Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
Соли 1994. Дар солҳои соҳибистиқлолии худ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатхои зиёди хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ равобити мутақобилаи судмандро ба роҳ монда буд, ки яке аз онҳо Созмони Амният ва Ҳамкориҳо дар Аврупо (САҲА) мебошад. Созмони мазкур аз 19 феврали соли 1994 дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ кард. Дертар панҷ дафтари саҳроии САҲА дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, шаҳраки Ғарм ва ноҳияи Шаҳритус ба кор оғоз намуданд, ки вазифаи онҳо мусоидат ба иҷрои қарордоди сулҳи байни тоҷикон ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандии гурезагон буд.
Дар вилояти Хатлон, ин минтақаи бештар аз ҳама зарардидаи Тоҷикистон барои корҳои барқароркунӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардид ва бо ин роҳ иншоотҳои вайронгардида аз нав барқарор мегардиданд.
Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамешагӣ ҳимояту боварии худро дар суханрониҳояш нисбати неруи созандаи ҷамъият-ҷавонон изҳор медошт, ки оянда ин қувва маҳаки асосии пешравии ҷомеа будани худро нишон дод. Аз ҷумла, 17 марти соли 1994 дар нахустанҷумани Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон муҳимтарин муаммову проблемаҳои ҳаёти ҷавононро баррасӣ намуданд. Ин вохӯриҳо рамзи ояндасозиву ояндабинӣ ва дарки рисолати баланди ҷомеашиносӣ, инсонгароӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонони кишвар гардид.
Дар ин давра бештар аз ҳама давлати Россия мекӯшид, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон сулҳу салоҳ барқарор гардад. Ба ин хотир, ҳанӯз моҳи августи соли 1993 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва роҳбарияти Россия хостори ҳатмии гуфтушуниди байни Ҳукумати Тоҷикистон ва оппозитсия шуданд. Ногуфта намонад, ки дастаҳои марзбонони Россия ҳанӯз дар сарҳадҳои Тоҷикистон қарор доштанд. Дар ин миён, мухолифин 13 июли соли 1994 ба дастаи марзбонон ҳуҷум карданд ва дар ин набард зиёда аз 20 нафар сарҳадбонони рус кушта шуданд. Баъди ин, ҷониби Россия дар Теҳрон бо роҳбарони Наҳзатии исломии Тоҷикистон вохӯрда, зарурати бегуфтугӯи сулҳи тоҷиконро ба миён гузошт. Бо ҳамин тақозо худи ҳамон сол байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин 3 маротиба музокирот ба амал омад. Охиринаш дар Исломобод бо имзои санади «Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар» ба вуқӯъ пайваст, ки онро метавон асоси сулҳи тоҷикон ва шарти сулҳ дар Тоҷикистон номид. Раванди иҷрои ҳар банди созишномаи тарафҳоро СММ бевосита назорат мебурд. Дар ин миён ҳазорҳо нафар гурезагони иҷборӣ ба ватан бармегаштанд.
Дар мамлакат, акнун ба ҷои содироти ғалладонагиву дигар маҳсулоти кишоварзӣ зарурати аз хориҷ харид кардани он пеш омада буд. Бинобар паст рафтани қурби пули «союз»-ӣ, ки ҷойи онро асъори нави ба муомилот баровардашудаи рубли русӣ, мансуб ба Федератсияи Россия, гирифта буд, он ҳам чандон беҳбудӣ наовард. Аз норасоии пули нақд дар муомилоти хариду фурӯш, лозим донистанд чекҳои муҳосибиро баробари ҳисоббаробаркунӣ дар бонкҳо дар мағозаҳо низ қабул намоянд. Ин маънои онро дошт, ки дер ё зуд роҳҳои дигари беҳбудталабии вазъи иҷтимоӣ андешида шавад. Зеро истеҳсоли маҳсулоти маводи аввалиндараҷа дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта буд.
Чуноне ки дар боло зикр рафт, вобаста ба тақозои ҳаёт ва сохтори давлатдории навин дар Тоҷикистон дигаргуниҳо дар самтҳои нави пешбарандаи ҳаёт, аз ҷумла мақоми президентӣ бояд роҳандозӣ шавад. 7 сентябр дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матни Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - шеъри Гулназар Келдӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков қабул гардид. Шӯрои Олии Тоҷикистон, ҳамчунин, баъди рафъи даъвоҳои беасоси оппозитсиун интихоботи президентиро 6-уми ноябр муайян намуд.
Натиҷаи раъйдиҳӣ нишон дод, ки Эмомалӣ Раҳмон бо барномаи ояндасози худ-муттаҳид сохтани ҳамаи халқҳои Тоҷикистон сарфи назар аз маҳаллу миллату мазҳаб, бо гирифтани бештари овозҳо Президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ҳамин маврид Қонуни нави асосӣ - Конс-титутсия қабул гардид, ки дар моддаи 1-и он омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда. барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Худи ҳамин сол дар дар Тоҷикистон 680-солагии зод-рӯзи олим, мутафаккир, шоир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бошукӯҳ таҷлил гардид. Чун рамзи эҳтиром ба ин орифи машриқзамин, баъдан, дар яке аз муқаддасоти давлатдорӣ-асъори миллӣ (10 сомонӣ) акси ӯ бо ин абёти машҳури пандгаронааш сабт гардид:
Ҳар кӣ моро ёд кард,
эзид мар-ӯро ёд бод,
Ҳар кӣ моро хор кард аз
умр бархӯрдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре
фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш
бишкуфад, бехор бод!..
Мушкилиҳо ҳанӯз зиёд буданд. Аммо роҳбарияти кишвари тозаистиқлол, ки бунёд сохтани давлати демократӣ, соҳибихтиёр, дунявӣ, ҳуқуқ-бунёд ва ягона, гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ва комёб шудан ба ваҳдати миллиро ҳадафи асосии худ қарор дода буд, дар роҳи расидан ба ин аҳдоф собитқадамона пеш мерафт.
Ахиран, худи ҳамин сол яке аз азҳоби дардошнои мардум, имрӯз ба ҳайси ҳизби пешбаранда шинохташудаи сиёсӣ-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт...
Исматуллои Гули ОЛИМ
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.