“БОЗТОБ ВА ТАРҒИБИ CAЙЁҲӢ ВA ҲУНAPҲOИ МAPДУМӢ ДАР НАШРИЯҲОИ “ХАТЛОН” ВА“САФО”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 67
![]()
Зери ин унвон монографияи номзади илмҳои филологӣ, устоди кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Расулзода Комрон Бахтиёр дар матбааи “Торус”-и шаҳри Душанбе бо теъдоди 100 нусха ба нашр расид.
Монографияи мазкур бо тавсияи Шурои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба чоп пешниҳод гардида, ба таҳқиқи илмии вижагиҳои инъикоси мавзуъҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллӣ дар матбуоти даврӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар доираи пажӯҳиши худ масъалаҳои назариявӣ ва амалии ташаккули журналистикаи соҳавӣ, аз ҷумла тревел-журналистика, эко-журналистика ва журналистикаи иқтисодиро мавриди таҳлили амиқ қарор додааст.
Дар китоб роҳу усулҳои муассири инъикоси захираҳои табиии нодир, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва мавзеъҳои зиёратӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба нақши нашрияҳои “Хатлон” ва “Сафо” дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа равона шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки инъикоси касбӣ ва ҳадафманди мавзӯъҳои сайёҳӣ метавонад ба рушди иқтисоди минтақавӣ, баланд бардоштани нуфузи фарҳанги миллӣ ва таҳкими худшиносии ҷомеа мусоидат намояд. Ҳамзамон, дар монография масъалаҳои методологии таҳияи маводи журналистӣ, интихоби жанрҳо ва риояи меъёрҳои касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Аҳамияти амалии монография дар он ифода меёбад, ки он метавонад ҳамчун манбаи муфид барои донишҷӯён, магистрантон ва муҳаққиқони соҳаи журналистика, инчунин барои мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, реклама ва робита бо ҷомеа(PR) хизмат намояд. Тавсияҳои пешниҳодгардида барои такмили фаъолияти касбии рӯзноманигорон ва баланд бардоштани сатҳи сифати маводи иттилоотӣ аҳамияти хосса доранд.
Дар маҷмуъ, монографияи Комрон Расулзода саҳми арзанда дар рушди журналистикаи миллӣ гузошта, барои таҳкими заминаҳои илмӣ ва амалии тарғиби сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Набиҷони САИДАБРОР,
«Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...