Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БА ПЕШ, БА СӮЙИ ФАТҲУ НУСРАТҲОИ НАВ!


БА ПЕШ, БА СӮЙИ ФАТҲУ НУСРАТҲОИ НАВ!



Рӯзи 25 апрели соли 2026 дар таърихи муосири вилояти Хатлон ҳамчун саҳифаи нави тақвияти ҳамбастагии халқу Роҳбар сабт гардид. Барои камина, ки иштирокдори ин мулоқоти хотирмон  будам,  дидори  навбатии  Сарвари  давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилоят дар ноҳияи Данғара фаротар аз як ҷаласаи корӣ буд. Ин мулоқот дарси садоқату ватандӯстӣ, мактаби идоракунӣ ва роҳнамои мушаххас ба сӯйи қуллаҳои навбатии созандагӣ маҳсуб меёбад.

Вохӯрӣ  дар  остонаи  омодагии ҳамаҷониба  ба  ҷашни  муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд, ки масъулияти ҳар як сокини вилоятро дучанд месозад. Пешвои маҳбуби миллат бо таҳлили амиқ ва хайрхоҳии падарона вазъияти воқеии вилоятро  баррасиву  арзёбӣ  намуда, уфуқҳои рушди Хатлонро барои солҳои наздик муайян карданд. Зимни мулоқот таъкид  гардид,  ки  нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоят дар семоҳаи аввали  соли2026 бозгӯи рушди устувор мебошанд. Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят  ба 7 миллиарду 208 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта8 фоиз зиёд аст. Ин рақамҳо  самараи  заҳмати  шабонарӯзии деҳқонони  асил,  коргарони  корхонаҳои саноатӣ  ва  соҳибкорони  бонангу  номуси Хатлонзаминанд.

Хусусан,  мавриди  истифода  қарор  гирифтани агрегати ҳафтуми Неругоҳи барқи обии «Норак» пас аз навсозӣ, ки бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  сурат  гирифт,  аз  оғози марҳилаи нави иқтидори энергетикии кишвар  мужда  медиҳад.  Ин  дастовард  барои саноатчиёни Хатлон имкониятҳои бесобиқа фароҳам меорад. 

Яке  аз  нуктаҳои  марказии  суханронии Сарвари  давлат  аҳамияти  суръатбахшӣ ба раванди корҳои ободонӣ буд. То имрӯз нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар вилоят 112 фоиз  иҷро  шудааст.  Сохта  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беш аз 7000 иншооти нав гувоҳи он аст, ки мардуми шарафманди  Хатлон дастурҳои Пешвои миллатро на бо сухан, балки бо амали созанда истиқбол мегиранд ва ба иҷро мерасонанд.  Имрӯзҳо  ҳамовозии  сокинони вилоят ба ин дастурҳо дар ҳар як гӯшаву канори вилояти Хатлон ба чашм мерасад. 

Аз Нораку Данғараи бостонӣ сар карда, то дуртарин деҳаҳои кӯҳистони Балҷувону Ховалинг, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша  камари  ҳиммат  бастаанд,  то ба  истиқболи 35-солагии  Истиқлол  симои Ватанро боз ҳам зеботар гардонанд. Барои сокинони вилояти Хатлон, ки ҳамеша дар сафи  пеши  ташаббусҳои  созандагӣ  қарор  доранд, иҷрои саривақтии дастурҳои Пешвои миллат рисолати ватандӯстона ва қарзи шаҳрвандӣ мебошад.

Дар  баробари  зикри  дастовардҳо ва  сипосгузориҳо  аз  саҳми  мондагори  соҳибкорони  ватанӣ  дар  рушду  ободонии диёр,  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба камбудиҳои ҷойдошта низ ишора фармуданд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бо дарназардошти имкониятҳои бузурги вилоят, суръати кунунии рушд ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ин эроди Роҳбари давлат барои мо, хатлониён, бояд ҳамчун барномаи  амал  хидмат  кунад.  Дар  ҳақиқат, ҳар як ваҷаб замини Хатлон бояд манбаи ганҷ  бошад.  Вусъати  пахтакорӣ,  боғдорӣ ва  сабзавоткорӣ,  баланд  бардоштани ҳосилнокӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ  метавонад  талаботи  дохилиро қонеъ гардонида, имкониятҳои содиротиро низ густариш диҳад. Кишти такрорӣ ва истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ на фақат амнияти  озуқаворӣ,  ҳамзамон  фаровонии дастурхони ҳар як оила аст. 

Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба  рушди  саноати  коркард  ва барқарорсозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ин самт барои таъмини шуғли аҳолӣ ва афзоиши  арзиши  иловашуда  аҳамияти  баланд дорад. Дар заминаи дастгирии роҳбарияти давлату ҳукумат танҳо дар се моҳи аввали соли равон26 корхонаи нави саноатӣ дар вилоят ба истифода дода шуда, 273 ҷойи нави  корӣ  таъсис  ёфт.  Ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расида, 110 фоиз афзоишро таъмин намуд. Бо  дарназардошти  захираҳои  фаровони ашёи хом дар вилояти Хатлон, рушди саноати  коркард  метавонад  омили  муҳимми пешрафти иқтисодӣ бошад. Итминон аст, ки бо ҷалби сармоя ва татбиқи технологияҳои муосир дар ин самт пешрафти назаррас ба даст хоҳад омад.

Шаффофият  дар  пардохтҳо  ва  дастгирии  низоми  бонкӣ  низ  кафолати  суботи иқтисодӣ  мебошад.  Дар  семоҳаи  якуми соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзию молиявӣ ба иқтисодиёти вилояти Хатлон 1,8 миллиард сомонӣ қарз равона намудаанд, ки қисми зиёди он ба бахшҳои соҳибкорӣ ва истеҳсолӣ рост  меояд.  Натиҷаи  истифодаи  самарабахши қарзҳои бонкиро имрӯзҳо дар сатҳи маҳал  мебинем.  Дар  баробари  ин,  таъкиди Сарвари давлат оид ба рушди иқтисоди рақамӣ ва дастрасӣ ба интернети баландсуръат низ талаби замон аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технология масъалаи рақамикунонии иқтисод аҳамияти калидӣ пайдо кардааст. Пешвои миллат зарурати таҳия ва татбиқи барномаи мушаххаси рушди иқтисоди рақамиро таъкид намуданд.

Ин дастур барои вилояти Хатлон имконияти бузург фароҳам меорад. Татбиқи бештару беҳтари технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ, маориф, тандурустӣ ва бахшҳои хизматрасонӣ метавонад самаранокии фаъолиятро чандин маротиба афзоиш диҳад. Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи дониши рақамии аҳолӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос зарур аст. Дар ин роҳ яке аз тадбирҳои муҳимме, ки чанде пеш бо ибтикори раиси вилоят Давлаталӣ Саид амалӣ гашт, таъсиси Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон буд. 

Бовар аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва дастгирии давлат, вилояти Хатлон метавонад ба яке аз марказҳои рушди иқтисоди рақамӣ табдил ёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар  собит  сохтанд,  ки  дар  маркази  сиёсати  пешгирифтаашон  инсон  ва  саломатии  он  қарор  дорад. 

Натиҷаи татбиқи муваффақонаи ҳамин сиёсат аст, ки дар зарфи моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар вилоят дар соҳаи маориф 30 иншооти нав бо 97 синфхона ба истифода дода шуда, дар соҳаи тандурустӣ 28 муассисаи нав мавриди истифода қарор гирифт. Дастур оид ба сохтмони муассисаҳои таълимии муосир ва беҳтар кардани  сифати  хизматрасонии тиббӣ  масъулони соҳаро водор месозад, ки ба тарбияи насли наврас ва солимии ҷомеа диққати аввалиндараҷа диҳем. Мо бояд ҷавононеро тарбия кунем, ки дорои дониши баланди рақамӣ ва рӯҳияи қавии ватандӯстӣ бошанд.

Мусаллам аст, ки вилояти Хатлон бо таърихи куҳан ва  табиати  нотакрораш  имкониятҳои  бузурги  сайёҳӣ дорад.  Феълан  дар  вилоят 940 ёдгории  таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, дар се моҳи аввали имсол зиёда аз 344 ҳазор сайёҳ ба тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиати дилфиреби вилоят омадаанд. Супориши Сарвари давлат ҷиҳати бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ барои масъулони соҳа роҳи нави даромади иқтисодӣ ва муаррифии фарҳанги миллатро боз мекунад. Ҳар як ёдгории таърихӣ ва ҳар як гӯшаи зебои Хатлон бояд ба макони зиёрати сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёбад.

Имрӯз ҳар як шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон майдони бузурги корҳои ободониро мемонад. Суханони сами-мии Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара ба ҳар як сокини вилоят неруи тоза бахшид. Мо, аҳли заҳмати вилоят,  хуб дарк мекунем, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имтиҳони нангу номус ва садоқат ба Ватан аст. Манзури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз «тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист ва ободии маҳал» фарҳанги баланди шаҳрдорӣ ва ватандории мост. Мутмаинам, ки сокинони сарбаланди Хатлонзамин нақшаи бунёдкориро бо нишондиҳандаҳои боз ҳам баландтар иҷро мекунанд. Ҳамзамон, мо дар истифодаи неруи барқ ва захираҳои об сарфакор хоҳем буд, садҳо иншооти нави иҷтимоиву истеҳсолиро то охири сол ба исти-фода дода, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманду осебпазир ғамхории бештар зоҳир менамоем.

Дар  фароварди  мулоқот  Пешвои  миллат  ба масъалаҳои  тарбияи  насли  наврас,  эҳтиром  ба арзишҳои  миллӣ  ва  таҳкими  ҳисси  ватандӯстӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ин таъкидҳо барои ҳар як сокини вилояти Хатлон аҳамияти хоса доранд,  зеро танҳо бо тарбияи насли худогоҳ, ватандӯст ва соҳибмаърифат метавонем рушди устувори ҷомеаро таъмин намоем.

Дар мулоқоти рӯзи 25 апрел дар ноҳияи Данғара бори дигар эътимод ҳосил кардам, ки роҳи интихобкардаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи дурусти рушд ва шукуфоии Тоҷикистон аст. Сокинони  шарафманди  вилояти  Хатлон  бо  шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар, дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, бо дастовезҳои  арзанда  ба  пешвози  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мераванд.

Мо, кормандони соҳаи иттилоот ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифадорем, ки дар тарғиби ин сиёсати иҷтимоӣ саҳми фаъол гузорем ва ҷомеаро ба амалҳои созанда раҳнамоӣ намоем. Фикр мекунам, ки имрӯз шиори ҳар як шаҳрванди ватандӯст ин аст, ки Хатлон ҳамеша такягоҳи боэътимоди давлату миллат буд ва хоҳад монд! Заҳмати софдилонаи мо туҳфаи беҳтарин ба Ватани маҳбуб ва Пешвои хирадманди мост.

Ба пеш, ба сӯйи фатҳу нусратҳои нав!

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода