Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ИСТИҚЛОЛИ КИШВАРИ ТАМАДДУНОФАР


ИСТИҚЛОЛИ КИШВАРИ ТАМАДДУНОФАР




Тоҷикистон  истиқлолияти  худро  9 сентябри  соли  1991  эълон  дошт.  Ҳанӯз ҳамон  шабу  рӯз  кишварҳои  зиёди  олам давра  ба  давра  Тоҷикистонро  ҳамчун давлати  мустақил  эътроф  менамуданд. Оғоз аз ин рӯзи муборак кишвари мо роҳи минбаъдаи рушди давлатии худро ҳамчун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувофиқ сохт.

Бо амри тақдири ин миллати бузург, ҳаёт ба сари ҳокимият шахсеро овард, ки тақдири эҳёи давлат ба дӯши ӯ буд. Ин шахсияти таърихӣ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,   Президенти  Ҷумҳурии   Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон  мебошад.  Ба  ҷасорату  матонат ва диди фаррохи ӯ баҳои ҳаққонӣ додан камоли инсонист. Зеро ба ҳамагон маълум буд, ки дар ҳамон замони ноорому пурталотум иҷрои ин вазифа хеле гарон ва хатарнок буд.

Қаҳрамони  Тоҷикистон,  Пешвои  миллат,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустин ҷоннисории худро ба ин Меҳан борҳо исбот сохта, бо ҳамгироии мардуми кишвараш ба эҷоди давлати тозабунёд шарафёб гашт. Истиқлол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки дар андак вақт таркиби сохтори давлатро ҷавобгӯ ба меъёрҳои дунявӣ созгор намояд. 

Шинохтани   Тоҷикистон  аз   ҷониби   зиёда   аз   200 кишвари ҷаҳон далели равшани афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. Дар муддати гузаштани на чандон вақти тӯлонӣ тасдиқи   рамзҳои   давлатӣ,   пули  миллӣ,   бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон рӯз аз рӯз зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст.

Боиси хушбахтии мардуми тоҷик мебошад, ки дар ҳама давру замон миллати тоҷик сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. 

Ин  худ  рамзи  ҳимматбаландии  миллати  тоҷик ва   бофарҳангии   мардуми   шариф  ва  тамаддунофари  мост.  Бешубҳа,   метавон   гуфт,   ки  низоъ  ва нооромиҳои дохилии кишвар низ бо раъйи мардуми тоҷик рух надода, нақши хиёнаткоронаи душманони берунӣ аст. Новобаста аз душвориҳо дар давоми 34 сол пешорӯи ин миллати бузург ҷой дошт, билохир,   неруи  фарҳангии  собиқа  ба  миллати  тоҷик имкон дод, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо эъҷози тафаккури равшану ободкорӣ бунёд созад.

Халқи тоҷик бори дигар собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддуну дорои забони фасеҳу равон мебошанд. Оре, ин халқи забондону забондор ва барои оламиён фарҳангофар ба ҳифзи ҳастии хеш хақ дорад ва касе наметавонад мавҷудияти онро рад намояд.

Барои  таҷлили   сазовори  34-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як фарди Тоҷикистон дар ободӣ ва шукуфоии ин меҳани бузург саҳми арзанда гузоштанд. Онҳо хуб медонанд, ки зиндагӣ кардан зери осмони софу беғубори ин Ватан ва обод гардонидани он дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт калиди дари иқболи мост.

Комрон РАСУЛЗОДА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода