ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш, Боздид 2 904
Рӯзи 25 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Федератсияи футболи вилояти Хатлон бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ роҳандозигардида, ҷамъбаст карда шуд.
Дар маросими ҷоизасупории мусобиқаи мазкур раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Дар мусобиқа 10 даста аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар ду зергурӯҳ миёни ҳам рақобат намуданд, ки дар натиҷа 4 даста ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва барои зинаҳои ифтихорӣ мубориза намуданд.
Барои ишғоли ҷои зеюм дастаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо дастаи Раёсати минтақавии гумрук дар вилоят дидор анҷом дод, ки бозингарони РАНДМ ва МК бо ҳисоби 7:5 ғалаба намуданд ва соҳиби мақоми сеюм гардиданд.
Дастаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо дастаи прокуратураи вилояти Хатлон барои соҳиб шудани ҷоми
мусобиқа дидор анҷом доданд. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифт ва бозингарони Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҳисоби 4:1 зафар ёфтанд ва соҳиби мақоми аввал ва Ҷоми мусобиқа гардиданд.
Ҳамчунин, дар идомаи маросими ҷоизасупорӣ аз тарафи масъулини мусобиқа беҳтаринҳои мусобиқа муайян гардиданд, ки инҳо дар наминатсияи “Дарвозабони беҳтарин” Нурализода Олим аз дастаи прокуратураи вилояти Хатлон, “Муҳофизатгари беҳтарин” Раҳимзода Фариддун аз дастаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, “Ҳамлагари беҳтарин” Черкесов Алиакбар аз дастаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, “Нишонзани беҳтарин” Ёрмаҳмадзода Наврӯз аз дастаи Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон ва “Футболбози беҳтарин” Шаҳобиддинзода Наҷмиддин аз дастаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дониста шуданд, ки бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар маросими ҷаизасупорӣ ба дастаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки зинаи сеюмро ишғол намуданд, бо медалҳои биринҷӣ ва дастаи прокуратураи вилояти Хатлон, ки мақоми дуюмро ишғол намуд, бо медалҳои нуқра сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ Ҷом ва медалҳои тиллои мусобиқа ба футболбозони дастаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки мақоми аввали мусобиқаро соҳиб гардиданд, раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода тақдим намуд.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04