Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН: БАРРАСИИ КАМБУДИҲО ВА СУПОРИШҲОИ ҚАТЪӢ


ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН: БАРРАСИИ КАМБУДИҲО ВА СУПОРИШҲОИ ҚАТЪӢ




Имрӯз, 30 апрел, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якум ва муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раиси шаҳри Бохтар, инчунин роҳбарони сохторҳои марбутаи самти заминсозии вилоят иштирок намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз мавҷудияти як қатор камбудиҳо дар самти ҷудо кардани қитъаи замин изҳори нигаронӣ намуда, махсусан ба ҳолатҳои ғайримақсаднок тақсим гардидани замин ба аҳолӣ барои сохтмони манзили зист, бинои баландошёна ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Таъкид гардид, ки сарфи назар аз пешравиҳои назаррас дар баъзе соҳаҳо, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла тақсимоти ғайриқонунии замин ва иҷрои ғайриқаноатбахши уҳдадориҳои хизматии бархе аз раисони ноҳияҳо ва кумитаҳои заминсозӣ ба мушоҳида мерасад. Тибқи таҳлилҳои раиси вилоят, ҳолати мазкур ба рушди муназзами соҳа ва беҳдошти шароити зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Бо дарназардошти ин, раиси вилоят ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, пешгирии қонуншиканиҳову ҳолатҳои коррупсионӣ ва ба роҳ мондани низоми шаффоф дар самти тақсимоти замин чораҳои таъхирнопазир андешанд. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба таври мунтазам ва фаврӣ маълумоти хаттӣ пешниҳод карда шавад.
Дар анҷоми маҷлис ба роҳбарони сохторҳо ва мақомоти дахлдори соҳаи заминсозӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Талаб карда шуд, ки барои ҷорӣ намудани тартиботи қатъӣ ва баланд бардоштани масъулият дар фаъолияти хизматӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода