Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » БАЛАНДИҚБОЛ ВА НЕКАХТАР


БАЛАНДИҚБОЛ ВА НЕКАХТАР




Омӯзгор шахсест, ки ҷаҳони маънавии шогирдонро ғанӣ мегардонад,  дар қалби онҳо ҳисси худшиносӣ,  худогоҳӣ,  ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстиро  парвариш  мекунад.  Агар  омӯзгор  ҳамзамон  олими асил бошад, ӯ метавонад дар дили шогирдон арзишҳои волои инсонӣ, сидқу вафо, самимият ва масъулиятшиносиро низ ҷой намояд. Доктори илмҳои таърих, профессор Абдукибор Гадозода аз ҳамин зумра олимон аст, ки дар баробари таълим, дарси одамият медиҳад.

Абдукибор Гадозода тамоми умри бобаракати худро ба роҳи илму дониш ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи таърих бахшида, миёни устодону донишҷӯён ва аҳли илму маорифи  ҷумҳурӣ соҳиби эҳтироми баланд гардидааст. Суханони ҳидоятбахши профессор барои  шогирдон  ба  як  шиору  мазмуни зиндагӣ  табдил  ёфта,  роҳи  онҳоро  дар арсаи илм мунаввар месозад.

Хислатҳои  наҷиби  устод,  чун саховатмандӣ,  ғамхорӣ  ва  муносибати падарона ба шогирдон сабаб гардиданд,  ки  даҳҳо  нафар  аз  дастпарваронаш имрӯз дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, роҳи устодро идома медиҳанд. Камина низ аз дарсҳои пурмазмуни устод баҳравар гардида, барои идомаи фаъолияти илмӣ ва соҳиб шудан ба унвони илмӣ заминаи устувор пайдо намудам.

Профессор Абдукибор Гадозода инсони комилест, ки ҳамеша дастгири атрофиён аст. Дар миёни шогирдонаш унвонҷӯёну аспирантон  кам  нестанд,  ки  аз  мактаби  илмии  ӯ  баҳра  гирифтаанд.  Солҳои тӯлонӣ узви Шурои диссертатсионӣ буда, дар пешрафти ҷараёни таълиму тарбия ва рушди илми таърих саҳми арзанда мегузорад.

Бо  соҳибистиқлол  гардидани Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мақоми  илм  ва олим дар ҷомеа боз ҳам боло рафт. Профессор  Абдукибор  Гадозода  дар  осори илмии худ ба масъалаҳои таърихи халқи тоҷик  таваҷҷуҳи  махсус  зоҳир  намуда, бо  таълифи  китобҳо,  монографияҳо  ва мақолаҳои илмӣ саҳми назаррас гузоштааст. Осори ӯ миёни муҳаққиқон ва хонандагон пазируфта шуда, дорои аҳамияти баланди илмӣ мебошанд.

Хизматҳои  пурсамар  ва  бисёрсолаи устод дар тарбияи мутахассисони ҷавон, таҳияи  дастурҳои  таълимӣ  ва  рушди илми  таърих  шоистаи  таҳсин  аст.  Ӯ  аз ҷумлаи олимонест, ки на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ маъруфият пайдо кардааст.

Дар  Донишгоҳи  давлатии  Бохтар  ба номи Носири Хусрав, ки макони асосии фаъолияти устод аст, даҳҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба  ба  таълиму  тарбия машғуланд. Дар ин миён Абдукибор Гадозода  ҳамчун  олими  нуктасанҷ,  муаррихи  варзида  ва  омӯзгори  соҳибмактаб мавқеи  хос  дорад.  Ӯ  соҳиби  мактаби илмии худ буда, шогирдонаш имрӯз дар муассисаҳои гуногун фаъолияти илмӣ ва омӯзгориро идома медиҳанд.

Профессор ҳамеша таъкид менамояд, ки омӯзиши таърихи Ватан асоси худшиносии миллӣ аст. Ба гуфтаи Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон: «Агар  кас гузаштаи  худро  надонад,  инсони  комил нест». Ин андеша барои устод ва шогирдонаш роҳнамои зиндагӣ ва фаъолияти илмӣ гардидааст.

Воқеан, таърих хотираи инсоният аст.  Миллате, ки аз гузаштааш огоҳ нест, наметавонад ояндаи устувор бунёд намояд. Аз ин рӯ, омӯзиши таърих ва ҳифзи арзишҳои  миллӣ  яке  аз  вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Хидматҳои  шоистаи  профессор  Абдукибор  Гадозода  аз  ҷониби  давлату Ҳукумат  бо  ордени «Шараф» дараҷаи дуюм,  медалҳо  ва  ифтихорномаҳои соҳавӣ  қадр  гардидааст.  Бо  вуҷуди  ин ҳама  дастовардҳо,  ӯ  шахси  хоксор, заҳматкаш ва омӯзгори меҳрубону ғамхорбоқӣ мемонад.

Ин  ҳама  далели  бузургӣ  ва инсондӯстии ин шахсияти барҷаста мебошад, ки умри худро ба илму маърифат ва тарбияи насли оянда бахшидааст.

Давлаталӣ ХАЛИЛЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода