаванд. Аммо барои тоҷикон як муддати кӯтоҳи оромӣ кифоя аст, ки боз аз нав қомати худро баланд ва зиндагии пешинаи худро барқарор созанд. Мо дар арафаи эҳёи ин миллати боистеъдоди муъҷизакор мебошем, ки аз зарбаҳои Чингиз, Темур ва … наҷот ёфтаанд». 

Ҳақ ба ҷониби ин шахси бузург аст. Бале, барои миллати тоҷик ҳамагӣ як лаҳзаи оромӣ кифоя аст, ки боз бунёд кунад, обод созад, Ватани худро амсоли биҳишти рӯйи замин гардонад. Ончуноне, ки имрӯз дар даврони истиқлолият ба чунин рӯз расидем. 

Абдуҳалим Салимзода, 
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода