Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
Ташкилоти ҷамъиятии "Ғамхорӣ" соли 1996 аз ҷониби гурӯҳи кормандони соҳаи тиб ва омӯзгорон ба хотири дастгирӣ кардани аҳолии камбизоат созмон дода шудааст.
Мақсад ва ҳадафи Ташкилоти ҷамъиятии "Ғамхорӣ" ин баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии мардум бо роҳи беҳтаргардонии маънавиёти аҳолӣ, омӯзиш ва кумак дар соҳаи тиб, кишоварзӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳамкориҳои натиҷабахш бо муассисаҳои давлатии нигоҳдории тандурустӣ ва маориф буда, ҳама гуна шароити муфиду судмандро баҳри иҷрои ин гуна амалҳои хайрхоҳона равона мегардонад.
Ташкилоти ҷамъиятии "Ғамхорӣ" дар муддати 21 соли фаъолияти пурсамар новобаста аз вазъияти душвори ҷаҳон бо тарғиб ва ҷалби сарпарастон зиёда аз 100 лоиҳаи хурду бузургро дар самти сафарбаркунии аҳолии вилояти Хатлон барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тарбияи аҳолӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, паст кардани сатҳи хушунати хонаводагӣ, ташкили чораҳои мутобиқшавӣ дар робита бо тағйирёбии иқлим, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, муҳоҷирати меҳнатӣ, кор бо маъюбон, эҷод ва таҳкими кумитаҳои маҳаллӣ (MC), гурӯҳи худидоракунӣ (SHG) ва гурӯҳи ташаббускорон барои рушди деҳа, пешгирии касалиҳои ВИЧ/СПИД, сил, санитарияи об, вараҷа, домана, кор бо кӯдакони имконияташон маҳдуд, таҳқиқоти иҷтимоии иқтисодӣ, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ ва омӯзиши касбҳои гуногун барои занон амалӣ гардонидааст.
-Намояндагони ташкилоти ҷамъиятии"Ғамхорӣ" бори аввал дар деҳаи мо як гурӯҳи худ-ёрирасонро аз байни оилаҳои камбизоат интихоб ва ташкил намуданд. Барои як қисми аъзои гурӯҳ маблағ барои ташкили фаъолияти фоиданок ва барои қисми дигари гурӯҳ масолеҳи сохтмонӣ барои сохтани гармхона харидорӣ ва дастрас намуданд. Ба ғайр аз ин, бо дастгирии ҳамин барнома 50 кг тухмии картошка ба баҳрагирандагони барнома тақсим карданд. Дар гармхонаҳо мо кӯчати помидор ва бодиринг парвариш карда, маҳсулоти барвақтӣ мегирем ва ба бозор бароварда мефурӯшем. Ин гурӯҳ на танҳо барои ман, балки барои дигар занони деҳа кумакҳои моливу пулӣ расонидаанд, - изҳор дошт, Шамсихон Файзова, сокини деҳаи Шаҳристони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.
Гурӯҳҳои Ташкилоти ҷамъиятии "Ғамхорӣ" аз рӯи барномаи амалкунанда дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва Кӯшониён фаъолият дошта, аз 75 нафар иборат мебошанд. Ташкилоти ҷамъиятӣ ба ин гурӯҳҳо маблағ ҷудо менамоянд.
Бо истифода аз маблағҳо аъзои гурӯҳ барои ба роҳ мондани тиҷорат ва беҳгардонии зиндагӣ ба соҳибкорӣ машғул мешаванд.
Ширин Ғафурова, соҳиб-корзани муваффақ дар деҳаи Шаҳристон буда, соҳаи чорводориро интихоб кардааст. Айни замон, ӯ ба савдои шир, чаккаву ҷурғот машғул аст. Маҳз бо дастгириву кумакҳои Ташкилоти ҷамъиятии "Ғамхорӣ" вазъи зиндагиаш хубтару беҳтар гардидааст. - Худованд ба чунин шахсон баракат диҳад, ки мушкилоти зиндагиашон тавассути кумаки онҳо осон шуд. Умед дорем, бо дигар шахсони камбизоат низ дасти мадади хешро мерасонанд, - мегӯяд Ширин.
Саодат Идиева дар суҳбат гуфт: "Чандин маротиба ташкилоти "Ғамхорӣ" ба мо кумак кардааст. Соли гузашта бо маблағгузории ташкилоти Бун-ёди мадад ва дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ”-и вилояти Хатлон як гармхона дар замини наздиҳавлигӣ бунёд кардам, ки дар он қариб ҳамаи намуди зироатро коштаам. Аз ҳамин ҳисоб зиндагиамро пеш бурда истодаам. Ният дорам, ки дар оянда аз фоидаи бадаст-оварда майдони гармхонаро васеъ кунам".
Дар ҷараёни фаъолияти худ ТҶ "Ғамхорӣ" якҷоя бо муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бисёр лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намуд. Шарикони бахши давлатии ТҶ "Ғамхорӣ": Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақо-моти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва навоҳӣ, ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳаллӣ, нашрияҳои “Новый Хатлон”, “Набзи Бохтар”, “Чархи Гардун”, “Авиценна”, телевизиони минтақавӣ ва шаҳрӣ мебошанд.
Барномае, ки айни ҳол бо дастгирии шуъбаи ташкилоти байналмилиалии институти Ҷамъияти кушодаи “Бунёди Мадад” дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, ин “Мусоидат дар беҳтар намудани имкониятҳои иҷтимоӣ-иқтисодии гурӯҳҳои осебпазир тавассути рушди худфаъолиятӣ” мебошад.
Вазифаи асосии барномаи муҳлатноки ташкилот, ки то 4 апрели соли 2021 давом мекунад, таъсиси муҳити мусоид дар байни 75 оилаи осебпазир, ки аз оқибатҳои пандемия зарар дидаанд, тавассути грантҳо барои эҷод ва рушди фаъолияти фоиданок буда, инчунин, воридшавӣ ба бозор, роҳҳо ва фурӯши маҳсулоти худ ва ҷалби муштарӣ бо роҳи ташкили саҳифа дар шабакаи интернетро дарбар мегирад.
- Айни замон ҳар як гурӯҳ дар шабакаи интернетии Фейсбук саҳифаи худро бо номи "Гурӯҳи фаъолияти фоидаовар" таъсис додаанд. Ин охирин иқдоми барномаи ташкилоти "Ғамхорӣ" набуда, балки, дар оянда низ тариқи ҷудо кардани грантҳои калони мақсаднок ба мардум мадад хоҳад расонд. Бо дастгирӣ ва фаъолияти ташкилот баҳрабарандагони лоиҳа сатҳи иқтисодии зиндагиро тавассути ташкил ва фаъолияти фоиданок (сохтани гармхонаҳо, ташкили фонди тухмӣ, тиҷорати хурд ва ғ.), дарёфти ҷойҳои корӣ дар сатҳи маҳал, баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи кишоварзӣ метавонанд баланд бардоранд. Онҳо дар бораи таъсис ва рушди фаъолияти тиҷорати хурд маълумоти муфассал гирифта, огаҳии худро оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ баланд бардоштаанд.
- Гарчанде ки грантҳои хурди Фонди бунёди мадад кӯтоҳмуддат мебошанд, онҳо дар рушд ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Тоҷикистон саҳми назаррас доранд,-мегӯяд М. Яхшибеков, менеҷери лоиҳа.
Фирдавс УМАРОВ,
"Хатлон"
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.