САРЧАШМАИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 67
Бояд гуфт, ки имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол сипарӣ мешавад ва он дар таъмини Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, озодию ободӣ ва амну осоиши кишвар нақши муҳим гузоштааст. Бахшида ба ин санаи таърихӣ ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқию конститутсионии шаҳрвандон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Маърифати ҳуқуқӣ азомӯзиши мазмуну моҳият ва мақсаду вазифаҳои Конститутсия сарчашма мегирад.
Аз ин лиҳоз, дар соҳаи илму маорифи кишвар ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, таълими илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва сиёсати давлатӣ тадбирҳои судманд андешида шудааст. Яке аз масъалаҳои мубрами муассисаҳои қонунбарор ва таълимии кишвар таҳия, қабул ва тасдиқ гардидани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, барномаву китобҳои дарсӣ, чорабиниҳои илмӣ ва озмуну олимпиадаҳомебошанд.
Аз ҷониби дигар, татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба шумор меравад. Консеп-сияи миллии тарбия, ки дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, сиёсати дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, муайян менамояд. Вазифаҳои тарбияи ҳуқуқӣ ва мазмуни он дар Консепсияи миллии тарбия чунин шарҳ дода шудааст: «Тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули дарки ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон дар назди давлат ва ҷомеа мебошад.
Таркиби он мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди дигари меъёрии ҳуқуқии кишвар чунин муайян гардидааст: Ҳуқуқи зиндагӣ, ҳуқуқи таҳсил ва таълиму тарбия, ҳуқуқи пуштибонии ҷамъият, ҳуқуқи гирифта-ни иттилоот дар бораи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқи озодии сухан, ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва райъпурсӣ, интихоб шудан ва интихоб кардан, ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ ва истифода аз дастовардҳои фарҳангӣ, ҳуқуқи иштирок дар идораи давлат, ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқи истироҳат, ҳуқуқи шаҳрвандии кишвар, ҳуқуқи мусофират ва баргаштан, ҳуқуқи кафолати ҳимояи судӣ, ҳуқуқи манзил, ҳуқуқ ба моликият ва мерос гузоштан, ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқи ташкили оила, ҳуқуқи ақидаи шахсӣ, ҳуқуқи эътиқод»-ро дар бар мегирад. Ҳар як шахс аз ҳуқуқҳои пешниҳодшуда истифода намуда, кору фаъолият ва зиндагии шоистаро ба роҳ мемонад.
Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон кафили сулҳу субот ва сарҷамъию ягонагии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Зимни тарбияи дурусти ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот, рушди сиёсату иқтисодиёт, варзиш, илму фарҳанг ва пешрафту тараққиёти кишвар боз ҳам баландтар мегардад.
Салоҳиддин ТӮРАХОНОВ,
омӯзгор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...