ДДК – МАРКАЗИ НЕРУИ ЗЕҲНӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 6
![]()
Истиқлолу соҳибдавлатӣ барои ҳар як халқу миллат роҳе ба сӯйи озодӣ ва рушди ҳамаҷониба мебошад, ки дар ватани азизи мо низ ин раванд бо талошҳои беохир ва роҳбарии муваффақонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
амалӣ шудааст.
Соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё, навсозӣ ва рушди соҳаи маориф заминаи устувор фароҳам овард. Дар ин марҳилаи сарнавиштсоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро омили асосии неруи зеҳнии миллат эълон намуда, таваҷҷуҳи пайваста ва заҳматҳои рӯзафзунро баҳри пешрафти он раво-на карданд. Дар натиҷа, дар кишвар фазои мусоиди таълиму тарбия, бунёди муассисаҳои замонавӣ, рушди сатҳи таҳсилоти касбӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ дар бахши илм таъмин гардид.
Дар ин радиф, Донишгоҳи дав-латии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун яке аз куҳантарин ва муассиртарин боргоҳи таҳсилоти олӣ дар кишвар, намунаи муваффақи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлат ба шумор меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин донишгоҳ бо иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, симои нав касб карда, бо равандҳои муосири таълимӣ ҳамқадам гардид.
Таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар ба ин муассисаи таълимӣ боиси таҳкими пайвастаи зерсохторҳо ва муҳити омӯзиш гардидааст. Бунёд ва ба истифода додани бинои нави 8-ошёна ба истиқболи ҷашни 80-солагӣ дар соли 2025 ва айни замон бо маром идома доштани корҳои созандагӣ дар биноҳои 10-ошёнаи таълимӣ ва хобгоҳ бо тарҳи муосир ва шароити ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ на танҳо заминаи омӯзишу парваришро беҳтар мекунад, балки туҳфаи арзандаи Роҳбарияти олии давлат ба истиқболи 80-солагии донишгоҳ маҳсуб меёбанд. Ин иқдомҳо бозгӯи онанд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба маркази неруи зеҳнӣ ва илмии минтақа табдил ёфтааст.
Бо таърихи 80-солаи хеш донишгоҳ нақши муассир дар таъмини бозори меҳнати кишвар бо кадрҳои баландихтисосро дорад. Ҳазорон нафар мутахассисоне, ки аз ин боргоҳ дониш андӯхтаанд, имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгорон, муҳаққиқон, роҳбарон ва ходимони ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Маҳз ҳамин рисолати устувори таълиму тарбияи мутахассисон аст, ки ба донишгоҳ ҷойгоҳи вижа ва эътибори хоса бахшидааст.
Мояи ифтихору шодмонист, ки моҳи октябри соли 2025 таҷлили 80-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб на танҳо як санаи таърихӣ, балки таҷассумгари роҳи пуршарафу пурмасъулияти ин боргоҳи маърифат ба шумор меравад. Аз самари сиёсати созандаи Роҳбари давлат Донишгоҳ дар замони Истиқлол ба як маркази неруи зеҳнӣ, тафаккури созанда ва пойгоҳи кадрҳои миллӣ табдил ёфта, бо устуворӣ ба оянда қадам мегузорад. Ҳамбастагии ин муассиса бо сиё-сати маорифпарваронаи Роҳбарияти давлат, ифодагари пайванди зич миёни гузаштаи пуршараф, имрӯзи боса-одат ва фардои нурафшон мебошад.
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дарки масъулияти таърихӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлолу озодӣ тамоми кӯшишу талоши худро барои таҳкими пояҳои давлати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он равона менамоянд. Ҳар як узви ин боргоҳи илму маърифат-омӯзгор, донишҷӯ ва корманд рисолати хешро дар ободии Ватан, таҳкими якпорчагии миллат ва рушди илму маърифат бо садоқат иҷро намуда, барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар саҳми шоиста мегузоранд.
Бо дарки амиқи нақши тақдирсози Истиқлолият дар сарнавишти миллат ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, рушди неруи инсонӣ ва ташаккули муҳити зеҳнӣ бо замон ҳамқадам аст. Маҳз ҳамин руҳияи масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ собит месозад, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун пайравони воқеии аҳли фазлу зиё дар таҳкими пояҳои давлатдо-рии муосир ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият саҳми муассир ва устувор мегузоранд.
Мунир САФАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00