Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Ҷавонон дар масири Истиқлол


Ҷавонон дар масири Истиқлол




Ҷавонон  аз  рӯзҳои  аввали соҳибистиқлолии  кишвар  дар меҳвари  сиёсати  иҷтимоии  давлату  Ҳукумат  қарор  доранд.  Ҳамин буд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз солҳои нахустини  ба  Истиқлоли  давлатӣ расидан  ба  татбиқ  намудани  сиёсати  давлат  доир  ба  ин  қишри муҳими  ҷомеа  ҳамчун  неруи  созанда ва бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд.

Ҷавонон неруи созанда ва бунёдкори ҷомеа ба ҳисоб  рафта,  дар  таҳкими  давлатдорӣ  ва  рушди ҳамаҷонибаи  соҳаҳои  мухталифи  хоҷагии  халқи мамлакат нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами  миллат  ҳамеша  ин  неруи  таҳкимбахши истиқлолро  дастгирӣ  намуда,  барои  онҳо  ҳам аз  ҷиҳати  таҳсил  ва  ҳам  аз  ҷиҳати  фаъолиятҳои меҳнатӣ  шароити  мусоид  фароҳам  овардаанд. Зиндагии  шоистаи  мардум  имконият  медиҳад,  ки ҷавонони  кишвар  беш  аз  пеш  ба  илмҳои  муосир рӯ оваранд ва аз технологияҳои навин самаранок истифода намоянд.

Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯзҳо ҷавонон  бо  дарки  масъулияти  сиёсиву  иҷтимоии худ  дар  назди  давлат  ва  ҷомеа  барои  пешрафту ободии Ватани худ бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ заҳмат мекашанд. 

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  -  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  борҳо  таъкид  намудаанд,  ки ҷавонон  номбардори  миллат  ва  кафили  ояндаи дурахшони Ватананд. Ин нукта баёнгари он аст, ки  масъалаи  ҷавонон  танҳо  як  самти  сиёсати иҷтимоӣ  набуда,  балки  стратегияи  сарнавиштсоз барои тақвияти истиқлолият ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Заминаи  ҳуқуқии  сиёсати  давлатии  ҷавонон бо  қабули  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  сиёсати  давлатии  ҷавонон»  дар  соли  1992 гузошта шуд, ки тамоми муносибатҳои марбут ба ҷавононро танзим мекунад. Аз он замон то имрӯз даҳҳо барнома ва ташаббусҳои давлатӣ роҳандозӣ гардиданд:  стипендияҳои  президентӣ,  ҷоизаи  ба номи  Исмоили  Сомонӣ,  стипендияҳои  байналмилалии  «Дурахшандагон»,  квотаҳои  президентӣ, грантҳои  ҳукуматӣ  ва  дастгирии  ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон. Ин тадбирҳо на танҳо ҳавасмандгардонии  ҷавононро  таъмин  мекунанд, балки нишон медиҳанд, ки давлат бо такя ба неруи насли нав қадамҳои устувор мегузорад.

Ҷавонони  лаёқатманд  дар  баробари  таҳсил ва омӯзиш имрӯз ба зинаҳои роҳбарикунанда низ роҳ  ёфта,  нишон  медиҳанд,  ки  сиёсати  кадрии кишвар  ҷавонгароӣ  ва  таҷдиди  неруро  таъмин менамояд.  Дар  баробари  ин,  соҳаҳои  ҷавонон ва  варзиш  ба  минбари  худшиносӣ  табдил  ёфтаанд.  Ғалабаҳои  ҷавонон  дар  мусобиқаҳои байналмилалӣ,  ҷумҳуриявӣ  ва  иштироки  фаъоли онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи  доноӣ  китоб  аст»,  «Тоҷикистон  -  Ватани азизи ман» ва «Илм - фурӯғи маърифат» далели возеҳи  дастгирии  ҳамаҷонибаи  давлат  аз  неруи эҷодкор ва созандаи ҷавонон мебошанд.

Таърибаи беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ собит сохт, ки ҷавонон неруи муттаҳидкунанда ва пояи устувори давлатдорӣ ҳастанд. Маҳз бо дастгирии онҳо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ  мустаҳкам  мегардад.  Давлат  имрӯз ҷавононро на танҳо ҳамчун сармояи иҷтимоӣ, балки ҳамчун шоҳсутуни фардои Тоҷикистон мебинад.

Ҷавонони  вилояти  Хатлон,  мисли  дигар ҷавонони  кишвар,  дар  таҳкими  сулҳу  субот, ҳифзи  оромӣ  ва  пешрафти  соҳаҳои  хоҷагии  халқ саҳми  назаррас  доранд.  Маҳз  онҳо  дар  густариши  тарзи  ҳаёти  солим  ва  оммавигардонии  вар-зиш  нақши  калидӣ  дошта,  бо  дастовардҳои  худ дар  мусобиқаҳои  сатҳи  байналмилалӣ  Парчами Тоҷикистони  азизро  дар  гӯшаҳои  гуногуни  ҷаҳон парафшон месозанд.

Дар ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳо ва фишорҳои гуногун,  аз  ҷумла  муқовиматҳои  иттилоотии абарқудратҳо ба амал меоянд, таъсир ба маънавиёт ва ҷаҳонбинии мардум ногузир аст. Бо вуҷуди ин, ҷавонони вилояти Хатлон бо дарки пурраи масъу-лият талош мекунанд, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳифз ва фазои амну субот таъмин гардад, раванди  бунёдкориву  созандагӣ густариш ёбад ва мардум дар зиндагии шоиста қарор гиранд.

Яке  аз  омилҳои  муҳими  худшиносии  ҷавонон  рӯ  овардан  ба таърихи миллӣ, омӯзиши адабиёти  пурғановати  тоҷик  ва  шинохти саҳми  фарзонагони  миллат  дар рушди  илм  ва  тамаддуни  башарист. Ин раванд на танҳо тарбияи маънавӣ,  балки  таҳкими  ҳувияти миллӣ ва эътимод ба ояндаи кишвар мебошад.

Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти  Хатлон  ба ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги созанда такя намуда, нақши онҳоро дар пешрафти кишвар муҳим мешуморад.

Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  пайваста  таъкид  менамоянд,  ки  мақсади  сиё-сати  давлатии  мо  дар  соҳаи  кор бо  ҷавонон  аз  тарбияи  кадрҳои маданию  маълумотдор,  мутахассисону  наслҳои  дараҷаи  дониши васеъдошта  ва  ватандӯст  иборат аст. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон  дуруст  тарбия  намудани насли  наврас  мутобиқи  талаботи замон мебошад, ки моҳияти миллии  сиёсати  давлатии  моро  дар соҳаи  кору  тарбия  бо  ҷавонон ифода менамояд.

Имрӯз  кадрҳои  дар  мактаби бузурги  давлатдории  Эмомалӣ Раҳмон  бакамолрасида  барои пешрафти  ҷомеа  пайгирона  талош  меварзанд.  Мо  дар  фаъолияти худ ба роҳандозии консепсияи “Рӯй  овардан  ба  ҷавонон”  афзалият  медиҳем,  ки  ин  ҳадаф  аз таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат бармеояд. Иқдоми мазкур омили муҳими ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба умури идораи давлат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори онҳо дар ҷомеа ба шумор меравад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонон ҳамчун неруи муттаҳидкунанда барои барқарорсозии сулҳу субот, бунёди ҷомеаи демократӣ, мустаҳкам кардани иқтидори кишвар, тарғиби солимиву тавонмандӣ, рушди илму техника ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеа саҳми хеле назаррас гузоштанд.

Мутмаинам,  ки  бо  ҳидоятҳои созандаву  ояндабинонаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҷавонони  мамлакат  минбаъд  низ дар  дунёи  мутамаддин   мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ дошта, дар роҳи  бунёди  ояндаи  дурахшон, ҳифзи асолати таърихи ҳазорсола, муаррифии  шоистаи  Тоҷикистон ба  ҷомеаи  ҷаҳон  қадамҳои  устувор мегузоранд.

Рамазон НАСРИДДИНЗОДА, 
сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода