Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Сарфакорӣ баракати зиндагист


Сарфакорӣ баракати зиндагист



Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 27 апрели соли 2023 дар ноҳияи Данғара оид ба рушди кишоварзӣ, саноат, соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш дар вилоятамон таҳлили амиқ дида мешавад. Дар шароити муосир, ки масъалаи амнияти озуқаворӣ бо тағйирёбии иқлим, гармию хушксолӣ, таҳдиди гуруснагӣ ба кишварҳои зиёд вобастагӣ дорад, ба вазъи зиндагии мардуми тоҷик низ бетаъсир нахоҳад монд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пайи ҳам дар бораи захира кардани маводи озуқа барои оила, истифодаи самараноки обу замин, гирифтани ду-се ҳосили ғаллаву донагиҳо, хушконидани меваю сабзавот, тайёр кардани консерва ва афшурдаву мураббо, рӯзгордории оқилонаро таъкид мекунанд.


Дар вохӯрии навбатӣ низ доир ба имкониятҳои калонтарини вилояти кишвар-Хатлон ва роҳҳои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, мусоид будани иқлим, захираҳои замину об ва таъмини на танҳо бозори истеъмолии худи вилоят, балки ҷумҳурӣ, содирот ба хориҷ маслиҳатҳои муфид доданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки “тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани се-чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд”.

Маълум аст, ки дар дилхоҳ оила сарфакорӣ набошад, хазинаи калонтарин ҳам намепояд. Сарфа кардан, яъне дар харҷ пасандоз карда мондани пул ва чизҳои дигар, ихтисор дар хароҷот, эҳтиёткор, оқибатандеш, мулоҳизакор будан боиси хайру баракат мегардад.

Беҳуда намегӯянд, ки “сарфаи сари оташдон беҳ аз савдогари Ҳиндустон” Ниёгонамон низ дар рӯзгордорӣ ба сарфакорӣ аҳамияти калон медоданд. Унсурулмаолии Кайковус дар “Қобуснома” ба писараш насиҳат кардааст: “Исрофро шум дон ва ҳарчи Офаридгор онро душман дорад, он бар бандагони Худои таоло шум бувад. Дар ҷумла корҳо исроф мазаммат карда шудааст. Исроф танро бикоҳад ва нафсро биранҷонад ва оқилро бипажмонад ва зиндаро бимиронад”.

Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як нуқтаи муҳимеро дарк кардем, ки имрӯз, бо дарназардошти вазъи бесуботи бозори ҷаҳонӣ “мо бояд ба мардум мунтазам хотиррасон намоем, ки сарфаю сариштатакор бошанд, ба намоишкориву зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ роҳ надиҳанд, имкониятҳои худро барои беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оила ва фарзандони хеш сарф намоянд”.

Воқеан таҳлилу мушоҳида нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон рафтан ба ҳаҷҷи умра ба як маъракаи ҳатмӣ ва мусобиқаи оилавию авлодӣ ва як намуди саёҳату тиҷорат табдил ёфтааст. Тариқи интернет ҷалб шудани сокинони кишвар аз ҷониби даҳҳо агентиҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон ин равандро ҳатто ба дараҷаи ифрот расонидааст. Одамони огоҳу ноогоҳ аз фарзҳои мусулмонӣ, бо пайравии кӯр-кӯрона ба дӯстон, ҳамсолҳо ва хешу табор гурӯҳ-гурӯҳ сафар карда истодаанд. Дар байни ҷавонзанҳои тоҷир, ҷавонони 20-30 -солаи соҳибкор, муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ин таассубкорӣ зиёд ба назар мерасад.

Президентамон дуруст ишора карданд, ки аксари онҳо дар бораи аъзои оилаи худ фикр намекунанд. Ҳол он ки шароити манзили зист, сатҳи зиндагии оила, фарзандон ва пайвандонашон ба беҳбудӣ ва кумак ниёз доранд.

Маблағҳои бо заҳмати сангин бадастомадаро дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба саёҳат - ҳаҷҷи умра сарф карда, солҳои баъдина боз ҳаёти миёнаҳолонаро ихтиёр мекунанд. Ба афроде ҳаҷҷи умра кардан гӯё муайян кардани мавқеашон дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Сазовори эҳтироми мардум шудан аз ҳоҷӣ будан вобаста нест. Инсонро одоби ӯ, меҳнати ҳалол ва самимияти ба атрофиён доштаи ӯ соҳибэҳтиром мегардонад.

Буҷаи чандсолаи оила, ризқи ҳамаи аъзои оиларо барои танҳо худ сарф кардан ноадолатист. Савоб пеш аз ҳама, -таъкид карданд Пешвои миллат, -дар хизмати падару модар, ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо, ободии хонаву кошона, зиндагии осудаи аҳли оила, хешу табор, ҳамсолҳо, кумак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо ва аз рӯйи имкон саҳм гузоштан дар ободии Ватан мебошад”. 

Дар байни ҳоҷиёни ҳаҷҷи фарзӣ анъанаи хубе роиҷ аст, ки пеш аз ҳаҷравӣ масъалаи садақаи ҷория- кумак ба сохтмони роҳу мактаб, нуқтаи тиббии маҳалли худ, оиладор кардани камбизоатон, гузаронидани чорабиниҳои миллию фарҳангии шаҳру ноҳия ва вилоят саҳм мегузоранд.

Чаро садҳо ҳоҷиёни ҳаҷҷи умра, ки худро дар радифи ҳоҷиён дидан мехоҳанд, аз ин амалҳои савоб бархӯрдор нестанд. Дар Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ-35 -солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон босуръат идома дорад. Обод кардани як гӯшаи Ватан ҳам аз имондорист, ки мардум бо зикри хайр ном мебаранд.

Сарфакорӣ ҳам дар маводи озуқа, асбобҳои рӯзгор, либосу таҷҳизоти хона, истифодаи оқилонаи об, газ, барқ водор менамояд, ки мо буҷаи оилаи худро дуруст тақсим намоем. Дар ин кор ҳар як аъзои оила, падар, модар, фарзандон бояд саҳмгузор бошанд. Ба қадри меҳнати дигарон расидан ҳам хислати неки инсонист.

Амир Хусрави Деҳлавӣ барҳақ фармуда: Ба сарфа сарф кун нақде, ки дорӣ, Ки имсокат беҳ аз исрофкорӣ. Ин муносибатро дар кӯдакон аз хурдӣ парвариш додан вазифаи во лидон, мураббиён ва калонсолон аст. Ояндаи нек, рӯзгори обод ва зиндагии шоистаи наслҳоро таъмин намудан аз сарфакории имрӯз оғоз мешавад. Сарфакорӣ натанҳо неъматҳои бударо эҳтиёт кардан, балки зиёд кардани он мебошад.

Дилором Маҳкамова ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода