Дастоварди бузурги Истиқлол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 51
Арзишмандтарин дастовард дар охири асри гузашта барои миллати сарбаланди тоҷик, ин ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва барқарор кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлол барои мо-мардуми кишвар, пеш аз ҳама, тинҷию оромӣ, ваҳдати сартосарӣ, муттаҳидӣ ва сарҷамъию ягонагиро таъмин намуда, шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро барои мардуми кишварамон фароҳам овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян карда, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овар-дааст, яке аз дастовардҳои
муҳимтарини мо мебошад».
Яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи таъмини рушди устувору бомароми аксари давлатҳои ҷаҳон дар шароити муосир - амалишавии кафолати санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тавассути таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия ба шумор меравад.
Яке аз дастоварди даврони соҳибихтиёрӣ дар самти танзимнамоии муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони озоду мустақил ба шумор меравад. Имсол аз қабули ин санади ҳуқуқӣ 30 сол пур мешавад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ҷашнвораҳои муҳими сиёсӣ ва таърихии миллат аз қабили Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи хоса дошта, қонуни асосии давлат ва ҷамъият, ҳуҷҷати муқаддаси давлати соҳибихтиёр ва танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд ва барои ҳар як инсон ша-роити хуби зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат дод.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарурат пеш омад, ки бо мақсади аз лиҳози ҳуқуқӣ мустаҳкам намудани соҳибистиқлолии кишвар, Конститутсияи нави худро таҳия ва қабул намояд. Дар қабули аввалин Конститутсияи солҳои истиқлол нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи кишвар назаррас мебошад.
Чунки мардуми Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ бевосита бори аввал тариқи иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳадафҳои давлатдории миллии худро дар меъёрҳои қонуни асосии давлат, яъне Конститутсия муқаррар намуданд. Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон сохти конститутсионӣ барқарор гардида, истилоҳи конститутсионӣ оғоз ёфт ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи кишвар қабул гардид.
Арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инчунин кафолати ҳифзи онҳо нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аст, ки Тоҷикистон онро дар сатҳи қонуни асосии худ муқаррар намудааст.
Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои шинохти мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз диди тоза назар андохта, онҳоро болотар аз ҳар арзиши дигар эътироф намуд. Бояд қайд кард, ки шинохти инсон ҳамчун арзиши олӣ дар анъанаҳои афкори ҳуқуқии ниёгони мо низ ҷойгоҳи сазовор касб намуда, дар низоми ҳукуқии имрӯза ба таври арзан-да ва сазовор инъикос ёфтааст. Аз ин муқаррароти Конститутсия бармеояд, ки ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона шуда, ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад.
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 иқдоми саривақтӣ ва муҳим барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон мебо-шад. Стратегияи мазкур ҳадафҳо, самтҳо ва афзалияти асосиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои 15 соли оянда муайян менамояд. Яке аз сабабҳои таъхирнопазири қабули чунин стратегия - зарурати таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мебошад. Ин таъмини ҳуқуқу озодиҳои баробари ҳамаи шаҳрвандон, ҳимоя аз табъиз, зӯроварӣ ва дигар намуди поймолкунии ҳуқуқи инсонро дар бар мегирад.
Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 оварда шудааст: «Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Заминаи асосии ба роҳ мондан ва ташаккул додани низоми давла-тии ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эълон гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол
мебошанд».
Гуфтан ба маврид аст, ки «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026» бо дарназардошти марҳилаи чоруми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2024 такмил дода шуда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия шудааст. Қабули санадҳо ва барномаҳои давлатӣ дар самти татбиқи самарабахши сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон равона гардидааст.
Табиист, ки эҳтироми Конститутсияи кишвар, ин эҳтироми миллату давлат буда, тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои он мо қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо хоҳем кард. Бинобар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Эмомалӣ НАБИЗОДА, унвонҷӯйи ДДБ ба номи Носири Хусра
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...