Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН. Давраи рушди устувор ва пирӯзиҳои калон хоҳад буд


ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН. Давраи рушди устувор ва пирӯзиҳои калон хоҳад буд




Истиқлоли  давлатӣ  бузургтарин дастоварди  таърихии  миллати  тоҷик аст,  ки  9  сентябри  соли  1991  ба  даст омад. Дар давоми 34 соли сипаригашта халқи тоҷик бо раҳнамоии хирадмандонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  роҳи  пуршарафро  тай  намуда, давлатдориро  мустаҳкам  ва  пояҳои истиқлолро қавӣ сохт.

Дар  остонаи  Ҷашни  34-солагии Истиқлоли  давлатӣ  мо  бо  доктори илмҳои  сиёсӣ,  профессори  Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб  ба  номи  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мусоҳибае доштем ва муҳтавои онро  пешкаши  хонандаи  гиромӣ  мегардонем.

- Истиқлолро Шумо чӣ гуна маънидод мекунед?

-  Истиқлол  барои  ман,  ҳамчун  донишманд,  пеш  аз ҳама маънои соҳибихтиёрона муайян кардани роҳи рушди  давлатдорӣ,  илм,  фарҳанг  ва  зиндагии  иҷтимоиро дорад. Миллате, ки истиқлолро ба даст меорад, қодир мешавад,  бо  такя  ба  таърих  ва  арзишҳои  миллии  худ ояндаро бисозад. Агар бо забони илмӣ бигӯем, истиқлол он марҳилаи муҳимест, ки миллатро аз вобастагӣ раҳо карда, ба зинаи худсозии сиёсӣ ва маънавӣ мебарад.

Маҳз  бо  шарофати  сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  истиқлол  аз рамзӣ  ба  воқеияти  пойдор  табдил  ёфт.  Агар  солҳои аввали  соҳибистиқлолӣ  хатарҳои  парокандагӣ,  ҷанги шаҳрвандӣ  ва  буҳронҳои  иқтисодӣ  вуҷуд  доштанд,  пас имрӯз истиқлол ба рамзи ваҳдат, субот ва пешрафт табдил ёфтааст. Барои ман истиқлол на танҳо озодӣ, балки масъулият низ ҳаст. Масъулияти ҳар як шаҳрванд барои ҳифз  ва  устувор  нигоҳ  доштани  дастовардҳои  давлату миллат мебошад.

-  Ба  назари  Шумо  муҳимтарин  дастоварди Тоҷикистон дар давоми 34 соли истиқлол кадом аст?

- Агар ба таърихи 34 соли истиқлол назар афканем, бузургтарин дастоварди Тоҷикистон ин барқарорсозӣ ва таҳкими  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  аст.  Кишвари  мо,  ки  дар оғози соҳибистиқлолӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, бо роҳбарии Пешвои миллат аз парокандагӣ наҷот  ёфт.  Имрӯз  олимон  ва  ҳам  сиёсатшиносон иттифоқан бар онанд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон як падидаи нодир дар таърихи муосир мебошад.

Ҳамчунин,  дастовардҳои  иқтисодиву  иҷтимоӣ  низ хеле  назаррасанд.  Масалан,  Тоҷикистон  дар  ин  солҳо даҳҳо  неругоҳи  хурду  бузурги  обӣ  бунёд  кард  ва  сохтмони  НБО-и  «Роғун»  ҳамчун  лоиҳаи  аср  на  танҳо иқтисодиёт,  балки  истиқлолияти  энергетикии  кишварро таъмин  хоҳад  кард.  Илова  бар  ин,  дар  соҳаи  маориф, тандурустӣ  ва  инфрасохтор  корҳои  азиме  анҷом  дода шуданд. Бояд гуфт, ки ҳама ин пешрафтҳо маҳз бо сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат амалӣ гардиданд.

-  Дар  солҳои  аввали  Истиқлоли  кишвар мушкилиҳо  зиёд  буданд.  Шумо  он  давраро  чӣ  гуна дар ёд доред?

- Солҳои аввали Истиқлол воқеан давраи бисёр душвору ҳассос буд. Давлат таҷрибаи мустақили идоракунии сиёсӣ  надошт,  иқтисод  комилан  пош  хӯрда  буд,  ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо қурбонӣ ва харобиҳо ба бор овард. Мардуми мо аз норасоии маводи ғизоӣ ва нокомилияти сохторҳои давлатӣ сахт ранҷ мебурданд.

Дар шароити сангин, соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи  сиёсат  баромад  ва  сарварии  давлатро  ба  зим-ма гирифт. Маҳз бо ҳидояти ӯ соли 1997 Со-зишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризои-яти миллӣ имзо гардид. Агар саҳми Пешвои миллат дар он давра намебуд, эҳтимолияти аз  байн  рафтани  давлати  тоҷикон  бисёр зиёд  буд.  Имрӯз  мо  метавонем  бо  ифтихор  бигӯем,  ки  Тоҷикистон  аз  як  кишвари ҷангзада  ба  давлати  дорои  ваҳдат,  сулҳ  ва рушди устувор табдил ёфтааст.

-  Бузургтарин  сабақ  ва  таҷрибаи истиқлол барои миллати мо чист?

-  Бузургтарин  сабақи  истиқлол  барои миллати тоҷик он аст, ки бе ваҳдат, бе сулҳ ва бе роҳбарии оқилона ҳеҷ як давлат пойдор  буда  наметавонад.  Соли  1997,  бо  имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти  миллӣ,  тоҷикон  собит  намуданд, ки метавонанд бо роҳи гуфтушунид ва дарки манфиати миллӣ аз хатарҳои нобудшавӣ 
наҷот ёбанд. Ин таҷриба имрӯз дар китобҳои таърих  ва  илмҳои  сиёсӣ  ҳамчун  «модели сулҳи тоҷикон» омӯзонида мешавад.

Нақши  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сабақ бузург аст. Ӯ шахсан роҳбарии музокироти сулҳро ба зимма гирифт, даҳҳо вохӯрии таърихӣ бо мухо-лифон анҷом дод ва ниҳоят миллати паро-кандаро муттаҳид сохт. Ҳамин таҷриба ба мо меомӯзонад, ки истиқлол танҳо бо ваҳдат ва сулҳ ба даст меояд. 

-  Ба  фикри  Шумо  кадом  ислоҳоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ заминаи рушди устувори ҷомеаро фароҳам овард?

-  Ислоҳоти  муҳимтарин  дар  солҳои Истиқлол  қабули  Конститутсияи  соли  1994 ва  ворид  намудани  тағйиру  иловаҳои  минбаъда ба он мебошад, ки шакли идоракунии кишварро муайян кард ва асоси низоми сиёсиро ба вуҷуд овард. Ин санади сарнавиштсоз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври демократӣ қабул шуда, ба ҷомеа эътимоди қонунӣ бахшид.

Аз  ислоҳоти  иҷтимоӣ  бошад,  рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ арзиши махсус дорад.  Танҳо  дар  давоми  солҳои  истиқлол садҳо  муассисаи  таълимӣ  ва  беморхонаву марказҳои тиббӣ сохта шуданд. Барномаҳои давлатӣ  оид  ба  саводнокии  компютерӣ, таҳсилоти олӣ ва рушди ҷавонон роҳандозӣ гардиданд. 

-  Шумо  кадом  соҳаҳоро  дар  рушди иқтисодии 34 соли охир муҳим арзёбӣ мекунед?

-  Дар  миёни  соҳаҳои  иқтисодӣ,  аввалан энергетика аҳамияти махсус дорад. Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт на танҳо як лоиҳаи иқтисодӣ, балки  рамзи  истиқлолияти  энергетикии Тоҷикистон  аст.  Иншооти  мазкур  бо  ташаб-бус ва роҳбарии Пешвои миллат оғоз гардид ва имрӯз ба як орзуи воқеӣ табдил ёфтааст.

Дуюм,  соҳаи  нақлиёт  ва  инфрасохтор рушд  кард.  Сохта  шудани  роҳҳои  муҳими байналмилалӣ, ба мисли «Душанбе–Чаноқ», «Душанбе–Кулма»  ва  даҳҳо  пулу  нақб, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овард. Ин ҳама бо дастгирии Пешвои миллат  амалӣ  гардида,  имконият  дод,  ки иқтисод ба бозори ҷаҳонӣ пайваст шавад.

Сеюм,  кишоварзӣ  ҳамчун  бахши  асосии  иқтисод  таҳким  ёфт.  Ислоҳоти  замин, бунёди  боғҳои  нав  ва  афзоиши  истеҳсоли маҳсулоти  ватанӣ  ҷомеаро  аз  вобастагӣ  аз воридот қисман раҳо сохт. Ҳамаи ин соҳаҳо бо  сиёсати  дурандешонаи  Пешвои  миллат рушд карданд ва имрӯз заминаи иқтисодии истиқлолро ташкил медиҳанд.

-Насли  ҷавон  имрӯз  бояд  чӣ  гуна истиқлолро ҳифз ва пос дорад?


- Насли ҷавон имрӯз ворис ва муҳофизи асосии  истиқлолият  аст.  Ҷавонон  бояд  тавассути  донишомӯзӣ,  фаъолияти  созанда ва  саҳмгузорӣ  дар  рушди  илм,  иқтисод  ва фарҳанг истиқлолро ҳифз кунанд. 

Бо  ташаббуси  Пешвои  миллат  соли 2017  -  “Соли  ҷавонон”  эълон  гардид  ва барномаҳои зиёди давлатӣ барои рушди насли ҷавон роҳандозӣ шуданд. Имрӯз ҳазорон донишҷӯи тоҷик дар беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон таҳсил мекунанд, садҳо маркази илмӣ ва  эҷодӣ  барои  ҷавонон  сохта  шудаанд  ва имконияти  соҳибкасб  шудан  хеле  бештар аст. 

Аз ин рӯ, ҷавонон бояд бо истифода аз ин имкониятҳо дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвар Тоҷикистонро сазовор муаррифӣ кунанд, аз арзишҳои миллӣ ҳимоят намоянд ва  бо  масъулияти  шаҳрвандӣ  истиқлолро ҳамчун дастоварди таърихӣ ҳифз кунанд.

-  Шумо  ояндаи  Тоҷикистонро  чӣ  гуна мебинед?


-Агар ваҳдат, субот ва сиёсати дурандешонаи  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ҳифз  гардад,  ояндаи  Тоҷикистон давраи  рушди  устувор,  инноватсионӣ ва  муваффақиятҳои  калон  хоҳад  буд. 

Тоҷикистон  метавонад  дар  минтақа  ба  як давлати  пешрафта  ва  соҳибнуфуз  табдил ёбад, ки на танҳо иқтисоди қавӣ дорад, балки  фарҳанг,  илм  ва  технологияро  низ  рушд медиҳад.

Барои ин насли ҷавон бояд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ, дониш ва маърифат омода  бошад.  Зеро  дастовардҳои  имрӯза асоси  пойдории  ояндаи  Тоҷикистон  хоҳанд буд.

- Барои суҳбат ташаккур!

- Саломат бошед.


Суҳбаторо Алишери АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода