Нони сулҳ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Сиёсат / Ҳуқуқу амният, Боздид 1 393
Садои тири БТР-ҳо аз дур, аз деҳаи ҳамсоя шунида мешуд. Дар анбор гандум доштем, аммо касе ҷуръат намекард, ки аз хона берун барояд. Осиёббон ҳам кайҳо аз тарси ҷон гурехта буд. Орди гандумро бо орди ҷуворимакка омехта, хамир мекардем. Барои он ки ширеш диҳад, шир ё оби каду ҳамроҳ кардан лозим меомад. Пухтани нони зағора ҳам мушкил буд. Кулчаҳои хурд-хурд рост карда, барои аз танӯр нарехтанаш бо панҷаҳоям дошта меистодам. Аз оташи тез пушти дастонам месӯхт. Ба ҷойи нақши нонпар дар рӯйи нони зарду сурхранг пайи ҷӯякчаҳои ангуштонам мемонд. Дар гармиаш хӯрдани ин нон осонтар буд. Аммо хунук, ки шуд, гӯё гулӯро тарошида мегузашт, хушку вазнинхӯр буд. Дар дастурхон аз меваю чормағз, ҷурғоту шир, хӯрок доштем, аммо ҷойи зеби дастурхони тоҷикӣ-нон холӣ буд. Илоҷи зинда мондан, нафсро шикастан муҳимтар буд.
Субҳидам. Насими форами саҳар мевазад. Дар як тарафи осмони каб-кабуд ситораҳо бо охирин чашмакзаниҳояшон медурахшанд. Гӯё омадани рӯзро интизор бошанд, ночор осмонро тарк мекунанд. Ҳама ҷо орому сокит. Танҳо парандагони саҳархез нағмасароӣ доранд. Бонги хурӯс низ ба онҳо ҷӯр шуда, муждаи саҳар мерасонад. Ҳаловати хоса дорад бомдод. Лаҳзае ва рӯзи нав тавлид меёбад. Чун дамидани шири рӯйи оташ. Ба димоғам бӯйи нони навпухтаи нонвой мерасад. Бӯйи нони дастурхон, бӯйи ризқи саҳарӣ, бӯйи тинҷию амонӣ, бӯйи боз як рӯзи нави зиндагӣ. Бӯйи нон ба ҳавои тозаву фараҳбахши бомдод накҳат мебахшад. Ба нони гарму мулоими ношто шукрона мекунам. Ҳар пагоҳӣ, вақти сӯйи донишгоҳ рафтанам, аз назди растаҳои нонфурӯшӣ мегузарам. Ҳамон бӯйи шиноси нон ба машомам мерасад. Аз чапотиву кулчаҳои равғаниву кунҷитдор, то фатиру сатриҳои тӯёна, ҳама анвои нон, пешкаши харидор аст. Ҳатто кас намедонад, ки кадомашро интихоб намояд. Яке аз дигаре беҳтар, яке аз дигаре бомазатар. Одатан, нонро хубу бад намегӯянд. Қадри нону нонрезаро донистан барои мо-тоҷикон ҳам русуми миллӣ, ҳам нишони адабу эҳтироми меҳнати дигарон мебошад. Аммо рӯзҳое буданд, ки имкони интихобро надоштем. Тирамоҳи соли 1992 буд. Захираҳои гандуму озуқа ба охир расида, мардум илоҷи аз гуруснагӣ баромаданро ҷустуҷӯ мекарданд. Оилаи калони мо низ ин мушкилиро дошт. Садои тири БТР-ҳо аз дур, аз деҳаи ҳамсоя шунида мешуд. Дар анбор гандум доштем, аммо касе ҷуръат намекард, ки аз хона берун барояд. Осиёббон ҳам кайҳо аз тарси ҷон гурехта буд. Орди гандумро бо орди ҷуворимакка омехта карда, хамир мекардем. Барои он ки ширеш диҳад, шир ё оби каду ҳамроҳ кардан лозим меомад. Пухтани нони зағора ҳам мушкил буд. Кулчаҳои хурд-хурд рост карда, барои аз танӯр нарехтанаш бо панҷаҳоям дошта меистодам. Аз оташи тез пушти дастонам месӯхт. Ба ҷойи нақши нонпар дар рӯйи нони зарду сурхранг пайи ҷӯякчаҳои ангуштонам мемонд. Дар гармиаш хӯрдани ин нон осонтар буд. Аммо хунук, ки шуд, гӯё гулӯро тарошида мегузашт, хушку вазнинхӯр буд. Дар дастурхон аз меваю чормағз, ҷурғоту шир, хӯрок доштем, аммо ҷойи зеби дастурхони тоҷикӣ-нон холӣ буд. Илоҷи зинда мондан, нафсро шикастан муҳимтар буд. Гоҳ-гоҳ аз телевизиону гапи мардум мешунидем, ки дар минтақаи Кӯлоб масъалаи озуқа сангинтар аст. Мардум то ҷое танқисӣ доштаанд, ки тухми ҷорӯбу ҷаву сабӯс мехӯрдаанд. Одамон бемор шуда, ҳатто мефавтидаанд. Худро тасалло медодем, ки ақаллан нони зағора дорем. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, мӯйсафеди хусурам, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар як гази нонро ба чой тар карда мехӯрданд, то фурӯ бурдани он осонтар шавад. Шояд дар он лаҳзаҳо мӯйсафед афсӯс мехӯрданд, ки баъд аз панҷоҳ сол, дар пиронсолиашон боз талхии ҷангро мечашанд. Ҳол он ки доғи он ҷанг аз хотирашон то ҳол зудуда нашуда буд. Ҷанге, ки фарзандони як миллат бар муқобили якдигар сангар гирифта буданд, барояшон нофаҳмо буд. Аскари Қӯшунҳои артиллерии Фронти дуюми Украина зери фармондеҳии маршал Малиновский Ғоибназаров Т. борҳо дар вохӯриҳояшон бо мактаббачагону ҷавонон дар бораи муҳорибаҳои назди Днепр, озод кардани Будапешту Бухарест, Югославия нақл карда буданд. Дар бораи чи сон мушкил будани солҳои ҷанг, ҳалок шудани ҳамяроқон, нони 25 граммаи “Паёки солдатӣ”, вале сабру мардонагии аскарони советӣ қисса мекарданд. Ҳар як ордену медалҳои сари синаашон аз садоқати аскари советӣ барои озод кардани олам аз фашизм, рамзи сулҳпарварию осоиш нишонае буд. Инсоне, ки як умр дар хоҷагӣ обмон шуда меҳнат кардаву нони ҳалол хӯрдааст ва дар рӯҳияи патриотизми советӣ тарбия ёфтаву ба ғояҳои ҷамъияти советӣ содиқ буд, ба таҳаввулоти солҳои 90-ум бо таассуф менигарист. Марди хоксор буданд, намоз мехонданд, аммо ба мавъизаҳои муллоҳои маҳалгарову сиёсатбоз нафрат доштанд. Дар рӯзҳои фоҷиабори зиндагиам тасаллои дил медоданд, аз роҳи паймудаи худашон мисол меоварданд, ба ояндаи нек умед мебахшиданд. Собиқадори ҷангу меҳнат танҳо барои тинҷию амонӣ ва ободии Ватан рисолат доштанашонро баён мекарданд. Бо амри тақдир ман ҳам гӯё ин рисолатро идома додам. Дар кӯчаҳои сангфарши Аврупо қадам мезадаму бо дидани лавҳаи ёдгорие барои аскари озодкунандаи советӣ хусурам ба ёдам меомад. 70 сол пеш аскарони советӣ барои озод кардани ин кишварҳои зери асорати фашизммонда ҷонбозиҳо кардаанд, дур аз хоки Ватани хеш шаҳид шудаанд. Бархе маъюбу саломат, аммо бо хотироти ин ҷанги хонумонсӯзу даҳшатбор баргаштанд. Аз як гӯшаи Тоҷикистон барои изҳори андешаи зидди ҷанг, таҳмили афкори бегонагон омаданам гӯё чархи таърихро аз нав давр мезанонд. Барои пойдории сулҳу амонӣ, барои ҳифзи Ватан аз душманони миллат, барои маҳкум кардани терроризм, гуфтани сухани занони тоҷикро замона тақозо мекард. Ин масъулияти баланди шаҳрвандӣ аз эҳсоси ватандорӣ, тантанаи даврони соҳибистиқлолии тоҷикон бармеомад. Ду ҳафтаи берун аз Ватан будан, баробари ба дидори дӯстону пайвандон пазмон шудан хумори нони тоҷикӣ беқарорам кард. Гӯё байти ҳамсабақам Хайрандеш маҳз барои ин ҳолати ман иншо шуда буд: Шиштанӣ дорад сари дастурхони тоҷикӣ, Маза дорад хӯрдани як бурда нони тоҷикӣ. Анвои нонҳои мағздору пистадори хориҷӣ гӯё маза надоштанд. Ҷозибаи ватан, муносибати одамони ҳамзабону ҳамфикр, расму ойини тоҷикӣ дар мусофират муассиртар эҳсос мешудааст. Сари танӯри тоҷикӣ, бӯйи нони нимтурши аз хамирмо шӯридашударо кадоми мо намедонем? Нони гармро ба об тар карда хӯрдан чӣ кайфияте дорад! Сӣ соли озодию ободӣ, пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, ки бо омодагиҳои таҷлили ин ҷашни бузурги кишвар пуропур аст, шодию фараҳ мебахшад. Ҳар гоҳе, ки барои имрӯз шукрона мекунем, давраи аз имтиҳони сангини таърих - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гузаштанамон барқсон ба хотир меояд. Ин аз рӯйи адолат аст. Мо бояд арзиши ин неъматро донем ва ба қадраш бирасем. Сари дастурхони он солҳои мушкил хусурам баъди таом даст ба дуо мебардоштанд: «Тинҷию амонӣ шавад, нон арзонӣ шавад». Ҳама аҳли оила орзуманди иҷобати ин дуо будем. Он рӯзҳо таърих шуданд. Дар дастурхони ҳар оилаи тоҷик файзу баракат омад. Нони сафеду гарми тоҷикӣ пур шуд. Нони даврони сулҳу ваҳдат, бо таъми хуш боз зеби дастурхон гардид. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ маҳсули кадбонуҳои чирадасти тоҷикро мебиниву ба маҳорати онҳо аҳсан мехонӣ. Кулчаву сатриҳо бо расми Нишону Парчами Тоҷикистон чун сурхии рӯйи мардуми меҳнатқарини тоҷик рамзи шукргузорӣ аз истиқлоланд. Як андешаи некбинона ба ман эътимод мебахшад. Медонам, ки субҳи дигар низ дастурхони ҳар як хонадони тоҷикро неъмати худододнони замони Истиқлол зеб дода, аҳли оила бо шукрона аз ин тинҷию осоиштагӣ, бунёдкориву ободӣ ношто хоҳанд кард.
Дилором Маҳкамова, шаҳри Бохтар