ИСТИҚЛОЛ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТАЪРИХӢ ВА ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ АСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони шарафманди вилояти Хатлон!
Имрӯз мо дар фазои пурифтихори ваҳдату ҳамдилӣ ва бо рӯҳи созандагӣ бузургтарин ҷашни миллиамон – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва сарфарозӣ таҷлил менамоем. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, барои ҳар кадоми шумо ва барои Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу амонӣ, хушбахтӣ ва шукуфоиро таманно дорам.
Истиқлол бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик аст, ки ба мо имкон дод сарнавишти худро мустақилона муайян намоем, давлатдории миллиро эҳё ва таҳким бахшем, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ва маънавиро эҳё ва рушд диҳем. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки садсолаҳо мардумамон орзуи доштани давлати соҳибистиқлолро дар дил мепарварид ва маҳз дар соли 1991 ин ормони бузург амалӣ гашт.
Аммо роҳи истиқлол осон набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ гардид. Бо шарофати сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ барқарор гардид ва пояҳои давлатдорӣ таҳким ёфтанд. Имрӯз мо бо сарбаландӣ гуфта метавонем, ки Тоҷикистон ба марҳалаи нав – марҳалаи субот, рушд ва шукуфоӣ ворид шудааст.
Маҳз сиёсати бобарор ва таҷрибаи нодири мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 34 соли соҳибистиқлолӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи Тоҷикистон ва барномаҳои мукаммалу натиҷабахши соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти мардум муваффақона таъмин карда шуданд.
Вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи калонтарини кишвар ва бо аҳолии зиёда аз 4 миллион нафар дар ин дастовардҳо саҳми назаррас дорад. Хатлон имрӯз тақрибан 60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро таъмин мекунад. Ин нишон медиҳад, ки вилоят «дил ва муҳаррики воқеии иқтисоди аграрии Тоҷикистон» табдил ёфтааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят садҳо корхонаҳои саноатӣ, ҳазорон гектар боғу токзор, даҳҳо корхонаҳои коркарди ме-ваю сабзавот ва пахта бунёд шуданд. Соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ба соҳаҳои гуногун ворид мешаванд, ки ин ба рушди иқтисод ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Хатлон дар баробари таъмини амнияти озуқавории кишвар, инчунин ба яке аз марказҳои муҳими содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ табдил ёфтааст.
Боиси шарафу ифтихори миллӣ аст, ки ҳамасола дар иртибот ба ҷашни Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сарони кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ паёмҳои шодбошӣ ва барқияҳои табрикотӣ ворид мегарданд, ки нишонаи эътирофи расмии кишвари мо ба ҳайси давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, аз ҳама муҳим арзи эҳтиром ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Далели возеҳ ба ин, пешниҳоди масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва пазируфта шудани онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ, дастовардҳои назарраси кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ дар арсаи давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад, ки ташаббусҳои беназир арзёбӣ мешаванд.
Мо соҳиби давлати соҳибистиқлоли миллӣ мебошем, ки дар он ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот побарҷост. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши оянда иштирок ва суханронӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хо-тири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Ин иқдом аз ташаббусҳои сулҳофарии миллати тоҷик ва муждаи ваҳдатофарӣ барои башарият унвон мешавад, зеро сулҳу субот ва оромишу осоиштагӣ асоси пешрафти зиндагии инсоният мебошад.
Ҳамдиёрони азиз!
Сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, иштирок дар ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва суҳбату мулоқоти судманду раҳнамосозашон бо мардум мову шуморо бори дигар дар амалӣ намудани ташаббусҳои нави ободкорӣ ба масъулияти баланди ободкориву созандагӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ водор менамояд.
Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони мардум бо маводи босифати ғизоӣ, рушди босуботи соҳаи саноат ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, бунёди инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ ва таҳкими фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захира ва имкониятҳои мавҷударо босамар истифода менамояд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар вилоят аз 6260 адад иншооти ҷашнии ба нақша гирифташуда 5641 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 90 фоизи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Дар ин замина соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 1573 иншооти таъиноти гуногун сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, иҷроиши нақшаи бунёди иншоотҳо ба 136% баробар гардид.
Ташаббусҳои бунёдкорӣ ҷиҳати бунди иншооти соҳаи иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар ҳар як шаҳру ноҳия ва деҳаву маҳаллаҳои дурдаст низ идома дошта, сокинони вилоят, бахусус соҳибкорони ташаббускор ба ин васила дар ободии ватан ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд, ки бо истифода аз ин фурсати муносиб мин-натдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ви-лояти Хатлонро ба онҳо изҳор менамоям.
Ҳамдиёрони азиз!
ДАР ИРТИБОТ БА ИН, ВАЗИФАИ МУҲИМТАРИНИ ҲАР ЯКИ МО ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТУ ОРОМИИ КОМИЛИ ҶОМЕА, МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА МАРЗУ БУМИ КИШВАР, ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ДАР РУҲИЯИ ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ВА ТАҚВИЯТИ ВАҲДАТУ ҲАМДИГАРФАҲМИИ КУЛЛИ СОКИНОНИ ВИЛОЯТ МЕБОШАД.
Бовар дорам, ки мардуми ватандӯсти вилояти Хатлон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани маҳалли худ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон минбаъд низ саъю талоши ватандӯстонаро идома медиҳанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки бо роҳнамоӣ ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заҳмати содиқонаи ҳар яки мо, ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам дурахшон хоҳад буд.
Бори дигар, кулли мардуми сарбаланди вилоятро ба ифтихори ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ шодбошу таҳният гуфта, дар амалӣ намудани ташаббусҳои неку шоистаатон барору комёбӣ орзумандам.
Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...