Баргузории чорабиниҳо дар доираи “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” дар ноҳияи Ёвон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 12
![]()
Дар ноҳияи Ёвон дар доираи эълон гардидани иқдоми “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорону мураббиён ва кӯдакону наврасон иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ намоиши дастовардҳо ва маҳорати кӯдакону наврасон ташкил гардида, ҳунару истеъдоди онҳо мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт ва ба фаъолияти эҷодии онҳо баҳои баланд дода шуд.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон зимни баромади худ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фароҳамсозии шароити мусоид, рушди ҳамаҷониба ва таълиму тарбияи насли наврас ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дастгириҳои давлату Ҳукумат барои ташаккули насли солим, соҳибмаърифат ва ватандӯст заминаи устувор фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” ба рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва эҷодии кӯдакон мусоидат намуда, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар замири онҳо тақвият мебахшад.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...