Ораш Алоӣ: «Тоҷикистон аз коронавирус раҳоӣ меёбад, агар...»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 1 702
Дар пайи пайдоиши намудҳои нави вируси омикрону делтакрон ва Омикрононфлонзо миёни мардум, оид ба хатар ва роҳҳои пешгирӣ аз он, зарур ё муҳим набудани гирифтани ваксина, ки аксари одамон ба ин шубҳа доранд ва то чанд вақти дигар вирус дар ҷаҳон боқӣ мемонад, идораи рӯзномаи «Хатлон» бо духтури номвар ва олими тиб Ораш Алоӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом дод. Навори видеоии суҳбатро бо пахши QR-рамз тамошо кунед.
Таҷрибаҳо нишон доданд, ки пас аз ваксина гирифтан, танҳо қариб 30 фисади одамон дучори ин вирус мегарданд.
- Чанд нафар аз хонандаҳои рӯзнома пурсон шуданд, ки то куҷо гирифтани ваксина алайҳи коронавирус ба организми инсон фоида дорад? Оё ваксина оризаҳо надорад?
- Суоли бомаврид. Бояд бидонем, ки агар ваксина гирем ё доруе алайҳи коронавирус истифода барем, фоида аз зарар бояд бештар бошад. Шахсоне, ки ваксина мегиранд, вақте ки 17 маротиба фавт ва 17 маротиба шадид шудани беморӣ миёни онҳо камтар мешавад, ин хуб аст. Ҳамзамон, пас аз гирифтани ваксина, ҳатман ниқоб пӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро на камтар аз 1,5 метр риоя кунанд. Агар одамон ин тавсияҳоро дар амал иҷро кунанд, 90 фисади бемории Covid-19-ро пешгирӣ мекунанд.
Дар мавриди оризаҳои вирус, мо оризаҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунем: оризаҳое, ки шадиду хатарнок ҳастанд ва оризаҳое, ки шадид ва хатарнок нестанд. Хушбахтона, тамоми ваксинаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас аст, сертификати Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро (СУТ) дорост.
Дар ин вояи ваксинаҳо оризаҳои хатарнок ниҳоят кам аст. Фарз кунем, агар аҳолии Тоҷикистон 10 миллион нафар бошад, на бештар аз 10 нафари онҳо ба оризаҳои хатарнок гирифтор мешаванд. Агар 10 миллион нафар ба ин вирус мубтало шаванду ваксина нагиранд, ба 100-300 ҳазор нафар хатари фавт эҷод мешавад. Он оризаҳое, ки мардумро ба шубҳа овардааст, сабук ва зудгузаранд. Ба монанди ҷойе, ки духтур тазриқ мекунад, дард мегирад, сурхӣ пайдо мешавад, ё шахс 3-4 рӯз беҳолу бемадор хоб мекунад, таб ва бадандард мешавад. Инҳо оризаҳои нигаронкунанда нестанд ва бояд мардум дарк кунанд, ки ҳарчи зудтар ваксина бигиранд.
- Дар ҷаҳон чанд навъи вояҳои зиддиковидӣ истеҳсол ва истифода мешавад, аз қабили Модерна, Коронавак, Спутник-V, Астра Зенека ва ғайра. Дар миёни мардум гоҳе баҳсҳое бар сари беҳтар будани кадоме аз ин вояҳо шунида мешаванд. Илми тиб дар ин бора чӣ хулоса дорад?
- Мо набояд таваҷҷуҳ кунем, ки ваксина истеҳсоли кадом кишвар аст. Кишвар муҳим нест, чунки имрӯз давлатҳо бо иштироки якдигар ин ваксинаҳоро тавлид мекунанд. Ҳамаи ваксинаҳое, ки аз ҷониби СУТ сертификат ва ё иҷозати истифодаашро доранд, ҳамагӣ хуб ҳастанд. Аммо ба хотири роҳи асари он тафовутҳое бо ҳам доранд ва аз самаранокиашон фарқ мекунанд. Ҳеҷ як кадом вояи ваксинаҳо вируси зиндаи фаъол нестанд. Аз ин рӯ, шаҳрвандон бояд донанд, ки вояҳои ваксина беморӣ эҷод намекунанд.
- Имрӯзҳо намудҳои нави вирус пайдо шудааст, аз қабили “Омикрон”-у “Делтакрон”. Табибон ҳам бар зидди он даво ҷуста истодаанд. Пайдоиши ин намуд вирусҳо то куҷо хатар доранд? Аломатҳояш чист?
- Вирусҳо ҳар чӣ қадар аз бадани як шахс ба бадани шахси дигар гузарад, хатари пайдоиши намудҳои нави вирус бештар мешавад. Аз ин сабаб бояд кӯшиш кунем, ки занҷираи интиқоли вирусро қатъ гардонем. Мо наметавонем, пешгӯӣ кунем, ки хатари намудҳои нави вирус дар оянда барои аҳли башар бештар хоҳад буд ё камтар. Ҳоло намудҳои нави вирус пайдо шудааст - Омикрон, Делтакрон ва дар баъзе кишварҳо Омикрононфлонзо, ки ҳамаи ин зуд паҳн мешаванд. Ба ин хотир, аҳолӣ бояд ба саломатии худ, махсусан ба кӯдакони хеш аҳамият диҳанд. Зеро дар аксарияти кишварҳо кӯдакон ваксинаҳои зиддиковидро нагирифтаанд ва ин метавонад, манбаи паҳншавии беморӣ дар байни кӯдакон гардад.
Нишонаҳои ин вирусҳо асосан беҳоливу бемадорӣ, обравии бинӣ, гулӯдард, бадандард, баландшавии ҳарорати бадан, дар баъзе шахсон сулфа ҳаст ва дар баъзе шахсон сулфа намешавад. Ҳар нафаре, ки ба ин нишонаҳои вирусе, ки гуфтам, гирифтор мешаванд, бояд на камтар аз 10 рӯз дар як утоқи алоҳида саломатии худро барқарор созанд. Пайвандони бемор дар ин муддат бояд робитаро бо шахси гирифтории вирус анҷом надиҳанд ва аз ниқоб истифода бурда, тирезаҳои хонаи худро боз монанд.
- Дар кишвари мо имрӯзҳо бемории мавсимии зуком ва гулӯдард бисёр мушоҳида мешавад. Оё онҳое, ки боре гирифтори коронавирус шудаанд, зукоми мавсимиро сабук мегузаронанд?
- Алъон, баъзе аз нишонаҳое, ки дар одамон дида мешавад, ба монанди гулӯдард, бадандард ва обравии бинӣ, ин метавонад Covid-19, Омикрон ё зукомҳои вобаста ба онфлонзою бошад. Ҳарду бояд пешгирӣ карда шавад. Аҳолӣ набояд нисбат ба ин бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кунанд ва ҳеҷ гоҳ фикр накунанд, ки ин зуком зукоми сода аст. Онҳое, ки боре гирифтори коронавирус шудаанд, зукоми мавсимиро сабук мегузаронанд. Аҳамият дар гирифтани ваксина аст. Онҳое, ки дар гузашта ба коронавирус гирифтор шудаанд, миқдори масуният доранд ва онҳо зукоми мавсимиро сабук мегузаронанд. Вале нуқтаи муҳим ин аст, ки аҳолӣ бояд кӯшиш кунад, ду навбат ваксина бигиранд. Чизи муҳиме, ки бояд қайд кунам, ин ба нишонаҳои беморие, ки гуфтам ниёз ба масрафи антибиотик ё доруҳои зиддивирусӣ аслан нест. Фақат бояд 10 рӯз дар хона бимонанд, ҳатман, бо табиби оилавӣ суҳбат кунанд. Худи бадан ба пуррагӣ ин вирусро нобуд мекунад. Аз ҳама муҳим ин аст, ки шахси бемори зуком ё вобаста ба коронавирус, набояд ба шахси солим ин бемориро гузаронад. Агар мардум нисбат ба ин чизҳо беаҳамиятӣ кунанд, ин боиси пайдоиши намудҳои нави вирус мегардад.
- Баъзе нафароне, ки бемории Ковид-19-ро пушти сар кардаанд, бо гузашти моҳҳо, ҳанӯз ҳам аз душвории нафаскашӣ, заъфи хотира шикоят доранд. Оё асароти манфии коронавирус ба сиҳатии инсон пажӯҳиш шудааст?
- Шахсоне, ки ду маротиба вояи ваксина задаанд, бемориро сабук мегузаронанд ва фавт дар миёни онҳо хеле коҳиш меёбад. Вале шахсоне, ки ба Covid-19 гирифтор мешаванду баъд аз он то ду ҳафтае, ки бадан вирусро тарк мекунад, Covid-19 метавонад, сабаби нишонаҳои баъд аз коронавирус шавад. Ин нишонаҳо бисёр муҳим аст. Чаро? Чун мо мебинем, ки шахсоне Covid-19 шудаанд, сабаби афзоиши баландшавии бемории қанд гардад. Аз ин лиҳоз, истифодаи ниқоб ва гузаронидани ваксина бениҳоят муҳим аст.
-Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешбинӣ кардааст, ки дар сурати дуруст роҳандозӣ шудани маъракаи эмгузаронӣ, соли 2022 поёни даврони коронавирус фаро мерасад. Шумо чӣ назар доред?
-Ба ин гуфта ҳоло хулосабарорӣ кардан хеле барвақт аст. Аммо он чи ки мусаллам аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳамкориҳои илмӣ, нигоҳи илмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва мардум барномаҳо то ба имрӯз хуб буданд. Бояд ин барномаҳо давом ёбанд. Яъне, агар аҳолии Тоҷикистон дар маъракаи ваксинагузорӣ фаъолона иштирок кунанд, хусусан дар ин даврае, ки намудҳои нави вирус кашф шудааст, шояд дар ин сурат Ҷумҳурии Тоҷикистон то поёни соли 2022 ба як муваффақият бирасад. Аммо дар умум ҳанӯз мушкил аст гуфтан, ки коронавирус поён меёбад ё хайр.
Н. Маъмурзод а,
Ф. УМАРОВ, “Хатлон”