Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МОДАР ҶАҲОНИ МО


МОДАР ҶАҲОНИ МО



Ман ташна мешавам ба рухи офтобият,
Бар ҷазбаи калому нигаҳҳои обият. 
Саҷҷодаест домани поки намозият,
Мирам ба меҳру тинати поку савобият. 
Бо раҳнамоии ту бирафтам ба роҳи ҳақ,
Болам аз ин асолату хушинтихобият. 
Бо хостат муаллими хушноми деҳаам,
Хушномиям натиҷаи бедорхобият. 
Овои ту тараннуми зебои зиндагист,
Мадюни лутфу бовару ширинҷавобият. 
Модар, бизӣ ҳамеша, ки гардад ҷаҳони мо,
Саршор аз паёму каломи китобият.

Руъё УСМОНӢ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода