Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Мусобиқаи Ҷоми Раиси вилояти Хатлон оғоз ёфт


Мусобиқаи Ҷоми Раиси вилояти Хатлон оғоз ёфт



Чанде пеш маросими қуръакашии мавсими нави Ҷоми вилояти Хатлон ва Ҷоми раиси вилояти Хатлон бо ширкати муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилоят Исроил Шарипов ва намояндагони дастаҳои ширкаткунанда баргузор шуд.

Бино бар низомномаи Федератсияи футболи вилояти Хатлон, мусобиқоти имсола бо ширкати дастаҳои Лигаҳои дуюм – “Арал” (ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ), “Сарбанд” (Леваканд), “Хуросон” (Хуросон), “Нури деҳот” (Панҷ), “Дӯстӣ” (Ҷайҳун), “Кӯшон” (Кӯшониён), “Чашма” (Шаҳритус), “Пахтакор” (Қубодиён), “Бешкент” (ноҳияи Носири Хусрав), “Ҷиликул” (Дӯстӣ), “Кӯлоб” (Кӯлоб), “Сарҳадчӣ” (ноҳияи Ҳамадонӣ), “Андароб” (Кӯлоб), “Шоҳин” (Муъминобод) ва “Терай” (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) баргузор мешаванд.
 
Тибқи иттилои сухангӯи Федератсияи футболи вилояти Хатлон Ф. Бобоев, бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми вилояти Хатлон ва Ҷоми раиси вилояти Хатлон аз як зӯрозмоӣ иборат мебошанд. 
 
Мавсими имсолаи Ҷоми вилояти Хатлон рӯзи 10 август оғоз ёфт ва Ҷоми раиси вилояти Хатлон моҳи октябр шурӯъ мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода