«Пойга»-и идона
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 480
То фарорасии ид рӯзҳои башумор мондаасту ташвишҳои холаи мо аллакай оғоз шуда. Бо гумони он ки пеш аз ид нарх ба «ҳаво» мехезад ва вақти «савдо»-и тоҷирони мо фаро мерасад, ба бозор рафту шириниҳо ва донагиҳои лозимаро барои хони ид харидорӣ намуд. Меваву нӯшобаҳоро пеш аз ид, вақте бачаҳо аз Россия боз пул равон кунанд, мегирам, мегуфт ӯ худ ба худ роҳравон сӯи хона.
Дар дил шод буд. Ба борхалтаҳои пур аз нозу неъмати дасташ менигаристу ба худ меболид. Билохира, ин ид ӯ вирди забони ҳамсояҳо хоҳад шуд. Дар чунин фикр буд, ки яке аз ҳамсоязанҳоро вохӯрд. Ӯ дар даст бори вазнине бардошта, ҳаш-ҳашкунон сӯи хона меомад.
-Ҳа, ҳамсоя, ба хайр бошад, ин қадар дар обу тоб мондаед,- гуфт хола.
-Ҳаа, бахайр,-гуфт ӯ. -Барои ид зарфу зариф, яъне «посуда»-ҳои нав гирифтам. Аз ҳамон шишагиҳои замонавиаш. Хеле вазнин будааст.
-Ааа,-нимғурма гуфт хола ва андаке безобита шуд. Гӯё ба пӯсташ кайк даромад. Пойгаро аз даст дода истодааст. Ӯ ба фикри худаш шириниҳои «фасону гарон» гирифту ҳамсоя бошад, аллакай «посуда»-ҳои фасон. Чӣ бояд кард? «Ман ҳам бояд зарфҳоро нав кунам. Охир онҳоро чанд сол боз истифода мебарам ва куҳна ҳам шудаанд,-ба худ «фатво» ёфт хола.-Агар нав кунем, дар ид кори савоб мешавад». Ӯ дар фикри хариди навбатӣ шуд.
Ҳанӯз ба хона нарасида, ҳамсояи дигарро вохӯрд, ки ӯ низ аз бозорӣ кардан бармегашт. Бо ӯ ҳамсуҳбат шуду фаҳмид, ки барои ид дастархону сачоқчаҳои нав-баромад харидааст. Ва боз барои шириниву идгардии бачаҳо «упаковка». Чунки «культурный» ва зебо мешудааст. Дигар тухмҳоро дар идгардиҳо «луччак» ба бачаҳо дода, сари дастурхон низ намемондаанд.
Акнун кайкҳои ба пӯсти холаи мондаву афгор ҷойшуда оташ гирифтанд. Вақте зарфҳо нав бошаду қандҳо нав, чаро дастархон нав набошад? Дар пеши ин қадар харҷ як дастурхон чӣ харҷ дорад. Баъдан гирифта дар хона монӣ ҳам, зарар надорад. Боз иди дигар, маъракаҳои дигар истифода мебарӣ. Бо чунин фикрҳо вақте ба дари хонааш расид, ду нафар мунтазири ӯ буданд. Яке нозири барқу дигаре об. Ҳарду ташрифи хола - «кассири хона»-ро интизор буданд, то қарзҳои пешинаро ҳисобӣ кунанд.
Тарбуз аз бағали хола афтид. «Ана корро бало зад. Акнун ҳеҷ баҳона карда аз дасти инҳо халос шуда наметавонам. Ҳар бор мегуфтам, ки ҳоло бачаҳо пул равон накардаанд, шароитам хуб нест, акнун чӣ гӯям? Охир онҳо борхалтаҳои маро диданд. Агар баҳонае гӯям, пас намегӯянд, ки ин қадар чизҳоро гирифтаеду пули барқро пардохт намекунед?»
Холаи пуркор «ба даст афтид» ва лозим омад, ки қарзҳои куҳнаро баргардонаду воқеан аз «пойгаи занҳо» қафо монад. Дар аввал хеле зиқ шуд. Ва ҳатто хост қарз намояду давоми «лавозимоти идӣ»-ро харад. Аммо фикре пеши роҳашро гирифт. Фикри бачаҳои муҳоҷир. Охир онҳо ба осонӣ маблағ ба даст намеоранд.
Боҳамин ҳисси модарӣ бар ҳисси иштирок дар сабқат ғолиб омаду ӯ ба як дастурхони одии пур аз муҳаббат, қаноат ва садоқат ба буҷаи оила иктифо кард.
Бо ҳамин «пойга»-и имсола ба анҷом расид. Оё шумо ҳам иштирокчии чунин пойга шудаед?
Маҳҷуб, "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00