ВОХӮРИИ СУДМАНД БО СОКИНОН: ТАВАҶҶУҲ БА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 93
![]()
Имрӯз дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон вохӯрии муҳим ва судманд бо сокинон ва фаъолони шаҳр баргузор гардид, ки он дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳандозӣ шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои марбута, аз ҷумла муовини Раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Баротзода Тоҳир, Раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар, Сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Мирализода Субҳон, Сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб Саидзода Тоҷиддин, ва дигар масъулин иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳим суханронӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» равона гардида, ҳамзамон масъалаҳои татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самти сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ шуданд.
Қайд гардид, ки ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, азхудкунии технологияҳои муосир ва истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид карда шуд.
![]()
Масъулин дар баромадҳои худ аз ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа, бахусус ҷавонон, ёдовар шуда, саҳми ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рушди устувори кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша чунин вохӯриҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб идома меёбанд. Дар доираи онҳо бо донишҷӯён ва хонандагони донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо, литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мулоқотҳо баргузор гардида, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва аъзои гурӯҳи ҷавонони «Авангард» масъалаҳои мубрами замонро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Чунин тадбирҳо ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҷаҳонбинии солим ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат намуда, заминаи устувор барои рушди минбаъдаи кишвар фароҳам месозанд.
Алишери Абдулмаҷид,
“Хатлон”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...