Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Тозагул гулҳои тозаро тарҳ меафканад


Тозагул гулҳои тозаро тарҳ меафканад



Қимати ҳар шахс ба касбу ҳунараш вобаста аст. Шахси ҳунарманд дар ҳеҷ давру замон хор нагаштааст, балки ҳунари ӯ мояи ифтихораш аст. Халқи тоҷик аз азал соҳибиҳунар буд. Пос доштани мероси гузаштагон ва ба оламиён муаррифӣ кардани касбу ҳунари ниёгонамон вазифаи ҳар яки мост. Инсони ҳунарманд, алалхусус, шахсе, ки ба гулдӯзӣ машғул аст, он чизе, ки дар қалбаш нуҳуфтааст, рӯйи матоъ меорад.

Ёфтани мақому манзалат ва омӯзонидани ҳунар ба дигарон кори саҳлу сода нест. Инсон маҳз бо ҳунару истеъдодаш дар байни мардум мақомеро касб месозад. Ин аст, ки занону бонувони тоҷик тавонистанд бо ҳунару ҳунармандии хеш рӯзгори худро пеш баранд.

Имрӯз тоҷикистониёнро бо чакан, атлас, кашидадӯзиву гулдӯзӣ дар миқёси ҷаҳон ҳамчун мардуми зебоипарасту ҳунарманд мешиносанд ва қадр мекунанд. Дар рӯйи як матои одӣ офаридани нақшу нигор, ки заҳмати басо душворро талаб мекунад, албатта кори саҳл нест. Аммо, занони ҳунарманди тоҷик тавонистанд зебоиҳои ватанамонро рӯйи матоъ оранд. Ҳунар аст, ки марз надорад ва ҳеҷ қуввае вуҷуд надорад, ки онро маҳв кунад. Инсони ҳунарманд махсусан занҳо гули сари сабади ҷомеа ҳастанд, ки метавонанд маҳз бо дастони моҳирашон гӯшаеро обод созанд. Вақте ки аз самими қалб ҳунарро ба касе меомӯзӣ муваффақтарин инсон дар бай-
ни мардум ба ҳисоб меравӣ. 

Тозагул Самадова яке аз занони пешқадам ва фаъоли ноҳияи Кӯшониён аст. Ҳунари волои ин зани ҳалиму меҳрубон дили ҳар шахсро тасхир мекунад. Ӯ аз ҳунари қуроқдӯзӣ, кашидадӯзӣ, бофандагӣ ва эҷоди лавозимоти ороишӣ бархӯрдор аст. Новобаста аз он ки дар баҳори 72-солагии умр қарор дорад, ҳанӯз меҳри ҳунар аз дилаш дур нарафтааст. Мавсуф аз соли 1993 инҷониб ба омӯзонидани дӯзандагӣ ва пазандагӣ ба шогирдон машғул аст. Чуноне ки худи ӯ иброз дошт, дар рӯзҳои сахту бесару сомониҳои солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ҳамеша дастгири заноне, ки ба кумак ниёз доштанд, буд. Замоне, ки дар боғчаи кӯдакона фаъолият дошт, дар яке аз ҳуҷраҳои боғча барои занони ниёзманд коргоҳи дӯзандагиро ташкил мекунад ва ба онҳо тарзи дӯхтани куртачаҳоро меомӯзонад. Дере нагузашта, сафи шогирдонаш меафзояд ва дар яке аз ҳуҷраҳои хонаи худ барои занону духтароне, ки ба ҳунаромӯзӣ шавқ доштанд, коргоҳи хурди дӯзандагӣ мекушояд. Касб омӯхтан худ як кори нек аст, аммо дастгирии як фарде, ки ба кумак ниёз дорад қобили таҳсину офарин аст.

Холаи Тозагул дар баробари ҳунарманд будан, ҳамчунин модари панҷ фарзанд мебошад. Ҳарчанд фарзандон таҳсилдида бошанд ҳам, аз ҳунари модар огоҳанд ва ҳатто писаронаш низ аз уҳдаи бофтани шероз мебароянд. Қаҳрамони мо ҳунаре, ки аз модар ба мерос гирифта буд, ба наберагон ва дигар гулдухтарон меомӯзад, то онҳо ҳам тавонанд, ҳунари гузаштагони моро аз худ кунанд ва соҳиби як касбе, шаванд, ки барои пешбурди рӯзгори худ лозим аст.

Маҳсули дасти ин бону на танҳо дар байни мардуми ноҳия ва вилояту ҷумҳурӣ мақом пайдо кардааст, балки дар хориҷи кишвар низ ҳаводоронро мафтуни худ гардонидааст. Дар ин баробар, борҳо аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуд, соҳиби ҷоизаву сипоснома гаштааст. Ҳатто борҳо маркази ҳунаромӯзии Холаи Тозагул аз тарафи ташкилотҳои дохиливу хориҷӣ бо таҷҳизотҳое, ки барои ҳунаромӯзӣ лозиманд муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ ин зани ҳунарманд бо меҳнати дасти хеш ба худ ва ҳамсолонаш либосҳои арӯсӣ омода карда, дар ҳама маҷлису маъракаҳо ҳамчун зани болаёқат шинохта мешуд. Имрӯз дар ноҳияи Кӯшониён маркази ҳунаромӯзӣ ташкил намудааст, ки дар давоми як сол қариб чил нафар шогирдро касб меомӯзад. Дохили коргоҳ аз таҷҳизоте, ки барои омӯхтани касбу ҳунар заруранд, муҷаҳҳаз мебошад.

Иқдоми накуе, ки Тозагул Самадова ташаббус намудааст, ин ташкили қаҳвахонаи хурдакаке дар дохили коргоҳаш мебошад. Заноне, ки ягон машғулият надоранд, метавонанд ба қаҳвахонаи холаи Тозагул омада, ҳам қаҳва нӯшанд ва ҳам барои худ аз ин боргоҳи ҳунар чизе омӯзанд. Ӯ ҳунарашро аз модар мерос гирифтааст ва изҳор медорад: «Модарам зани ҳунарманд буд, аз уҳдаи дӯхтану пухтан мебаромад ва дар куҷое, ки тӯю маърака мешуд, барои пухтани нон, самбӯса ва дигар намуди хӯрокҳо модарамро даъват мекарданд. Модарам мегуфт, агар дасти одам ҷунбад, даҳонаш низ меҷунбад. Ин аст, ки ман дар тӯли фаъолияти худ ба ҳеҷ кас эҳтиёҷ пайдо накардам. Гуфтаҳои модарамро сармашқи кори худ кардам ва то имрӯз барои дастгирии занон мекӯшам, то онҳо низ дар зиндагӣ ба касе муҳтоҷ нашавад.

Холаи Тозагул дар рӯйи матоъ гулҳои тозаро тарҳ меафканад ва рӯз то рӯз ҳунари ниёгонамонро аз нав эҳё мекунаду мероси гузаштагонро пос медорад. Дар ҳақиқат, ӯ бонуи сермаҳсулест, ки дар киштзори ҳунари тоҷик ҳосили фаровонеро ба бор овардааст. Мавсуф 30 соли ҳаёти хешро ба омӯзонидани касбу ҳунар ба духтарону занон бахшидааст.

Ин аст, ки бо дастгирӣ ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат ҳунарҳои мардумӣ рӯз то рӯз ривоҷу равнақ ёфта истодааст ва занону бонувони ҳунарманд аз ҷониби давлату Ҳукумат дастгирӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд, то ҳунару ҳунармандии халқи тоҷик рушд ёбад ва аз нав эҳё гардад.

Боиси сарфарозӣ ва фараҳмандист, ки дар фазои тинҷу осудаи кишвар Тозагул Самадова барин занони ҳунарманду болаёқат фаъолияти пурсамар намуда, аз худ мероси гаронбаҳое чун гавҳари дурдона аз ниёгон боқӣ мегузоранд. Шогирдони эшон дар пайравӣ ба онҳо фаъолият намуда, дар ободии як гӯшаи кишвар ҳиссагузор мешаванд.

Фирӯза БОБОЕВА ,
коромӯзи рӯзномаи «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода