Ду ҳодисаи марзӣ - ду бардошт ва ду хиёнат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 103
Ҳодисаҳо ва баҳсҳои сарҳадӣ дар аксарият кишварҳои олам вуҷуд дорад. Ҳатто кишварҳои қудратманд низ мавҷуданд, ки ба даргириҳои сарҳадӣ гирифтор ҳастанд.
Ҳамин аст, ки истилоҳҳое чун "экспансия" дар геополитика ё худ сиёсати ҷугрофиёи ба вуҷуд омадааст. Дар тули таърих лашкаркашиҳову забткориҳо бо сабабҳои гуногун сурат гирифта, мақсади ягонаи онҳо ишғоли сарзаминҳо ва васеъ намудани ҳудудҳои кишварҳои худ буданд.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз азал миллати сулҳдусту сулҳҷу ва сулххуй буду ҳаст ва ба сари ҳеҷ миллате ҳуҷум накардааст ва ба забткориҳои бераҳмона низ даст назадааст. Лекин ҳар касе, ҳар қавме, ҳар гуруҳе ва ҳар империяе, ки ба сарзаминҳои тоҷикон ҳуҷум кардааст тоҷикони ҷасур онҳоро рондаанд ва аз заминҳои худ дифоъ кардаанд.
Дар инҷо банда меҳохам аз тафсири умуми худдори намоям ва ба асли мавзуъ диққати хонандаро ҷалб созам.
ДУ ҲОДИСА
Соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди ду ҳодисаи сарҳади (марзи) гардид. Яке ҳодисаҳои санаи 29-30 апрели 2021 дар минтакахои марзии Чоркух ва Ворухи шахри Исфара хамсархад бо минтақаҳои Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон ва дуюм ин ҳодисаҳои марзи бо ҳамсоякишвари Афғонистон ва забти ҳокимияти Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи экстремистию террористии Толибон* мебошад.
Ғасби ҳокимияти Афғонистон аз ҷониби Толибон натанҳо Тоҷикистон балки кишвархои минтака ва чахонро ба ташвиш андохтааст, зеро Толибон як гурӯҳи тундрав, вахши ва котилу эҳсосотие ҳастанд, ки ба ҳеч гуна арзишҳои инсони эҳтиром қоил нестанд. На ба занон раҳм доранду на ба кӯдакон, на ба пирон раҳмат доранду на ба барҷомондагон.
Ин ду ҳодисаи сарҳади имкон дод, ки Ватан-Точикистон бифаҳмад, ки фарзандҳояш киҳоянд, дустонаш киҳоянду душманонаш киҳо.
ДУ БАРДОШТ
Банда ба хайси як шаҳрванд ва истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимои аз аввал дар сафи пеши набардҳои истихбороти ва ҷангхои иттилооти оид ба ҳарду ҳодисаи сарҳади қарор дорам. Аввал санаи 29-30 апрел 2021 баъди задухурди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҷангҳои иттилооти бештару шадидтар шурӯъ шуданд.
Дуюм санаи 16 августи 2021 вақте Толибон Кобул ва дигар минтақаҳои Афғонистон то наздикии сарҳадҳои Тоҷикистонро ба ҷуз Панҷшер дар ихтиёри худ дароварданд. Пасон ба ҷанги иттилооти шурӯъ карданд ва намояндаҳояшон низ дар мисоли Гулбуддини Ҳикматёру дигар як-як "ҳушдор" ҳам медиҳанд ба тоҷикону ба Тоҷикистон.
Ҷои таассуф он аст, ки дар ҳарду ҳодисаи сарҳади гурӯҳҳои ба ном мухолифи Ҳукумати конститсионии Тоҷикистон мавқеашонро тағйир дода, дар паҳлуи душман қарор гирифтанду муқобили Ватан саф оростанд.
Бардошти аввал дар ҳоле буд, ки тамоми миллат новобаста аз мавқеъ ва мансабу масъулият муттаҳид шуда, барои ҳифзи сарҳад ва марзу буми кишвар дар шаҳри Исфара ҷамъ омаданд. Ҳатто 300-400 нафар қумандонҳои собиқ фронти халқи, ҷавонони ғаюри шаҳру ноҳияҳо ҳама сарҷамъ шуданд ва ихтиёран ба сарҳад барои ҳимояи марз рафтанд. Инчунин роҳбарону аъзоёни ҳизбҳои сиёсӣ, собиқ вазирону раисон дар мисоли Сайидамир Зуҳуров собиқ раиси КДАМ ҶҶТ, имомхатибону руҳониёни маъруф дар ҳамовози бо ҳукумати мамлакат муттаҳиду сарҷамъ шуда, ба ҳимояи марзи Ворух, Чоркуҳ ва Хочаи Аълои шаҳри Исфара бархостанд. Миллат ҳама муттаҳид буданро дар ин ҳодиса мушоҳида намуд.
Бардошти дуюм аз ҳодисаҳои сарҳади бо Афғонистон аст. Вақте неруҳои Амрико аз ҳамсоякишвари мо Афғонистон, ки 20 сол боз мубориза мебурданд, берун баромаданд. Майдон барои Толибони террорист холи гашт ва якбора ба ғасби вулусволиҳо шуруъ карданд. Чун нақшаи пеш тарроҳишуда буд онҳо дар муддати кутоҳ аксарият минтақаҳои Афғонистонро дар тобеияти худ дароварданд. Минтақаҳои ишғолнамудаи Толибон* то минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон тул кашид ва барои Тоҷикистон хавфпазир буд. Аз инру миллат боз дубора муттаҳиду сарҷамъ шуда, бо ташаббуси роҳбарияти олии мамлакат неруҳои низомии Тоҷикистон бо ҳама неруи худ, техникаҳои ҳарби, танку беттеэрҳои ҷанги ва дигар лавозимоти муқовиматкунандаи низоми ҳам дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияи Панҷ ва ҳам дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ машқҳои низомию тактики гузарониданд ва дубора муттаҳиду сарчамъ будани миллатро нишон доданду исбот карданд. Ин ду бардошт аз ду ҳодиса буд.
ДУ ХИЁНАТ
Хиёнати аввал, дар мавриди ҳодисаи якум мебошад. Ин хиёнат аз ҷониби гурӯҳҳое бо номҳои ҷаъли масалан "Паймони миллӣ", "Ислоҳ", "Гурӯҳи 24"... ва дигар мухолифи ҳукумат (аниктараш экстремистон), ки тоҷикони худамон ҳастанд сурат гирифт.
Дар ҳодисаҳои сарҳади дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин гурӯҳчаҳо албатта неруи ҷисмию моддие надоранд, вале тарафдории маънавии худро аз Қирғизистон нишон доданд. Ҳатто роҳбарашон Муҳиддин Кабири ҷонибдори ва завқзадагии худро аз қирғизон тарики наворҳо изҳор дошт. (Навору суҳбатҳо вуҷуд доранд ва ин делили раднопазир аст!) Ин хиёнати аввали онҳост вобаста ба ҳодисаҳои сарҳадии ахир.
Хиёнати дуввум, тақрибан мисли аввал аст. Ин дафъа вақте гурӯҳи Толибон* Афғонистонро ғасб карданд аъзои наҳзат ва гурӯҳҳои мухолиф завқзада шуда, ба пуштибони аз толиб шуруъ карда гуфтору суханҳои пучу носанҷидаеро пахшу нашр карданд. Аҷобати мавқеъгирии дур аз мантиқи гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати конститутсионӣ дар он аст, ки онҳо як гурӯҳ тундрав, ифротӣ, террорист, қотил, ки ҳаррӯза ҳазорҳхо занону кӯдакони маъсумро мекушанд, ҳаққи мардумро поймол мекунанд, ба ҳеҷ арзишҳои инсони эҳхтиром қоил нестанд, ин гурӯҳро аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар хонданд ва худро шармандатар аз он карданд, ки буданд.
Магар мешавад қиёс кард!?? Ин куҷову он куҷо!??
Аслан қобили муқоиса нест! Тоҷикистон -кишвари ободу озод, аз ҳама муҳимтарин неъмат амният вуҷуд дорад. Занону мардон таҳсил мекунанд, кор мекунанд ва осуда зиндаги мекунанд.
Ин хиёнати дуввуми наҳзатиён ва дигар гурӯҳҳои мухолиф дар масоили сарҳади буд.
Бояд кайд намуд, ки дере нагузашта мухолифин аз ин мавқеъгирии нодурусти худ пушаймон шуданд. Зеро диданд, ки мардум ҳама бар як андеша, бар як назар, бар як иттиҳод ҳастанд ва ин мухолифин ҳастанд дар роҳи хато. (Навору матлабҳо оид ба ҳимояи наҳзатиён аз Толибон* вуҷуд дорад ва ин ҳам далели раднопазир аст).
Ҳоло шояд ҳар касе андешае дошта бошад, вале андешаи банда дар ин маврид ҳамин аст, ки гуфтам ва мавқеъгирии нодурустро дар ин мавридҳои ҳассос барои Тоҷикистон ва минтақа ХИЁНАТ БА ВАТАН ВА МИЛЛАТ мешуморам.
Хиёнат кабира ҳаст ва сағира, албатта, ки ин хиёнати кабира - яъне хиёнати бузург мебошад.
Тавре таҳлили сиёсатшиносон ва коршиносон нишон додаву исбот намудааст, гурӯҳҳои мухолифи сиёси (ПМТ - Гр.24, Харакати ислоҳот, Ислоҳ, Анҷумани ба ном озодандешон ва амсоли инҳо) тақрибан дар ҳеч давраи муборизаи худ бурди сиёси надоштаанд, баръакс дар ҳар лаҳзаи ҳассос худро беобрутар сохтаанд. Ин бор бо содир кардани ин ду хиёнат бохти бузурги дигаре ба онҳо ворид шуд. Хелеҳо ҳам аслу воқеияту мақсаду мароми онҳоро шинохтанд ва фаҳмиданд.
ХУЛОСАИ КУТОҲ
Аз ин бармеояд, ки "Ислом"-и наҳзатиҳо ва дигар мухолифин "Ислом"-и Толибони аст. Ислом ва дин гуфтани эшон танҳо барои қудрат аст на барои Худо! Шояд хонандаи арҷманд гуяд, ки СИЁСАТ ТАҒЙИРЁБАНДА АСТ, вале ба хонандаи арҷманд мегуям, ки ГУРГЗОДА ГУРГ ШАВАД, ГАРЧИ БО ОДАМИ БУЗУРГ ШАВАД. Абарқудратон хостанд Толибон* Афғонистонро бигиранд шояд тағйир карда бошанд аз 20 соли пеш. Вале на, баръакс беимонтару бедоништару манқурттар шудаанд, аллакай кишварҳои завқзада ба мисли Россия, Эрон ва дигар нишонаҳои пушаймонии худро изҳор доранд. Наҳзат низ бо ин мавқеъгириҳои нодуруст ва хиёнатҳояш ҳеҷгоҳ тағйир кардани нест!
Мирзошариф Абдусаломов
таҳлилгар