Шароити таълим беҳтар мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 721
Ҷиҳати ҳалли мушкилоти аз хонаҳои шахсӣ, вагонхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ баровардани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар филиалҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Ховалинг, як филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 дар деҳаҳои Умар Қазоқ ва Авлиёи ноҳияи Кӯшониён корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, то соли нави хониши 2022-2023 биноҳои нави таълимӣ пурра мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва рушди кори соҳа дар вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҳоло дар ҳудуди вилояти Хатлон 1365 муассисаи таълимӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 817 ҳазору 27 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Шумораи толибилмон нисбат ба соли хониши гузашта 37 ҳазору 411 нафар зиёд мебошад.
Шумораи умумии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ 46216 нафар буда, 26002 ҳазор нафари онҳо занонанд.
Теъдоди муассисаҳои томактабӣ низ афзоиш ёфта, ба 159 адад расидааст. Фарогирии кӯдакон дар ин зина 17439 нафар ва дар 850 маркази инкишофи кӯдак 24388 нафар кӯдакро дар бар мегирад.
Давоми як соли охир дар вилоят 3 муассисаи хусусии томактабӣ (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Восеъ), 1 муассисаи давлатии томактабӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва 24 Маркази инкишофи кӯдак афзоиш ёфта, фарогирии кӯдакон 2925 нафар зиёд гардидааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/