Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
ГУЗОРИШ АЗ ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум баргузор гардид. Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи иҷлосия ошно намуд. Дар иҷлосия масъалаҳои зерин, пас аз тасдиқи вакилон, мавриди баррасӣ қарор гирифт:
1. Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ №64, Норак №10 ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон.
2. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 августи соли 2020 №221 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
3. Ҳисоботи сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилоят оид ба кору фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва зотпарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
4. Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба одоби вакилон
5. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Данғара №32 ва таъйин намудани интихобот.
6. Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ҷойи вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Данғара №32.
7. Масъалаҳои ҷорӣ ва кадрӣ.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Иҷлосия ахбороти раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии А. Ҷомӣ №64 ва Норак № 10 Қурбоналӣ Қурбоновро шуниданд. Пас аз тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба вакилони тозаинтихоб Сулаймонзода Акрам Раҳим ва Асозода Дилшод Алимурод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода шаҳодатномаи вакилиро супурда, барояшон барору комёбиҳо таманно намуд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома бошад, рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 августи соли 2020 №221 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисоботи Заробиддин Файзуллозода муовини раиси вилояти Хатлонро шуниданд.
Тавре ки таъкид гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассиса ва корхонаҳои саноатии вилоят бобати иҷрои қарори болозикр тадбирҳои мушаххас андешида, баҳри амалӣ гардидани он як қатор корҳои муайянро ба анҷом расониданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудаанд. Дар натиҷаи амалӣ гардидани ҳадафи мазкур иқтисодиёти ватани азизамон рушд ва дар ин замина ҳазорҳо коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ таъсис меёбанд, ки шароити кору рӯзгори ҳамватанон боз ҳам беҳ мегардад.
Чуноне ки зимни маърӯза таъкид рафт, соли сипаригардида саноатчиёни вилояти Хатлон ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ чораҳои зарурӣ андешида, нисбати соли гузашта истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд. Бо дастгирӣ ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар соли 2020-ум 18 корхонаи бузурги саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ёвон, Данғара, Кӯшониён, Дӯстӣ, Хуросон, Ҷайҳун, Муъминобод, Восеъ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Таъсиси Минтақаҳои озоди иқтисодии “Панҷи Поён” “Данғара” ва “Кӯлоб” ҷиҳати рушди соҳаи саноати ҷумҳурӣ ва вилоят мусоидат намуда, барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла воридотивазкунанда ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Чуноне ки зикр гардид, танҳо соли 2020-ум номгӯйи маҳсулоти саноатӣ дар вилоят аз 92 номгӯйи соли 2015-ум ба 153 намуд расид ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,5 баробар афзун ва теъдоди корхонаҳои нав 8,3 баробар афзуд.
Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят давоми солҳои 2018-2020-ум 255 коргоҳу корхонаҳои нав бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтанд, ки дар ин замина наздики 3 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфт. Танҳо дар соли 2020-ум аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша 91 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон муовини раиси вилоят таъкид дошт, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон солҳои 2021-2025 дар шаҳру ноҳияҳо бунёди 145 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо назардошти беш аз 13 ҳазор ҷойи корӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар соли 2021 тибқи дурнамо сохтмони 60 корхонаи саноатӣ дар назар аст. Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 60 корхонаи коркарди пахта, 101 коргоҳи хурди пахтатозакунӣ, 5 корхонаи ресандагӣ, 48 коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, 3 корхонаҳои истеҳсоли ҷуробу пайпӯшӣ, 2 адад истеҳсоли маҳсулоти мадофӣ, 3 корхонаи истеҳсоли газвор ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти тиббӣ, дар умум, соли сипаригардида дар ҳудуди вилоят 223 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ фаъолият намуда, ба маблағи 1 миллиарду 648 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар соли 2020-ум корхона ва коргоҳҳои пахтаи вилоят дар умум, ба миқдори 272 ҳазор тонна пахта, аз ҷумла аз ҷониби корхонаҳои калон 175,2 ҳазор тонна ва коргоҳҳои хурди пахтатозакунӣ 92,3 ҳазор тонна пахта қабул гардида, аз ин миқдор 89,8 ҳазор тонна нахи пахта, 745 тонна тиббӣ, 835 тонна пат, 1112 тонна торак, 1027, 8 ҳазор тонна пахтаи кӯрпабоб истеҳсол намуданд, ки нисбати соли 2019-ум ду баробар зиёд мебошад.
Чуноне ки таъкид рафт соли 2020-ум 29136 тонна нахи пахта, 15000,6 тонна ришта, 23082,4 тонна маҳсулоти кишварзӣ, 917237,3 киловат соат қувваи барқ, 512162 тонна семент, 1190 тонна намак, 370,8 тонна шираи камол, 2404 тонна ангишт, 2160 тонна арматура, 67 тонна решаи ширинбия ва 2204,4 тонна дигар маҳсулот содирот карда шуд. Дар соли 2020-ум корхонаҳои саноатии вилоят ва бахши хусусӣ 187682,1 тонна орд, 12767,7 тонна равған, 7578,3 тонна биринҷ, 169,9 тонна маҳсулоти макаронӣ, 1938,1 тонна маҳсулоти ширӣ, 2344,2 декалитр арақ ва маҳсулоти ликёрӣ, 30709,6 ҳазор қуттии шартӣ консерваи меваи сабзавот, 1158,7 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 23120,5 тонна маҳсулоти гӯштӣ ва дигар маҳсулоти воридотивазкунандаро истеҳсол намуданд. Дар вилоят беш аз 205 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ машғул мебошанд. Аз ҷониби соҳибкорони вилоят соли сипаригардида 46 адад лоиҳаи сармоягузорӣ ва дархостҳои лоиҳавӣ ба маблағи 77,8 миллион сомонӣ пешниҳод гардида, 4 адади он ба маблағи 21,4 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт. Дар ин давра неругоҳҳои барқии обии ҳудуди вилоят дар ҳаҷми 15 миллиарду 923,2 миллион киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол намудаанд, ки нисбати солҳои пешин 21,1 фисад зиёд аст.
Пас аз ҳисоботи муовини раиси вилоят вакилон ва даъватшудагон Барфихон Холов, Рустам Раҳматзода, Сиҷовиддин Саломзода, Абдуқодир Вализода ва дигарон ба музокира баромада, оид ба рушди соҳаи саноат, рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 августи соли 2020, №221 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати амалӣ гардидани Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ба раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид дошт, ки ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, бо иқтидори пурра ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, зина ба зина афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ба талоботи бозор рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, сари вақт ба қайд гирифтани коргоҳу корхонаҳои тозабунёд дар нозироти андоз ва ба ҳисоботҳои оморӣ ворид намудани онҳо, ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти соҳаи хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, коркарди регу шағал, маҳсулоти бинокорӣ, таъмини дурнамо ва нақшаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дӯхти либоси мактабӣ барои муҳасилин тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳамчунин, Қурбон Ҳакимзода ба масъулини шаҳру навоҳӣ ва ташкилотҳои марбута ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, кишти саривақтии пунбадона, афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, ба ин васила таъмини амнияти озуқаворӣ маслиҳату супоришҳои қатъӣ доданд.
Ҳамин тавр, ҳисоботи сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилоят оид ба кору фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва зотпарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд. Ҳамчунин, аз рӯйи масъалаи чоруми рӯзнома раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба одоби вакилон Маърифат Зоирзода ҳисобот дод.
Пас аз ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят қарорҳои дахлдор қабул гардид.
А. САФАРЗОДА
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.