РАВОНШИНОС ҷомеа ба он ниёз дорад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 880
Равоншинос мутахассисест, ки олами ботинии инсон, психика ва сохтори он, инчунин муносибати онро бо муҳит меомӯзад. Он метавонад, дар бартараф намудани ҳолатҳои равонии инсон, муносибат бо оила, фарзандон, ҳамсар, волидон, ҳамкорон ва дигарон кумак намояд. Машварати саривақтии равоншинос муноқишаҳои бамиёномадаро ба осонӣ камзарар ва бартараф карда метавонад.
Ба ҷойи сарсухан
Имрӯз проблемаҳое мавҷуданд, ки шахс наметавонад ба танҳоӣ онҳоро паси сар кунад. Рӯ ба рӯ шудан ба як мушкилӣ дар интихоб, ҷудошавии оилаҳо, аз ҷумлаи он мушкилоте мебошанд, ки бояд бо маслиҳату машварат паси сар кард. Агар калонсолон бо машварату маслиҳати якдигар мушкилотро ҳаллу бартараф кунанд, пас, наврасону ноболиғон ба кӣ муроҷиат мекунанд?
Ҷомеаро худкушиву худсӯзии наврасону ноболиғон нигарон кардааст. Коршиносон бар он назаранд, ки ба ин амалҳо даст задани наврасону ноболиғон якчанд омил дорад. Аввал онҳо дар марҳилаи гузариши синнусолӣ қарор доранд ва маҳз дар ҳамин давра бояд бо онҳо ҷиддӣ сару кор гирифт, то шахсияти онҳо дуруст сохта шавад. Агар ин давраро бо хубӣ гузаронанд, аз ҷиҳати равонӣ устувор шуда метавонанд.
Равоншинос чӣ гуна фаъолият дорад?
Солҳост дар Тоҷикистон масъалаи дар муассисаҳои таълимӣ таъсис додани воҳиди кории махсуси омӯзгор – равоншинос мавриди баҳсу баррасии таҳлилгарон қарор дорад. Бо назардошти ҳолатҳои баамаломадаи охир дар вилояти Хатлон, бори дигар зарурати муҳокимаи ҷиддии ин масъала пеш омад.
Директори литсейи «Ориёно»-и шаҳри Бохтар Шаҳло Насруллоева бар он назар аст, ки хонандаи имрӯза аз хонандаи 5-10 сол қабл фарқ мекунад. Сабаби асосӣ дигар шудани рафтори хонандаро дар ҷаҳонишавӣ, ҳарчӣ бештар ворид ва таъсиргузор шудани интернет ба ҳаёт, дидану қабули иттилооти гуногун ва баҳои объективӣ дода натавонистан ба онҳо медонанд. Ба гуфтаи ӯ, дар литсей педагог- равоншинос фаъолият менамояд, ки барои осон шудани кори омӯзгорон, раванди таълим ва муносибати омӯзгорону хонандагон мусоидат мекунад.
-Таҷриба нишон медиҳад, ки аз фаъолияти хуби омӯзгор – равоншинос дар муассиса бисёр чиз вобаста аст. Равоншинос ба ҳайси ёрирасон ба кори муассиса мебошад. Хонандагон, ҳатто волидон медонанд, ки мо равоншинос дорем,-мегӯяд директори литсейи «Ориёно».
Ба гуфтаи вай, равоншиноси муассиса бо хонандае, ки аз мушкилоти дар оила буда ё дар азхудкунии дониш душворӣ мекашад, соли гузашта пешравиҳо дошту имсол не, муноқиша ба ҳамсолони худ дорад, ҷомеа ӯро хуб қабул намекунад, ба дарсҳо дер меояд, мушкилот бо омӯзгорону хонандагон дорад, ҳамсуҳбат шуда, машварат медиҳад. Ҳамчунин, равоншинос ба дигар муҳассилин суҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад.
-Имрӯз аз ҷиҳати равонӣ фаҳмидану дарк намудани наврасону ноболиғон то андозае мушкил шудааст. Зеро онҳо дар марҳилаи гузариши синнусолӣ қарор доранд, бояд бо онҳо муносибати эҳтиёткорона дошт. Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таълимӣ таъсис додани воҳиди кории омӯзгор – равоншинос то ба андозае мушикилиро бартараф мекунад,- мегӯяд омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Сайлонбӣ Мирова.
-Имрӯз бар он андешаам, ки равоншиносон натанҳо ба хонандагон, ба худи омӯзгорон низ лозиманд. Чаро? Омӯзгор ҳам мушкилоти гуногун дорад. Ӯ наметавонад, онро бо хонандагон ошкор кунад. Ё худи хонандагони шӯху беқарор метавонанд омӯзгорро аз ҳолати равонӣ бароранд. Ӯ аз равоншинос машварат гирифта, ҳолати равонии худро беҳтар мекунад,- иброз медорад омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус Ширмой Толибова.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки дар баъзе муассисаҳо то се ҳамшираи шафқат фаъолият менамоянд. Ин хуб аст. Аммо метавон, яке аз онҳоро ба омӯзгор – равоншинос иваз намуд.
С. Султонзода, мутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар суҳбат бо мо иттилоъ дод, ки имрӯз Раёсати маориф масъалаи мазкурро ҳамаҷониба омӯхта истодааст.
Тибқи маълумот, дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 199 омӯзгор – равоншинос фаъолият намуда истодаанд, ки бештари онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Кӯшониён, Вахш, Дӯстӣ, Муъминобод, Данғара, Ёвон, Левакант, Темурмалик, Ш. Шоҳин, М. С. А. Ҳамадонӣ, Шаҳритус ва айраҳо мебошанд. Мутаассифона, дар мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Норак, Носири Хусрав, Ховалинг ва Балҷувон ягон нафар равоншинос фаъолият надорад.
Бояд гуфт, ки дар вилоят имрӯз 1375 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 844035 нафар хонанда фаъолият дошта, ба онҳо 46987 ҳазор омӯзгорони гуногунихтисос таълиму тарбия медиҳанд.
Устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав Ҳикоят Атабоева иброз медорад, ки ба таври оҷилӣ бояд дар муассисаҳои таълимӣ воҳиди кории равоншинос ҷорӣ карда шавад. Зеро имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири шадиди интернет ба ҳаёти мо ин заруратро дучанд мегардонад.
-Шумо тасаввур кунед, ки навраси 12 – 16-сола дар марҳилаи гузариши синну солӣ, инкишофи ҷисмониву ҳормонӣ қарор дорад, ба мушкилие дучор шуд. Масалан, ба мушиклоти оилавӣ ё нисбати ҳамсоли худ меҳру муҳаббат пайдо кард. Дар ҳамин марҳила вай бояд ба касе рози дил гӯяд. Роҳи ҳалли мушкилоташро пайдо кунад. Ба як машваратчии бетарафу беғараз ниёз дорад. Ба кӣ? Агар ба падару модараш гӯяд, сарзаниш мекунанд, ҳатто мумкин аст, ки ҷазо диҳанд.
Ба бародару апа гуфта наметавонад, зеро онҳо низ зери фишори волидон қарор доранд. Ба дугонаву рафиқаш гӯяд, боиси овозаву беобрӯ шудани хонавода ва ноболиғ мегардад. Наврасон дар ин марҳила азоби рӯҳӣ мекашанд, дар рӯ ба рӯи интихоб қарор мегиранд. Ин боиси аз таълиму донишомӯзӣ дуршавӣ ва ба ҳар гуна корҳои ношоям даст задани онҳо мегардад. Онҳо ҳатто дар таъсиру хушунати рӯҳӣ қарор мегиранд. Дар мактаб омӯзгорон, дар хона волидайн бошад, сарзаниш мекунанд ё суханони ноҷо мегӯянд. Ана дар ҳамин марҳила, бо ӯ танҳо равоншинос кор карда метавонад, - шарҳ медиҳад Ҳ. Атабоева.
АНДЕШАИ ДИГАРОН...
Зулфия Худойдодова, сокини шаҳри Бохтар мегӯяд, ки чанде пеш барои писару ияни хурдсолаш машварати равоншинос лозим шуд. Аммо дар шаҳри Бохтар ягон равоншиноси касбии кӯдаконаро дарёфт карда натавонист.
-Аз равоншинос машварат гирифтем. Аммо ба ҷуз машваратҳои умумӣ, дигар чизе гуфта натавонист. Яъне, мушкилоти мо ҳал нашуд, - иброз дошт З. Худойдодова.
Сокини ноҳияи Кӯшониён Акмал (номи шартӣ) иброз дошт, ки чанд сол пеш бинобар сабаби ҷой доштани мушкилоти оилавӣ дар сар фикри худкушӣ карданро дошт. Аммо дӯсташ маслиҳат дод, ки барои машварат гирифтан ба равоншинос муроҷиат кунад. Ӯ пешниҳодро рад кард.
-Рӯзе, дӯстам маро бо як нафар шинос кард. Чанд соат ҳамсуҳбат шудем. Худ нафаҳмида, тамоми рози диламро гуфтам. Баъди суҳбат бо ӯ худро сабук ҳис кардам. Намедонистам, ки бо ман чӣ ҳодиса рух дода истодааст. Ҳамсуҳбатам борҳо ба ман занг зада, аз хонавода, фарзандонам, волидонам, аз кору фаъолиятам, умуман аз зиндагиам пурсон мешуд. Ҳолати равониам рӯз то рӯз хуб мегардид. Фикри бад аз ман дур шуд. Дӯстам гуфт, ки ин шахс равоншинос аст. Дар ҳайрат мондам. Агар дӯстам чунин маслиҳат намедод, шояд оилаам ҳоло парешон мешуд, - саргузашти худро ба ёд оварда мегӯяд Акмал.
Мувофиқи маълумоти Раёсати тандурустии вилоят, алҳол дар муассисаҳои тандурустии вилоят аз рӯйи воҳидҳои корӣ равоншинос мавҷуд нест. Зимни суҳбат муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҷумъабой Саидов мушкилоти мазкурро таъкид намуда, иброз кард, ки сабаби асосӣ дар вилоят набудани мутахассисони равоншинос мебошад.
-Дар ҳолатҳои зарурӣ муассисаҳои тиббӣ бо равоншиносони мустақил, омӯзгорони кафедраи психологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳамкорӣ намуда, онҳоро ба кор ҷалб мекунанд. Чунин таҷриба дар КАТС-и шаҳри Бохтар роҳандозӣ карда шудааст, - гуфт Ҷ. Саидов.
Ба андешаи ӯ, макотиби олии кишвар мутахассисони ин соҳаро кам омода мекунанд. Дар ҳоле, ки талаботи мардум ба он зиёд мебошад.
Муовини менеҷери КАТС-и шаҳри Бохтар Музаффар Ғафуров гуфт, ки набудани равоншиносони амалӣ яке аз проблемаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои пеш бо мақсади пешгирии ҷудошавии оилаҳо дар бахшҳои занони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо дастгирии ташкилотҳои ғайридавлатӣ равоншинос кор мекард. Ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои пешазбуҳронӣ амал мекарданд, ки дар онҳо низ равоншиносон буданд.
-Мутаассифона, имрӯз ин таҷриба, ки натиҷаҳои хуб дода буд, аз байн рафтааст. Ҳамзамон, таъсис додани марказҳои равоншиносӣ дар вилоят ба мақсад мувофиқ мебошад,- пешниҳод менамояд М. Ғафуров.
Ба андешаи ӯ, нахуст мо бояд донишу фаҳмиши мардумро доир ба равоншиносону равоншиносӣ иваз кунем. Сокинон дар бораи равоншиносон тасаввуроти нодуруст доранд. Ба онҳо бояд фаҳмонем, ки равоншинос як маслиҳатчӣ, роҳнамо барои ҳалли ин ё он проблема мебошад.
-Дар ҳар як гӯшаю канори Тоҷикистон фаъолият кардани равоншиносон ногузиру зарур ва аҳамияти хело калон дорад,- мегӯяд Сафаралӣ Раҳимов, мудири кафедраи психологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав. -Вале, фаъолияти равоншиносони амалӣ кам ба назар мерасад. Донишгоҳро ба ин ихтисос хатм карда бошанд ҳам, дар ин самт фаъолият намекунанд. Сабаб надоштани завқу истеъдод, малака, набудани воҳиди корӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳолат, омода кардани кадрҳои равоншиносӣ яке аз проблемаҳои асосии Тоҷикистон аст. Ба андешаи муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Ҷумъабой Саидов ҷавононе, ки ба соҳаи тиб шавқмандӣ доранд, аз сабаби камдаромад будан касби равоншиносиро интихоб намекунанд.
РАВОНШИНОС ДАР КУҶО ОМОДА КАРДА МЕШАВАНД?
Мувофиқи Феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳои донишгоҳҳо дар ММТ барои соли таҳсили 2023-2024 аз рӯи ихтисоси самти равоншиносӣ тақрибан 1000 нафар аз рӯи тамоми намуди таҳсил довталаб қабул карда мешаванд.
Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ихтисосҳои «Психология», «Психологияи иҷтимоӣ», «Психологи муносибатҳои оилавӣ», «Психологияи педагогӣ», «Психологияи умумӣ», «Равоншиносии амалӣ», «Психологияи ҳуқуқшиносӣ», «Педагогика ва МТИ», «Таҳсилоти томактабӣ. Педагогика ва психология», «Равоншиносии амалӣ», «Кори психологияи тиббӣ», «Педагогика ва МТИ», Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ» ва ғайра омода мекунанд.
Дар муассисаҳои олии ҳудуди вилояти Хатлон мутахассис – психолог омода карда намешавад, танҳо ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ихтисоси «Равоншиносии амалӣ» (таҳсилаш ройгон, 12 ҷой, шартномавӣ 38-ҷой, 2350 сомонӣ) дар соли таҳсили 2023-2024 довталаб қабул мекунад. Аммо дар ин самт донишгоҳҳои болозикр мутахассисонро бо ихтисосҳои «Психологияи ҳуқуқшиносӣ», «Педагогика ва МТИ», «Таҳсилоти томактабӣ. Педагогика ва психология», «Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ» омода мекунад. Масалан, Донишгоҳи давлатии Данғара дар соли таҳсили 2023-2024 нақша дорад, ки бо ихтисоси «Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ» 50 нафар довталабро қабул кунад.
Тибқи иттилои маркази иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав, дар соли таҳсили 2021-2022 ин донишгоҳро бо ихтисоси «Таҳсилоти тобмактабӣ. Педагогика ва психология» 6 нафар хатм карданд. Имсол бошад, 8 нафар донишҷӯи хатмкунанда таҳсил доранд.
ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо ихтисоси «Таҳсилоти томактабӣ», дар соли таҳсили сипаришуда 68 нафар хатм кардаанд. Ҳоло бошад, бо ин ихтисос 196 нафар таҳсили илм доранд.
Мудири кафедраи психологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав С. Раҳимов зимни суҳбат иттилоъ дод, ки чанде пеш роҳбарияти донишгоҳ набудани равоншиносонро ба инобат гирифта, ба устодони кафедра супориш додааст, ки донишҷӯёни ба равоншиносӣ шавқу истеъдоддошта ё хоҳиши равоншинос шуданро дошта, новобаста аз оне, ки дар кадом ихтисос таҳсил мекунад, ба роҳбарӣ гирифта, роҳнамоӣ кунанд, то ин ки онҳо дар баробари омӯхтани ихтисоси худ, то хатми донишгоҳ аз нозукиҳои психология бархӯрдор шаванд.
Аз ин бармеояд, ки ДДБ ба номи Носири Хусрав ба ин масъала таваҷҷуҳ дошта, барои ҳалли он чораҳо андешида истодааст. Агар омода кардани як равоншиносро имрӯз оғоз кунем, пас 4-5 сол лозим мешавад, ки як психологи касбӣ вориди бозори меҳнат шавад. Пас барои тезонидани ин раванд чӣ бояд кард?
Ба ҷойи хулоса
Барои бартатаф намудани масъалаи мазкур пешниҳод карда мешавад:
1). Мақомоти дахлдорро лозим аст, ки раванди таъсис додани воҳидҳои кории омӯзгор – равоншиносро дар МТМУ-ҳо ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намоянд;
2). Муассисаҳои олии кишвар, махсусан донишгоҳҳои вилояти Хатлонро лозим аст, ки корро дар ин самт бозбинӣ намуда, дар заминаи фа- култет ва кафедраҳои педагогика ва психология омода намудани равоншиносони гуногунсатҳро ҷоннок намоянд. Аз ҷумла, зиёд намудани нақшаи қабули довталабон, кам кардани малбағи шартномаҳои таҳсил, баланд бардоштани потенсиали илмӣ дар самти психология;
3). Барои ба таклими ихтисос фаро гирифтани равоншиносони амалии мавҷуда чораҳои зарурӣ андешанд;
4). Ташкил намудани баромадҳои равоншиносони амалӣ тавассути ВАО ва додани машваратҳои равонӣ ба аҳолӣ зиёд карда шавад;
5). Ташкил намудани вохӯриву суҳбатҳои хатмкунандагони МТМУ-ҳо бо равоншиносон ҷиҳати муаррифии касб;
6). Ба омма фаҳмонидани рисолати касбии равоншинос;
7). Ташкил намудани Марказҳои равоншиносӣ, махсусан барои ноболиғон ва марказҳои пеш аз буҳронӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мақсад мувофиқ мебошад.
Толиб ТОЛИБЗОДА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00