КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Истиқлоли давлатӣ шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик аст. Мардуми саодатманди кишвар имсол ҷашни таърихию ифтихорӣ - 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро чун нишонаи пойдориву бақои давлатдории миллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки соҳиби давлати мустақил ва озоду соҳибихтиёр мебошанд.
Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ташаккули давлати то-забунёди Тоҷикистон ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои боэътимод гузошт. Бо дарназардошти ин тамоми корҳои азиму назаррасе, ки то имрӯз дар ватани маҳбубамон амалӣ гардиданд, бо мафҳуми арзишманди Истиқлол иртиботи қавӣ доранд. Рушду пешрафти самтҳои гуногунҷабҳаи вилояти Хатлон низ дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бамаротиб таъмин гардид. Бо шарофати пойдории истиқлолият сокинони вилоят аз баракати пойдории Ваҳдату суботи сиёсӣ ва Истиқлоли давлатӣ зиндагии орому осуда дошта, ҷиҳати пояндаву устувор нигоҳ доштани аркони давлатдорӣ азму иродаи қавӣ доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо таваҷҷуҳи бевоситаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ин давра рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва беҳтар гардидани ҳифзи иҷтимоии аҳолиро аз масъалаҳои меҳварии фаъолият қарор дода, натиҷаҳои қонеъкунанда ба даст овард.
Дар ин замина таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти вилоят хусусан ба самти рушди соҳаи афзалиятноки кишвар бештар зоҳир шуда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳаи маорифи вилоят бамаротиб зиёд гардид. Барои мисол, агар соли 2019 маблағгузории соҳа 1 миллиарду 17 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медод, соли 2025 ба 2 миллиарду 740 миллиону 578 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки 1 млрд 723 млн сомонӣ ё ин ки 2 баробар зиёд аст. Ин дастгириҳо ба натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар соли таҳсили 2024-2025 дар даври ниҳоии Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 800 медал ва аз сабқатҳои байналмилалӣ 903 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2022-2023-юм 716 ҷой зиёд мебошад.
Дар ҳудуди вилоят, дар маҷмуъ 1592 нафар хонанда гирандаи намудҳои гуногуни стипендияҳо буда, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии 10 шаҳру ноҳияи вилоят тавонистанд, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар озмуни аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқра соҳиби 27 аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқра гарданд.
Дар самти пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи тандурустии вилоят як қатор инфрасохтори соҳа бунёд гардида, шароити арзандаи ташхису табобат ба сокинони вилоят таъмин гардид. Дар доираи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 477 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, то соли 2025-ум 178 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст.
Таъсиси ҷоизаҳои раиси вилояти Хатлон “Ворисони Сино”, озмунҳои “Беҳтарин муассисаи тиббии сол”, “Беҳтарин табиби сол”, “Беҳтарин корманди миёнаи тибби сол”, “Беҳтарин дастоварди соҳаи тиби вилоят” ва мукофотонии онҳо, ҳар кадом ба маблағи 5000 сомонӣ, таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти вилоят вобаста ба рушди ин соҳаи афзалиятноки кишвар аст, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ амалӣ карда мешавад.
Дар 34 соли даврони Истиқлоли далатӣ дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила тавассути қабул ва татбиқи Барномаҳои давлатии соҳавӣ корҳои зиёди амалӣ анҷом дода шуданд. Боиси қаноатмандӣ аст, ки ҷавонон имрӯз дарк менамоянд, ки истиқлоли воқеӣ доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагӣ аст. Танҳо афроди воқеан ватандӯст метавонанд дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созанд.
Вобаста ба ин, соли дуюм аст, ки нақшаи даъвати ҷавонони вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар рӯзи аввал сарбаландона таъмин шуда, онҳо бо шарафу ифтихор вазифаи муқаддаси худ - ҳимояи Ватани маҳбубамонро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.
Занону бонувони соҳибиродаи вилоят аз самараи соҳибдавлатию соҳибистиқлолии кишвар шукрона намуда, дар таъмини ҳадафҳои давлатсозию давлатдории Пешвои маҳбуби кишвар мавқеи устувори худро нигоҳ медоранд.
Онҳо ҳамчун зан ва модари босавод аз минбари баланди андешаҳои комили худ дар тинати фарзандон номуси ватандорӣ ва ифтихори миллиро тарбия намуда, садоқату муҳаббатро дар ниҳоди онҳо парвариш медиҳанд. Миллати сарбаланди тоҷик аз пойдории истиқлоли кишвар ифтихор менамоянд. Онҳо дастоварди нодиртарин- ваҳдати комилро, ки ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар муддати кутоҳи таърихӣ ба даст овард, қадр менамоянд.
Ин воқеият аст, ки дар саргаҳи идораи давлатдории мо шахсияти комилу арзанда ва самимию мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувору қавӣ доранд. Шахсияти таърихие, ки дар лаҳзаҳои ҳассос давлатро аз парокандагӣ ва миллатро аз нобудӣ раҳо кард. Мо дар зарфи 34 соли давлатдорӣ бо сарварии Пешвои ваҳдатовари миллат марҳилаи ниҳоят ҳассос ва мушкилтаринро пушти сар намудем. Бо пуштибонӣ аз сиёсати олии давлатсозии Пешвои муаззами худ мо Тоҷикистони азизро ба як давлати мустақил, рушдёфта ва устувор табдил додем ва ба ҷаҳониён миллати соҳибфарҳанг будани худро собит намудем. Имрӯз рисолати мо соҳибватанон ҳамин аст, ки ин дастовардҳоро бо қимати ҷони худ ҳифз намуда, барои боз ҳам ободу зебо намудани ватани азизамон содиқона заҳмат кашем. Корҳои бунёдкорию созандагӣ ва дигаргуниҳои иқтисодию иҷтимоиро бо навгониҳои тоза ба роҳ монда, самаранокии идораи давлатиро таъмин созем. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузург бархӯрдор аст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дар сатҳи баланди ифтихори ватандорӣ баргузор намудани тантанаҳои сиёсию фарҳангии ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят чорабиниҳои тантанавӣ, конфронсҳои соҳавӣ ва барномаҳои фарҳангии “Шукуҳи Истиқлол” ҷараён дошта, мафҳуми соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дар ҳар як кӯчаву маҳал, деҳаҳои дурдаст, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вусъати корҳои тарғиботӣ бо усули “Хона ба хона”миёни аҳолӣ ҷараён дорад.
Итминони комил дорам, ки аз баргузории чорабиниҳои идона насли ҷавон ибрати баланди ватанпарастӣ гирифта, дарк менамоянд, ки ифтихори ватандории миллати сарбаланди тоҷик бо роҳнамоии Пешвои муаззаму арзандаи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳазорсолаҳо аз насл ба насл талқин шавад. Зеро тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату Ватани худро дар дасти хеш доранд. Сокинони вилоят аз соҳибдавлатӣ, шарафмандӣ, қудрату тавони миллати сарфарози тоҷик бо раҳнамоии Пешвои муаззами миллат ифтихор до-ранд, ки ин бахти бузург ва нишонаи соҳибистиқлолӣ аст.
Анзурат АБДУСАЛОМЗОДА,
муовини раиси вилояти Хатлон
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.