Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ОМИЛИ ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛӢ


ОМИЛИ ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛӢ




Истиқлоли давлатии мо 34-сола шуд. Он дарахтеро мемонад, ки аз тӯфонҳои сиёсиву иҷтимоӣ солим берун омад ва акнун тануманду устувор буда, рӯз то рӯз қавитар мешавад. Аммо ин дарахт ба таври ҳамешагӣ ба нигоҳубини мо ниёз дорад. Бояд онро бо тамоми вуҷуд дӯст дорем, ин меҳру муҳаббат ба мо неруе медиҳад, ки ба пеш, ба сӯи фардои аз ин ҳам беҳтар қадам ниҳем. Тоҷикистони ободу озод дар давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои бузургу назаррас даст ёфт.

Дар  замони  соҳибистиқлолӣ дар  раванди  амалишавии ҳадафҳои  стратегии  мамлакат ҳама  соҳаҳо  рушд  намуда,  сатҳу сифати хизматрасонӣ ва зиндагии мардум  ба  маротиб  боло  рафт. Ҷиҳати  таъмини  иҷрои  ҳадафи чоруми  миллӣ  -  саноатикунонии босуръати  мамлакат  корхонаю коргоҳҳои  нави  саноатӣ  мавриди истифода  қарор  дода  шуданд, ҳамчунин  барои  бо  кор  таъмин намудани  шаҳрвандон  ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ фароҳам оварда шуд.

Бо  нигоҳи  воқеъбинона  ба созандагиҳо  ва  бунёдкориҳои имрӯз,  дармеёбем,  ки  дар ҳақиқат  тайи  солҳои  истиқлол қадамҳои  бузурге  дар  роҳи  пешрафту  шукуфоии  кишвар  гузошта  шудааст.  Дар  ҳақиқат,  тайи 34  соли  Истиқлол  тарҳҳои  бузурге  дар Тоҷикистон ба иҷро расидаанд, ки касе дар бораашон фикр ҳам намекард ва ё солҳо рӯйи коғаз мехобиданд.

Дар  кишвари  азизамон  бисёр масъалаҳои  иқтисодӣ,  иҷтимоӣ  ва фарҳангӣ  ҳал  шуданд.  Роҳҳову  нақбҳо, неругоҳҳои  барқии  обии  хурду  бузург, биноҳои  боҳашамати  истиқоматӣ  сохта  шуданд,  мактабҳои  нави  замонавӣ бино гардиданд, ҷойҳои нави корӣ таъ-сис  дода  шуданд,  маошу  нафақа  ҳар сол  афзоиш  меёбад.  Кӯдакони  бепара-стор  ва  эҳтиёҷманд  аз  тарафи  давлат сарпарастӣ мешаванд.

Ташаббусҳои  Сарвари  давлати тоҷиконро  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  дастгирӣ мекунад,  обрӯи  байналмилалии  давлати  соҳибистиқлоламон  торафт  боло меравад.  Ҳоло  мардуми  саодатманди Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  сазовор истиқбол  намудани  ҷашни  муқаддасу бузурги  миллӣ  34-солагии  Истиқлоли давлатӣ  ба  ободиву  пешрафти  Ватан,  рушд  додани  иқтисодиёти  мамлакат,  донишандӯзиву  илмомӯзӣ  ва дигар  корҳои  созандагиву  бунёдкорӣ пардохтаанд. Мо роҳу ҷойгоҳи худро дар минтақаву  ҷаҳон  муайяну  устувор  кардаем ва бо нигоҳи дурбинонаву иродаи қавии хеш ин Ватан - Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафтатар мегардонем.

Ҳуронбӣ МИРСАЙЗОДА,
мудири бахши САҲШ-и шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода