Бибиам мегӯяд...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 378
Бибиам мегӯяд: “Ман бобоятро надида, бо он кас издивоҷ кардам. Намедонистам, ки сиёҳ аст ё сафед, баланд аст ё паст, ақаллан зидди падару модарам набаромадам, ки ман бо ӯ хонадор намешавам.
Шукр, ки имрӯз соҳиби 7 фарзанду 18 набера ҳастам. Ба ту бошад, бисту панҷ хостгор омад, қабул накардӣ, бисту шашумашро, ки ҳама шароиташ муҳайё аст, “сабзина” гӯён ноз карда гаштаӣ. Эй духтар, пир мешавӣ, бе шавҳар мемонӣ!»
Бибиам мегӯяд: “Солҳои ҷавониам саҳар хеста, 14 говро ҷӯшида, ба пода ҳамроҳ карда, ширро пухта, таппак карда, хонаву ҳавлиҳоро рӯфта, субҳона омода мекардам, ки нав теғи офтоб аз паси кӯҳ пайдо мешуд, боз субҳонаи одӣ не, ширбиринҷ, ширкаду ё тухмбирёне, ки шумо «амлет» мегӯед. Ту бошӣ, соати 9 аз хоб хеста, дасту рӯй ношуста, аввал дар телефонат «сториз» карда мегӯйӣ, ки имрӯз чи қадар барвақт хестам. О, танбале!»
Бибиам мегӯяд: «Офтобаву дегу табақҳоро бо хокистар мешустам, ялаққос мезад, ту бошӣ бо «фери» ва агар он набошад, дастатро ба дегу табақ намезанӣ.
Саҳар ба рӯям шири навҷӯшида молида, ба қошам ӯсма мекашидам, бобоят зебоиямро дида, аз рашки зиёд намемонд аз дарвоза бароям. Дар назди оинаи ту ғайр аз «шири мурғу ҷони одам» дигар ҳама чиз ҳаст, аммо агар саҳар туро бе ороиш бинам, дилам тез-тез зада, фишорам баланд мешавад. Ба духтур рафтам, ӯ мегӯяд: «Хола, шумо ягон мушкилии тиббӣ надоред, шояд ба мулло муроҷиат кунед?».
«Эй духтар, гапҳома шӯхӣ бардошт накун, собун ва хокаҳои либосшӯйӣ набуд, мо либосҳоро панҷ обу шаш об мешустем, то чиркаш тоза шавад. Туву модарат чунон танбалед, ки як дастгоҳро овардаед, «стиралка» мегӯед, бо ҳамон либосҳоятонро мешӯед. Куртаи хоматласи ман, ки аз хушдомани раҳматиам ёдгор монда буд, ба фикрам, дар ҳамон андохтед, ки чарчин задааст, ба гумонам, онро дигар пӯшида намешавад. Инаш дарди ба хайр, ақаллан чиркаш дигар нашудааст. Беҳтараш куртаҳои маро тоза нашӯед, онҳоро худам мешӯям, табъам куртаи шустаи «мошинкатона» намебардорад».
«Мо-занон ба кори колхоз мебаромадем, бача тарбият мекардем, зиндагиро саришта менамудем. Ту фикр мекунӣ, ки бобоят чи хеле, ки бо шумо меҳрубон аст, бо ман ҳам ҳамин тавр буд? Не, хато мекунӣ. Аммо ман дар баробари ҳамаи мушкилоти зиндагӣ кӯшиш кардам, то оилаамро мустаҳкаму пойдор нигоҳ дорам. Ба ҷавонони имрӯзаи мо аз бинӣ боло гап зада намешавад. Бемулоҳиза, корро ба самти талоқ мекашанд. Охир ҳамон хушдомани бечорае, ки шумо имрӯз вайро дар дилатон ҳазорон лақаб мегузореду масхара мекунед, рост мегӯяд».
«Дар замони шӯравӣ куртаву почаи атлас пӯшида, ба ҷашнҳо мерафтем. Намояндагони дигар давлатҳо моро дида, даҳонашон боз мемонд. Имрӯза либосҳое, ки шумо мепӯшед, умуман зеби як духтари тоҷик нест. Худо гирад ҳамон сериалҳои туркиву «истаграм»-у дигару дигарашро.
Магар ба фарҳанги бегона пайравӣ кардан ба духтари тоҷик мезебад? Не, албатта! Ман акнун дидам, ки духтари кӯҳистонӣ “мӯд” гӯён брюки ҷинс пӯшад, тавба, тавба, алҳазар!»
Бибиам боз мегӯяд: “Ҳамаи инҳо майлаш, аз ҳама кори бадтари шумо исрофкорӣ аст. Барои мо нон ҳам нон буду нонреза ҳам нон. Имрӯз нону нонпораҳо дар рӯйи замин партофтагӣ. Очат нон пухта наметавонист.
Ман нон мепухтам, ончунон ҷило медод, ки оина лозим набуд, то худатро бинӣ. Як рӯз пас хамир мекардам, як бурда нонро намепартофтам. Замони сериву пурӣ омадаасту шумо ба қадри нон намерасед. Ҳама чизро сарфакорона истифода бар, бачам, дарсата хон, мон ҳамон телефони зормондаро, аз вай ба ту ягон фоида нест...
Баъди насиҳати бибӣ ба хулосае омадам, ки рост мегӯяд, бояд пайрави ӯ бошам.
Фирӯза Бобозода,
донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...