Ман меравам сафар, модар, дуо бидеҳ!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 386
Ҳаёт собит кардааст, ки дар зиндагӣ ҳеҷ муҳаббате беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати модар нест, ба андозае, ки дӯстат медорад, бароят ҷон медиҳаду дар иваз чизе намехоҳад. Қалби ӯ ҳамеша ба ёди фарзанд метапад ва дар бистари марг ҳам дар ғами фарзанд аст. Модар бузургу беҳамтост. Муҳаббати покаш ҳамчу афлок беканор аст.
Мо аз нигоҳу андеша, эҳсосу дуо ва ниёиши ӯ баҳра мебардорем ва мехоҳем ҳама ҷо сухан аз модар бошад. Кист касе, ки суруди «Алла»-и модарро нашунида бошаду аз шири сафедаш баҳра наёфта? Зебоию назокат, муҳаббату самимият ва оғози зиндагӣ аз каломи ҷонафзои модар сарчашма мегиранд. Модар ҳамеша дар фарҳанги ҷомеаҳои башарӣ ситоишу тамҷид шудааст. Аз ин рӯ, тӯли таърих аз Ватану замин низ ба номи Модар, Модар-Ватан ва Модар-Замин ёд шудааст. Мушоҳида мешавад, ки ҳатто Ватану Замин низ эътибори худро аз Модар гирифта, бо омадани вожаи Модар пеши номи Ватану Замин, ба Ватану Замин аҳамият бахшида шудааст.
Устоде қисса мекунад, ки замони Иттиҳоди Шуравӣ мавзуи иншои довталабони ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар бораи модар буд. Вақте довталаб коғази иншои худро ба устоди имтиҳонгиранда супурд, устод дар ҳайрат монд. Дар он танҳо як калима навишта шуда буд: “Модар...”. Вақте устод аз довталаб далели онро пурсон шуд, шогирд гуфт: “Қалам оҷизӣ кард, андар ситоиши модар...” ва сахт гиря кард.
Модар умеди мо, такягоҳамон дар зиндагист. Зери ин панҷ ҳарф чи қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву хоксорӣ, садоқат ва дилбастагиву дилдодагӣ нуҳуфтаанд. Дар куҷое бошем, пеши чашмонамон симои ягона ва зебои ӯст. Дар тавсифу бузургияш солҳо мегӯянду менависанд, аммо дармеёбанд, ки ҳанӯз аз сад якеро нагуфтаанд. Чаро? Ба ин пурсиш Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ посухи сазовор гуфтааст:
Ҳақ ҳазорон санъату фан сохтаст,
То ки модар бар ту меҳр андохтаст.
Дили модар барои фарзанд ҷовидонтарин ҷойгоҳ аст, ҳатто дар рӯзгоре, ки мӯйҳои фарзандаш сафед бошанд. Хоки пойи модар хоки Ватан аст, ки онро аз тахти Сулаймон хуштару гаронтар гуфтаанд. Модар шарафу ифтихори мо буда, биҳишт зери қадамҳояш мебошад. Кӣ ба ҷуз модар ба ин шараф ноил гардидааст? Ҳеҷ кас! Хирадмандон ҳамеша ба қадри модар – ин фариштаи заминӣ расидаанд ва хоки пояшонро сурмаи чашмони худ кардаанд. Симои воқеии ӯро дар сухан нишон дода, номашро то ба фалак баровардаанду дар наздаш сари таъзим фуруд овардаанд.
Тавре медонем, бо амри Худо тамоми фариштаҳо назди Одам саҷда кардаанд. Ин далели он аст, ки худи инсон аз фаришта мақоми баландтар дорад. Пас, модар намунаи олие аз инсонҳои офаридаи Худост, ки набояд бо касеву чизе қиёс кард. Модар ягона мавҷудест, ки бо инояти Офаридгор офаранда аст – инсон ба дунё меорад, идомадиҳандаи насли башарият аст ва таълиму тарбиядиҳандаи тамоми нобиғаҳо. Дар радифи дигар модарон мо модари тоҷикро низ мадҳу ситоиш мекунем. Ӯ абармардону нобиғаҳои зиёдеро, мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ба дунё овардааст, ки дар рушди тамаддуни башар саҳми мондагор гузоштаанд.
Модар меҳрубонтарин инсон барои ҳар шахс буда, фарзанди худро бо дилсӯзиву бахшоиш дастгиру пуштибон аст. Модар ошиқ аст – ошиқи фарзанди хеш. Барояш аз парвариши фарзанд авлотар чизе нест, гӯиё ӯ баробари соҳиби ин номи муқаддас гаштан, на аз барои худ, балки баҳри фарзанд зиндагӣ мекунад. Хуш гуфтаанд: ӯ бо як даст гаҳвора, бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Ҷойи модарро касе гирифта наметавонад. Танҳо диле, ки дар он кина роҳ намеёбад, дили модар аст. Ба ҳеҷ фарзанд бадиеро намехоҳаду раво намебинад. Ҳазорон гуноҳи фарзандро мебахшаду боре онҳоро пешорӯи ӯ намеорад ва ҳаргиз аз ҷигарбандаш дил намеканад. Қадру манзалати модарро ҳамчу фарзанди асил бояд бишнохт.
Фарзанде, ки ҳурмати модарро донад, бо дуояш месабзаду хушбахт ва шуҳратёр мегардад. Рӯзе шахсе назди Расули акрам (с) омаду гуфт: «Ё расулаллоҳ (с), модари ман пир шудааст, бо дасти хеш нон дар даҳони вай мениҳам ва об медиҳам. Ӯро ба пушти худ мебардорам. Оё ҳаққи фарзандии худро адо кардаам?». Паёмбар гуфтанд: «Аз сад якеро ба ҷо наовардаӣ, аммо Худованд туро савоби бисёр медиҳад».
Кас ба қадри модар ҳар қадар калонтар шавад, ҳамон андоза бештар мерасад. Дарк мекунад, ки барояш аз модар дида, азизтар шахсе дар дунё нест. Ба гуфтаи шоири амрикоии асри XIX Ҷеймс Рассел, дар ҷаҳон «академияе беҳтар аз оғӯши модар нест». Дар ҳақиқат, бидуни эътирофи нақши модарон ва арҷгузорӣ ба заҳмати онҳо, ҳалли масъалаҳои марбут ба пойдории оила, ки асоси рушди маънавиёти ҷомеа мебошад, имкон надорад.
Модар бо меҳру муҳаббати беандоза ва навозишҳои гарму самимӣ нахустин сабақҳои маънавию ахлоқиро, ки инсониятро зина ба зина ба сӯи камолот ва одамият раҳнамун мегардонад, дар замири кӯчаку поку беолоиши тифлони хеш ҷой медиҳад. Забони модар ба ҳадде пурмеҳру муҳаббат ва ширину гуворост, ки ҳар сухан аз он мисли қатраҳои оби ҳаёт пош хӯрда, дилҳои ташнаро шодоб месозад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошии худ бахшида ба Рӯзи модар, соли 2020 гуфта буданд: “Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем. Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки мафҳумҳои муқаддаси “Модар” ва “Ватан” бо ҳам тавъам буда, фарзандони ватандӯстро маҳз модар ба дунё меорад ва муҳаббати Ватанро бо шири сапед дар вуҷуди фарзанди худ ҷой мекунад”.
Одатан, кӯдакон аз модар доштан ифтихор мекунанду аз сифатҳои беҳтарини ӯ сухан мегӯянд. Дар ҳақиқат, онҳо ягона муттакои зиндагӣ будани модарро бо ҳамон шуури кӯдаконаашон беҳтар эҳсос менамоянд. Агарчи талош ва саргармиҳои зиндагӣ давоми умр думболагир бошанд ҳам, эҳсоси дӯст доштани модар дар ягон синну сол ҳаргиз вуҷуди инсонро тарк нахоҳад кард.
Ҳамаи муваффақияту комёбии худро дар ҳаёт аз модарам медонам. Зеро маҳз заҳматҳо ва тарбияи дурусти модарам буд, ки дар зиндагӣ самти дурустро интихоб намудам. Дар назари ҳар тифл маҳз модари ӯ зеботарин зани дунёст. Модари ман, воқеан ҳам, зани зебо бо кокулони дароз, абрувони сиёҳ ва андоми резаву ҳаракоти нафисе буд. Модари азизам Садбарг Қурбонова, ки аз оилаи омӯзгоранд, китобхону китобдӯстанд. Ёдам ҳаст, ки сари гаҳвора китобхонон хобаш мебурд. Аз китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик” ба мо афсона мегуфт. Асарҳои “Ятим”, “Одина”, “Дохунда”-и устод Садриддин Айнӣ, “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзода, “Вафо”-и Фотеҳ Ниёзиро ба такрор мутолиа мекард. Нақлҳояшон гуворову дилнишинанд ва мо – фарзандонро сахт мутаваҷҷеҳ мегардонд.
Бо он ки Офтоб набаромада ба саҳро мерафту баъд аз ғуруби он ба хона бармегашт, хонаву дар ва ҳавлии мо ҳамеша тозаву озода буданд. Шабошаб хамир шӯрида нон мепӯхт, либос шуста ба тор меовехту субҳи солеҳон онҳоро дарзмол карда, ба ҷевон мегузошт. Ҳамеша дар дегаш «дами гарм» ёфт мешуд. Таъми хӯроки пухтаи модарам дигар аст. Бо ин ҳама серкорӣ обчакорӣ ва гулу гулкориро хеле дӯст медорад. То ҳол аз куҷое баргардад, дар як гӯшаи рӯймолаш ҳатман тухми гулу гиёҳи ороишиеро бо худ меорад. Ҳар бор ки ба ҳавлӣ дарояму ӯро бинам, хаёлам манзили ман ободтарину зеботарин макони дунёст. Гӯё ба кохи шоҳона ворид шудаам. Чун пештара серкор аст. Гоҳо ӯро миёни пали пиёзу гашниз машғули хишова мебинаму гоҳ миёни гулҳо. Бо ҳавас хамир тунук карданҳояшро дӯст дорам. Акнун ба ҷои ман аз дер омаданҳои набераҳо дар ташвиш асту то дер роҳи онҳоро мепояд.
Модаронро фариштаҳои заминӣ мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Ман инро дар мисоли модари худ дарёфтаам. Агар фаришта ҳам ҳаст, фариштаи нигаҳбон аст. Мисли адибон дуои шоирона намегӯяд, вале ҳарчи ба забон меорад, аз самими қалб аст. Шоиронаву шевост ва маро дар зиндагӣ ягона пушту паноҳ ҳамин дуои неки ӯст. Ростӣ, Ватанро бо ту бишнохтам, ту бо муҳаббати бепоён ишқи Меҳанро ба дилам ҷо кардӣ, ту мегуфтӣ: «Писари ягонаам, хонда дунёро бин, ин диёри мо калон аст, аз ҳама ҷои он ёру дӯст ёб, ин хоку об хоку оби ҳазорон писароне чун ту ҳам аст». Ин аст, ки шоир фармуда:
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсон аст. Мо ҳамон вақт ба пирӯзӣ ноил мегардем, ки дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ бирасем. Модар, ин меҳрнома як чашмандози кӯчаку камранге аст, ки бароят навиштаам ва хеле шармсорам, яъне ба қавле мушобеҳи мӯрчае ҳастам, ки пеши Сулаймон пойи малах оварда. Умрат дароз бод, Худованд имкон диҳад, то мо такрор ба такрор дар хидмати ту бошем! Эй муниртарин чеҳрае, ки Ватанро ба ёдам меоварӣ!
Кароматулло АТО,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00