Афсонаи шаби висол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 834
Шаби аввали арӯсӣ. Арӯс дар як гӯшаи кӯрпа, домод дар як гӯшаи дигари он хомӯшу сархам нишастаанд. Онҳо якдигарро бори нахуст мебинанд. Аз шарм намедонанд, ки суҳбатро аз чӣ оғоз намоянд. Арӯс домоди беҷуръатро дида, лаб ба сухан мекушояд.
-Ҳамин тавр хомӯш мешинем?
-Хайр, чӣ гӯем?-мепурсад ҷавон шармида.
-Ягон гап занед,-такрор мекунад духтар.
-Чӣ гуфтанамро намедонам.
-Набошад, фармоед, ки бароятон чой биёрам,-гап нишон медиҳад духтар.
-Майлаш, як чойник чой биёр,-мефармояд ҷавон.
-Чойи сиёҳ биёрам?
-Ҳа, чойи сиёҳ биёр.
-Шояд чойи сабз нӯшӣ?
-Фарқ надорад, аз дусар соати яки шаб кӣ чой нӯшидааст?
-Ба чашм,- гӯён духтар аз ҳуҷраи хоб берун шуда, ҳаял мекунад. Ҷавон аз паси ӯ баромада, завҷаашро дар коҳхона меёбаду ба ҳуҷра бармегардонад.
-Дар коҳхона чӣ кор мекардӣ? Чой дар ошхона аст-ку!?-ранҷида мегӯяд ҷавон.
-Маро худат ба он ҷо бурдӣ. Лутфу меҳрубоният ба ман маъқул шуд, шояд аз янгаҳо шармида, ин корро карда бошӣ-а?- гуфтани арӯс шубҳаи домоди ҷавонро овард.
-Ман туро ба коҳхона бурдам? Не-не! Пас, кӣ бурд?-бо тааҷҷуб пурсид ҷавон.
-Ман арӯси шумоям, каси дигар ҳаққи маро навозиш кардан надорад. Наход зуд аз ёдат рафта бошад? Маро рӯйи дастон бардошта, ба коҳхона бурда, болои хас бо эҳтиёт гузоштӣ.
Пас аз лабонам бӯса гирифта, ба навозиш даромадӣ, ана ин тавр,- гӯён арӯс худро ба оғӯши шавҳар андохт, баъд бӯсаборонаш кард.
Ҷавон: “Ин ман набудам!”,-гӯён арӯсашро тела дод.
-Медонам, ки он ту набудӣ, вале инро афсонаи шаби висол мегӯянд. Бо ин ду ҷавони ношинос ба висоли якдигар мерасанд. Ин афсона ба шумо маъқул шуд ё не? -фаҳмонд арӯс.
-Афсонаи ширин, онро ба ту кӣ нақл кард?- бо табассум пурсид ҷавон.
-Модарам,-посух дод духтар.
-Модарат онро аз куҷо шунидааст?
-Аз модараш. Ба модараш бибикалонам нақл кардаанд. Ба бибикалонам модараш, ба ӯ...
-Пас мо низ афсонаи худро дорем?-гапи завҷаашро бурида пурсид ҷавон.
-Бале!
-Чӣ хел афсонаи ширин, ту ба ман маъқул шудӣ,-гуфт ҷавон.
-Шумо ҳам ба ман маъқулед.
-Ман туро дӯст медорам.
-Ман ҳам шуморо дӯст медорам.
-Биё, зиндагиро оғоз намоем.
-Биё!
-Шояд имшаб дар коҳхона мемонем,-гуфт ҷавон завҷаашро сари дастонаш бардошта.
-Бисёр хуб мешавад,-гӯён духтар дастонашро ба гардани шавҳар ҳалқа андохт...
Афсонаи ширини шаби висол зану шавҳари ҷавонро ба висоли якдигар расонд...
С. АТТОР, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00