Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Назорати сифат имрӯз дигар танҳо як унсури техникии фаъолияти иқтисодӣ нест, он ба яке аз сутунҳои асосии амнияти иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Дар шароите, ки бозори истеъмолӣ бо суръати баланд рушд мекунад ва номгӯи маҳсулоти воридотию ватанӣ пайваста меафзояд, масъалаи таъмини бехатарии он аҳамияти стратегӣ касб менамояд. Зеро ҳар як маҳсулоте, ки ба дасти истеъмолкунанда мерасад, мустақиман ба саломатӣ, сатҳи зиндагӣ ва ҳатто эътимоди ҷомеа ба низоми иқтисодӣ таъсир мегузорад. Маҳз дар чунин замина фаъолияти мақомоти назоратӣ, аз ҷумла Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб, ҳамчун як механизми муҳими танзимкунанда ва ҳифзкунанда арзёбӣ мегардад.
Таҳлили фаъолияти ин ниҳод дар семоҳаи аввали соли 2026 нишон медиҳад, ки корҳои анҷомдодашуда танҳо ба санҷишҳои расмӣ маҳдуд намешаванд, балки фарогири маҷмӯи тадбирҳои амалӣ, аз ҷумла корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамкории мустақим бо соҳибкорон ва ташкили муҳити масъулиятшиносӣ дар бозор мебошанд. Яке аз нишондиҳандаҳои ин раванд он аст, ки соҳибкорону фурӯшандагон дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 3783 килограмм маҳсулоти ғизоии пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузаштаашонро ихтиёран ба раёсат супоридаанд. Ин омор аз як тараф, мавҷудияти мушкилоти сифатро тасдиқ мекунад, аммо аз ҷониби дигар, нишон медиҳад, ки сатҳи дарки масъулияти иҷтимоӣ дар миёни соҳибкорон тадриҷан боло меравад. Чунин раванд худ далели он аст, ки назорат танҳо бо роҳи маҷбуркунӣ не, балки тавассути ташаккули фарҳанги тиҷорати пок ва виҷдони соҳибкор самараноктар мегардад.
Ҳамзамон, фаъолияти озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ нишон дод, ки дар маҷмӯъ828 ташхис гузаронида шуда, аз онҳо 55 намуна ғайристандартӣ муайян гардидааст.
Ин рақамҳо гувоҳи онанд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда, хатари воридшавии маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯнабуда ҳанӯз вуҷуд дорад. Маҳсулоти қаннодӣ, ширӣ, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, чой ва меваи хушк аз ҷумлаи он навъҳо мебошанд, ки ба талаботи меъёрӣ ҷавобгӯ набудаанд. Ин ҳолат зарурати тақвияти назорати техникӣ, такмили низоми ташхис ва баланд бардоштани масъулияти истеҳсолкунандагонро боз ҳам равшантар месозад.
Дар баробари ин, назорати давлатӣ дар бахши агросаноатӣ низ натиҷаҳои мушаххас дод. Ошкор гардидани 7 ҳолати вайронкунии талаботи техникӣ ва аз муомилот боздоштани 25 тоннаву 500 килограмм намаки ғайримеъёрӣ нишон медиҳад, ки назорат на танҳо ба маҳсулоти дуюмдараҷа, балки ба маҳсулоти аввалиндараҷаи ҳаётан муҳим низ равона гардидааст. Намак, ки дар назари аввал маҳсулоти одӣ менамояд, дар асл ба саломатии аҳолӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад ва сифати он метавонад ба паҳншавии бемориҳои гуногун мусоидат кунад. Аз ин рӯ, чунин тадбирҳо танҳо иқдоми иқтисодӣ набуда, балки як амали муҳим дар самти ҳифзи саломатии омма ба ҳисоб мераванд.
Ҷанбаи дигари муҳими фаъолияти раёсат дар он зоҳир мегардад, ки он бо соҳибкорон муносибати шарикона ба роҳ мондааст. Бо дархости соҳибкорон дар74 корхонаву сехҳои истеҳсолӣ корҳои сертификатсионӣ гузаронида шуданд. Ин нишон медиҳад, ки бахши хусусӣ худ низ ба масъалаи сифат таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Илова бар ин, дар бахши саноати сабук ва нуқтаҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратӣ роҳандозӣ гардидаанд. Ин равиш аз он шаҳодат медиҳад, ки мақоми назоратӣ танҳо як сохтори ҷазодиҳанда нест, балки ҳамчун роҳнамо ва шарики рушди соҳибкории масъул амал мекунад.
Таҷрибаи мазкур нишон медиҳад, ки ташаккули бозори солим танҳо бо ҷорӣ намудани ҷарима ва маҳдудиятҳо имконнопазир аст. Бозори воқеан устувор он аст, ки дар он истеҳсолкунанда, фурӯшанда ва истеъмолкунанда ҳама дар доираи қоидаҳои муайян ва бо дарки масъулияти худ фаъолият менамоянд. Вақте соҳибкор медонад, ки сифати маҳсулот на танҳо талаботи қонун, балки шарти эътимоди муштарӣ аст, вай худ ба худ ба риояи стандартҳо манфиатдор мегардад. Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи аввал дар минтақаи Кӯлоб нишон медиҳанд, ки раванди танзими бозори истеъмолӣ дар самти мусбат рушд дорад.
Аммо дар айни замон, ин раванд ниёз ба такмили доимӣ дорад. Зеро бозор як низоми зинда аст ва ҳар гуна сустшавии назорат метавонад ба афзоиши маҳсулоти пастсифат ва коҳиши эътимоди ҷомеа оварда расонад. Аз ин рӯ, тақвияти низоми назорати сифат, рушди пойгоҳи озмоишгоҳӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бояд ҳамчун самтҳои афзалиятнок боқӣ монанд.
О. ҲАҚНАЗАРЗОДА,
сардори Раёсати Тоҷикстандарт дар минтақаи Кӯлоб
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
