КАФИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 сентябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 94  
![]()
Истиқлол волотарин ва арзишмандтарин  дастоварди  миллат  аст,  ки  бо ба  даст  овардани  он  халқи  тоҷик  ба озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва имкони худсозӣ даст ёфт. Таърихи 34-солаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар  аз  мушкилоту  таҳдидҳои  оғози он,  ба  марҳилаи  нави  рушду  таҳкими давлатдорӣ расидааст.
Бо  шарофати  сиёсати  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  -  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Тоҷикистони  азиз аз зинаҳои душвори таърих гузашта, имрӯз ба як кишвари босубот, амн ва рӯ ба рушд табдил ёфтааст.
Дар  давраи  соҳибистиқлолӣ шаҳри Левакант ба маркази муҳими индустриалӣ  табдил  ёфт.  Корхонаи   бузурги  саноатии  ҶСК  «Азот» пас  аз  таҷдид  ва  модернизатсия  ба шабакаи  истеҳсолии  муосир  пайваст ва ба иқтидори истеҳсолии бузург расид. Ин иқдом бо  ташаббусҳои  Пешвои  миллат  баҳри  иҷрои  яке  аз ҳадафҳои  стратегии  мамлакат  -  «Саноатикунонии  босуръати кишвар» рӯйи кор омад ва беш аз 1 000 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.
Ҳамчунин,  7  ноябри  соли  2024  зимни  сафари  корӣ ба вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парки  инноватсионии  саноатию  технологии  шаҳри Левакант  бо  фарогирии  6  корхонаи  истеҳсолӣ  дар доираи  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ва амалигардонии нақшаву барномаҳои  рушди  соҳаи  саноат  бо  иқдоми  соҳибкори ватандӯст Холмаҳмад Чиллазода дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ бунёд гардидааст. 
Тавассути  гранти  Бонки  Осиёии  Рушд  ва  бо  саҳми ширкатҳои  ватанӣ  масири  роҳи  Бохтар-Левакант (9,72 км) бо арзиши 22,81 миллион доллар ва Левакант-Лолазор  (30,28 км)  бо  арзиши  беш  аз  19,62  миллион доллар  навсозӣ  гардид.  Ин  масирҳо  нақши  иқтисодию иҷтимоии муҳим доранд, онҳоро сиёсати роҳсозии давлат  пеш  мебарад  ва  эҳтиёҷи нақлиёти  боркунанда  ва  мусофирбарро ҳал менамоянд.
Тобистони  соли  2023  Мар-кази  нави  филиали  Донишгоҳи байналмилалии  сайёҳӣ  ва соҳибкории  Тоҷикистон  дар шаҳри   Левакант  ба  фаъолият пардохт. Ин иншоот барои зиёда  аз  2 500  донишҷӯ  пешбинӣ шуда, айни ҳол ҳамчун Дониш-кадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ фаъолият менамояд. 
Инчунин,  мавриди  истифода  қарор  гирифтани  чандин  коргоҳу  корхонаҳои  хурду бузург,  таъсиси  муассисаҳои таълимию  томактабӣ,  мавриди  истифода  қарор  гирифтани  биноҳои  истиқоматию маишӣ, айни замон мувофиқ ба талаботҳои шаҳрсозӣ қомат афрохтани  биноҳои  истиқоматии баландошёна  самараи  Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  зери  сиёсати  бунёдкоронаи  Пешвои  муаззами миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Гуфтан  ба  маврид  аст,  ки дар  давраи  Истиқлол  шаҳри Левакант  ба  мисли  маркази динамикӣ рушдёбандаи саноат, нақлиёт, маориф ва кишоварзӣ шакл  гирифтааст.  Сохтмони роҳҳо,  озмоишгоҳҳои  таълимӣ, рушди  корхонаҳои  саноатӣ ва  кишоварзӣ  ва  маҷмӯи тадбирҳои  идоракунӣ  нишон медиҳанд,  ки  Левакант  стратегияи  рушди  устуворро  пайгирӣ мекунад.  Иқдоми  мақомот  ва бахши  хусусӣ  барои  тақвият бахшидани  иқтисод  ва  беҳтар кардани сатҳи зиндагии сокинон бо дарназардошти манфиатҳои Ҳукумати мамлакат мебошад.
Мастура МУМИНЗОДА,
раиси шаҳри Левакант
    
    
        
            - 
    
        
             24-07-2025, 14:29 24-07-2025, 14:29
 
            
            
            (ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)... 
 
- 
    
        
             13-07-2021, 03:29 13-07-2021, 03:29
 
            
            
            Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи... 
 
- 
    
        
             21-12-2021, 12:16 21-12-2021, 12:16
 
            
            
            Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва... 
 
- 
    
        
             26-01-2021, 14:00 26-01-2021, 14:00
 
- 
    
        
             9-03-2024, 16:45 9-03-2024, 16:45
 
            
            
            Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...