Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Истиқлол нишони барҷастаи пойдории давлат аст


Истиқлол нишони барҷастаи пойдории давлат аст











Инак,  34  сол  мешавад,  ки Тоҷикистони  соҳибистиқлол ва  мардуми 
соҳибиқболи он  дар  масири   пуршарафи истиқлол  қадамҳои  устувору  пурфайз  гузошта,  ба дастовардҳои  бузург  ноил мегарданд. 34 сол, аслан дар дарозои  таърих,  лаҳзае  беш нест. Вале дар тӯли ин солҳо дар  Тоҷикистон  навгониҳое ба амал омаданд, ки аз ҷиҳати аҳамият баъзан аз воқеаву саргузашти садсолаҳои халқамон  бузургтару  пурарзиштар маҳсуб меёбанд. 

Тавре  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: “Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад”.

Ҳамчунин,  Пешвои  муаззами  миллат дар бораи арзиши ин рӯзи таърихӣ иброз доштаанд: «9-уми сентябри соли 1991 барои  мо  на  танҳо  ҳамчун  рӯзи  Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон,  балки  ҳамчун  санаи барқарорсозии адолати таърихӣ азизу арҷманд  аст.  Зеро  шояд  бори  аввал  буд, ки  ҳаёт  ба  тоҷикон  имконияти  нодиру  беназирро пешкаш намуд, то давлати ягонаи миллии хешро барпо кунанд».

Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлол душвору заҳматталаб мебошад,   вале   ҳимояи  музаффариятҳо   ва   дастовардҳои  Истиқлол аз он ҳам душвортар аст.

Ин шаҳодати он аст, ки насли   гузашта   ва   имрӯзи   кишвар бо   ҷонбозиҳо   ва  заҳматҳои   зиёд Истиқлол ба даст оварда, тақдири миллатро   ба   дӯши  худ   гирифтанд   ва   давлату   миллатро  ба шоҳроҳи   бунёдкорию   созандагӣ ва  музаффариятҳои  ҳаётан  муҳим ҳидоят  намуданд.  Аммо  вазифаи душвору  пуршараф  таҳким,  ҳимоя ва таъмини абадияту пойдории давлати соҳибистиқлол аст, ки ба зим-маи насли ҷавон аст ва ин масъулиятро   бояд   дарк   кард.   Насли ҷавон ҳаққу ҳуқуқи хато кардан ва аз худ дур кардани масъулиятро надоранд,  чунки  барои  ба  даст  овардани  ин  неъмати  бебаҳо  фарзан-дони  фарзонаи  миллат  ҷонбозиҳо намуданд,  садҳо  модарони   тоҷик ашки ҳасрат рехтанд, ки инро хуб бояд дарк кард.

Воқеан,  истиқлол  барои  мо  ни-шонаи  барҷастаи  пойдории  давлат,  бақою   симои  миллат,  рамзи   асолату  ҳувият,  шиносномаи байналмилалӣ  ва  шарафу  эътибори  ба  ҷаҳони  мутамаддин  пайвастани  кишвари  соҳибистиқлоли Тоҷикистон  мебошад.  Маҳз  бо  ша-рофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдориро мустаҳкам намуда, Ватанро аз фаношавӣ наҷот диҳем ва ба ин васила  дастовардҳои  Истиқлоли  давлатии Тоҷикистонро қавӣ гардонем.

Ба  шарофати  соҳибистиқлолӣ ва  соҳиб  гаштан  ба  истиқлоли маънавӣ  ва  фарҳангӣ  масъалаи хештаншиносӣ,  худогоҳӣ,  ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ҳамчун яке аз омилҳои  таҳкими  истиқлоли  миллӣ имрӯзҳо аҳамияти вижа касб намуда,  он  дар  меҳвари  сиёсати  Пеш-вои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ин самт мо ба дастовардҳои чашмрас  ноил  гардидем,  худшиносию  худогоҳӣ  ва  ватандӯстии  мардумамон боло рафт, ки аз омилҳои муҳими истиқлоли воқеӣ мебошад. 

Барои  дарки  моҳияти масъалаҳои  мавриди  назар  мо  - маорифчиёнро  бештар  аз  дигарон омӯзиши  ҳаматарафаи  таърихи  гузаштаю ҳозираи миллат зарур мебошад,  то  ҳар  яки  мо   аз  таърихи гузаштаи  худ  хулосаи  зарурӣ  бароварда,  амиқ  дарк  намоем,  ки   таъмини  пешрафти  иқтисодӣ,  иҷтимоӣ ва маънавии мардумамон танҳо ва танҳо  ба  воситаи    якдигарфаҳмӣ, ваҳдату  ҳамгироӣ  муяссар  хоҳад шуд.

Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии  Бохтар бо номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода