Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САЙИД РАҲМОН: «СОАТЕ БЕ ШЕЪР МОНАМ, МЕМИРАМ, МЕМИРАМ...»


САЙИД РАҲМОН: «СОАТЕ БЕ ШЕЪР МОНАМ, МЕМИРАМ, МЕМИРАМ...»




Дар фазои адабиёти тоҷик ҳамеша номи онҳое бо ҳарфҳои равшан сабт мегардад, ки бо сухан ва зебоӣ, ҳақиқат, дард ва ормони мардумро баён кардаанд. Сайид Раҳмон аз зумраи ҳамин гуна адибони ростин аст, шахсе, ки зиндагии худро бо қалам пайванд дода, ҳар сатри навиштаашро бо ҳисси масъулият, андеша ва муҳаббат ба инсон ва Ватан офаридааст.

Зиндагиномаи  ӯ  аз  як  деҳаи кӯҳистонӣ- Тиҳиёни ноҳияи Ховалинг оғоз меёбад. Дар ин гӯшаи зебои диёр, ки  табиати  пурҷозиба  ва  мардуми меҳнатдӯст дорад, 9 майи соли 1941 тифле  ба  дунё  омад,  ки  баъдан  ба яке  аз  чеҳраҳои  шинохтаи  адабиёти тоҷик табдил ёфт. Кӯдакии ӯ дар оғӯши кӯҳистон,  миёни  меҳнати  деҳқонӣ  ва  анъанаҳои  миллӣ  гузашта,  ҳамин муҳит  дар  ташаккули  ҷаҳонбинӣ  ва эҳсоси баланди ватандӯстии ӯ нақши амиқ гузошт. Аз овони ҷавонӣ шавқи дониш ва маърифат  дар  қалби  ӯ  шуъла  зад. 

Ин  шавқ  ӯро  ба  Донишкадаи  давлатии  омӯзгории  Кӯлоб  овард,  ки  он ҷо  факултети  забон  ва  адабиётро хатм намуда, қадами устувор ба роҳи маърифатпарварӣ  гузошт.  Солҳои баъдӣ,  ҳамчун  омӯзгор,  дар  мактаби  деҳаи  Сариосиёб  фаъолият  намуда, насли ҷавонро ба роҳи дониш, худшиносӣ  ва  эҳтироми  арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ кард.

Аммо фаъолияти ӯ танҳо ба таълим маҳдуд намешуд. Кор дар радиои Тоҷикистон ва телевизиони вилояти Кӯлоб ба ӯ имкон дод, ки бо набзи ҷомеа ҳамқадам бошад. Ӯ воқеиятро на аз дур, балки аз наздик эҳсос мекард,  аз  дарди  мардум  то  ормонҳои онҳо. Ин таҷрибаҳо дар эҷодиёти ӯ равшан таҷассум ёфта, асарҳояшро ба оинаи зиндаи ҷомеа табдил додаанд.

Сайид Раҳмон адибест, ки дар осораш инсонро  бо  тамоми  печидагиҳои  зиндагӣ тасвир  мекунад.  Маҷмуаҳои  ашъори  ӯ, аз ҷумла “Дунёи бевафо”, “Дунё ба умед”, “Сафари  паҳ”, “Аз  рӯзгор  то  рӯзгорон”, “Зиндаҷудо”, “Сӯзи  дил”, “Шукронамарг”, “Гулбарги тар”, “Резаборони тарона”, “Орзуе то ҷовидон” ва“Хушбахти олам”, ҳар яке саҳифае аз андешаи амиқ ва эҳсоси нозуки шоирона мебошанд.

Дар  ин  осор  мавзуъҳои  ватандӯстӣ, худшиносӣ  ва  масъулияти  инсон  мавқеи марказӣ доранд. Муаллиф бо забони сода, вале пурмаъно, хонандаро ба андеша мебарад. Нависандаи хушқалам натанҳо ҳикоя мекунад, балки бо эҷодиёти пуртаъсираш хонандаро бедор менамояд. Бедории дил,  бедории виҷдон ва бедории ҳисси миллӣ, ин аст ҳадафи аслии эҷодиёти ӯ.

Қуллаи  эҷодиёти  Сайид  Раҳмон, бешубҳа, романи “Масъуди сипаҳсолор” мебошад. Ин асар на танҳо як романи бадеӣ, балки  як  таҳқиқоти  амиқи  таърихист.  Барои навиштани он, муаллиф солҳои 2006  ба Афғонистон ва Эрон сафар намуда, бо ҳамсафони  қаҳрамони  асосӣ  Аҳмадшоҳи Масъуд мулоқот кардааст.

Ин ҷустуҷӯҳои пурмашаққат, ки дар шароити  ноороми  Афғонистон  анҷом  ёфтаанд, нишон медиҳанд, ки нависанда барои ҳақиқат чӣ қадар ҷонфидо будааст. Ӯ рӯзҳо ва  моҳҳо  дар  Кобул  ва  дараи  Панҷшер гашта, далел ҷамъ овардааст. Натиҷаи ин заҳматҳо  асаре  гардид,  ки  имрӯз  ҳамчун “ҳуҷҷати зиндаи таърих” арзёбӣ мешавад. Дар маркази роман симои Аҳмадшоҳи Масъуд  қарор  дорад,  шахсияте,  ки  бо муборизаҳои  истиқлолхоҳона  ва  ҷасорати бемисл  дар  таърих  ҷойгоҳи  хос  дорад. 

Аммо арзиши асар танҳо дар тасвири як қаҳрамон нест. Муаллиф тавассути ин образ масъалаҳои муҳимми худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти инсонро ба миён мегузорад. Ӯ нишон медиҳад, ки муҳаббат ба Ватан танҳо дар сухан нест, балки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ таҷассум меёбад.

Ин роман соли 2008 ба нашр расида, соли 2009 сазовори ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав гардид. Баъдан, он дар Афғонистон бо хатти форсӣ ва дар Русия ба забони русӣ интишор ёфт. Ин паҳншавии фаромарзӣ гувоҳи он аст, ки асар арзиши умумибашарӣ касб намудааст.

Сайид Раҳмон аз ҷумлаи он адибонест, ки мактаби махсуси адабӣ надошт, аммо бо меҳнати пайваста ва омӯзиши амиқ ба камол расид.  Ӯ осори классикон ва нависандагони ҷаҳонро мутолиа намуда, бо заҳмати зиёд роҳи худро дар адабиёт пайдо кард. Аз аввалин шеърҳо то романҳои калонҳаҷм ҳар як асари ӯ натиҷаи ҷустуҷӯ ва омӯзиши пайваста аст.

Эҷодиёти ӯ ба мусиқӣ низ роҳ ёфтааст. Ҳунармандони маъруф ба шеърҳои ӯ оҳанг баста, онҳоро ба суруд табдил додаанд. Ин далели дигарест, ки сухани ӯ ба дилҳо роҳ меёбад ва бо эҳсоси мардум ҳамсадо аст.

Дар синни 85-солагӣ ҳам Сайид Раҳмон аз эҷод боз намондааст. Баръакс, бо рӯҳи тоза ва неруи нав ба навиштан идома медиҳад. Дастхати достони насрии “Обилазори умр”, ки беш аз 400 саҳифаро дар бар мегирад, далели ин аст. Ӯ ин асарро ҳамчун туҳфа ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Ин асар, ки бистумин китоби нависанда мебошад, боз як саҳифаи тоза дар эҷодиёти ӯст. Дар баробари даҳ фарзанди баркамол, ин бист асар низ меваи умри пурбаракати ӯянд. Чунин бахти эҷодӣ на ба ҳар кас насиб мегардад.

Сайид  Раҳмон,  адиби  Хатлонзамин,  нависандаи воқеъбин ва ҳақиқатнигор аст. Ӯ бо қалами худ миёни гузашта ва имрӯз пуле бунёд кардааст. Осори ӯ на танҳо ҳикояи як инсон,  балки таърихи як ҷомеа аст, ҷомеае, ки дар ҷустуҷӯи худшиносӣ ва роҳи дурусти зиндагӣ қарор дорад.
Чун даргузарам, шеъру китобам монад,
Бӯи ҷигари сӯхтакабобам монад. 
Дар сафҳаи таъриху бақои миллат 
Нақши қалами пари уқобам монад.

Ба гуфтаи худи ӯ, муҳим он аст, ки хонанда пас аз мутолиаи асар ба андеша фурӯ равад.  Зеро андеша инсонро ба худшиносӣ мерасонад ва худшиносӣ пояи асосии ватандӯстии воқеист.

Соати  дар  суҳбати  адиб  будан  аз  дунёи хаёлоти  рангину  дарозои  умри  пуршебуфарози  басарбурдааш  огаҳ  шуда,  қалбашонро саршор аз меҳру муҳаббату садоқат ба меҳан, ғурурашро  дар  қиболи  носозгориҳои  рӯзгор шикастнопазир дарёфтам. 

Имрӯз, вақте ки ба роҳи тайкардаи Сайид Раҳмон  менигарем,  мебинем,  ки  ӯ  на  танҳо як нависанда, балки як мактаб аст, мактаби ростӣ, инсондӯстӣ ва ватандорӣ. Эҷодиёти ӯ барои насли имрӯз ва фардо чароғест, ки роҳи дурусти зиндагиро равшан мекунад. Ва шояд беҳтарин тавсифи ӯ ҳамон ҷумлаест, ки худ гуфтааст: “Соате бе шеър монам, мемирам, мемирам...”.

Ин сухан на танҳо эҳсос, балки сарнавишти як инсон аст, инсоне, ки зиндагии худро ба калом бахшидааст ва бо калом ҷовидона хоҳад монд.

Дар баҳори85-умини ҳаёти пурсамар, ба адиби  мумтозу  тозапардоз  Сайид  Раҳмон тансиҳатӣ, умри тӯлонӣ ва ҳузури зиндагонӣ таманно дорем!

Алишери АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода